Читайте также:
|
|
Њуќуќи мењнатї на танњо њамчун соњаи мустаќили њуќуќ, балки њамчун яке бахшњои илмї њуќуќї мањсуб шуда, амсоли онњо дорои предмет, услуб ва системаи ба худ хос мебошад.
Предмети њуќуќи мењнатї њамчун соњаи њуќуќ аз муносибатњои љамъиятии мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд иборат аст, ки мавриди танзими ин соњаи њуќуќ ќарор доранд. Дар тафовут аз предмети њуќуќи мењнатї њамчун соњаи њуќуќи Љумњурии Тољикистон, предмети њуќуќи мењнатї ба њайси як бахши илми њуќуќї на мавриди танзим, балки мавриди омўзиш ва пажўњиш, ќарор мегирад.
Предмети илми њуќуќи мењнатї аз предмети њуќуќи мењнатї њамчун соњаи њуќуќ васеътар буда, на танњо муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алаќаманд, инчунин меъёрњои њуќуќи мењнатї дар маљмўъ ва дар алоњидагї, робитаи меъёрњои њуќуќи мењнатї ва илм, масоили самаранокии амали ќонунгузории мењнатї, ќонунгузории мењнатии мамолики хориљї, санадњои меъёрї-њуќуќии миллї ва байналмилалї, тамоюли инкишофи минбаъдаи ќонунгузории мењнатї ва дигар масъалањоро дарбар мегирад.
Мањз тавассути омўзиш ва пажўњиши њамаљонибаи масъалањои зикршуда, дарки амиќи онњо, дар хусуси самаранокии меъёрњои њуќуќи мењнатї, ноил гаштан ба њадаф ва вазоифи дар наз-ди ќонунгузорї ќарордошта, зарурати ќабули санадњои дахлдори меъёрї хулоса бардошта имконпазир аст.
Амин тавр, илми њуќуќи мењнатї гуфта, маљмўи донишњои андўхта оид ба танзими њуќуќии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд, тарзу василањои комёбшавї ба танзими босамари њуќуќї ва пешнињодотро бањри такмили меъёрњои дахлдори њуќуќї меноманд.
Азбаски фаъолияти илмї ќабл аз њама љараёни дарки воќеият мебошад, пас њамагуна пажўњиши илмї на танњо муайян намудани предмети пажўњиш, инчунин интихобу мавриди истифода ќарор додани тарзу воситањои пажўњиши ин ё он масоили илмї-тадќиќотиро таќозо менамояд, ки услубњои пажўњиши илмї ном гирифтаанд. Дар љараёни пажўњишу тадќиќоти падида, њаводис ва зуњуротњои гуногун, аз љумла падидаю њаводиси њукуќї аз ду услуб, яъне услуби умумиилмї (фалсафї) ва услубњои хусусиилмї истифода мешавад.
Услуби дарки њаводис, падида ва зуњурот танњо дар сурате илман боэътибод эътироф мегардад, агар он ќонунњои объективии њастии љамъиятиро таљассум намояд. Аз ин рў, илми њуќуќи мењнатї бояд ба дарку фањмиши материалистии олам, аз љумла дарку фањмиши материалистии муносибатњои љамъиятї такя намояд. Дар њама маврид њаводис, падида ва зуњуроту равандњои њуќуќи мењнатї бояд бо дарназардошти шароити мушаххаси таърихї, ќонуниятњо ва тамоюли инкишофи онњо ва њамзамон бо ошкор намудани мухолифату таззодњо дар раванди инкишофи чунин падидаю њаводис омўхта шаванд.
Дар баробари услуби умумиилмї (фалсафї), илми њуќуќи мењнатї аз услубњои хусусии илмї низ фаровон истифода менамояд, чунончї: услуби њуќуќшиносии муќоисавї; услуби тањлили њуќуќї ва комплексї; услуби тадќиќоти сотсиологї; услуби хулосабардорї ва ѓайра.
Услуби муќоисавї имкон фароњам месозад, то танзими њуќуќии муносибатњои мењнатии мамолики гуногун ташбењ ва бањогузорї гарданд. Услуби тањлили комплексї бошад, њаллу фасли вазифањои пешгузаштаро аз нигоњи на як, балки якчанд соњаи илм дар назар дорад, масалан илми њуќуќи гражданї, маъмурї, таъминоти иљтимої ва ѓайра.
Системаи илми њуќуќи мењнатї мушобењи системаи њуќуќи мењнатї њамчун соњаи њуќуќ ва ќонунгузорї набуда, аз онњо тафовути љиддї дорад. Системаи илми њуќуќи мењнатї таснифи илман асосноки на танњо меъёрњои њуќуќї, инчунин системаи дахлдори аќидњо, нуќоти назари илмї, мулоњиза ва хулосаю љамъбаст оид ба масоили танзими њуќуќии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд мебошад. Системаи њукуќи мењнатї њамчун соњаи њуќуќ бошад, танњо аз маљмўи меъёрњои њуќуќї ва системаи ќонунгузории – мењнатї бошад, аз маљмўи санадњои њуќуќии меъёрие иборат аст, ки меъёрњои њуќуќии мењнатиро дар худ таљассум менамоянд.
Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 59 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Системаи њуќуќи мењнатї њамчун | | | Уќуќи мењнатї |