Читайте также: |
|
(Гурӯҳҳо)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. ҳаройна, Худо донову ҳаким аст!
2.Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, итоъат кун. Албатта, Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.
3.Ва бар Худо таваккул кун, зеро Худо корсозиро басанда аст.
4.Худо дар даруни ҳеҷ марде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед2, модаронатон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандатон насохт. Инҳо суханонест, ки ба забон мегӯед. Ва Худованд ҳақ мегӯяд ва ӯст, ки роҳ менамояд.
5.Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
6.Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ3аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Бошад ин ҳукм дар китоби Худо навишташуда.
7.Ва (ба ёд ор), он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем,
8.то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст.
9. Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст, ёд кунед, ба он ҳангом, ки лашкарҳо бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем ва Худо ба он чӣ мекардед, бино буд!
10. (Ба хотир биёред), он гоҳро, ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуданд ва ҷонҳо ба лаб расида буданд ва ба (ваъдаи) Худо гумонҳои гуногун мебурдед.
11. Дар он, ҳангом, мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва сахт такон хӯрданд!
12. Ва (ба ёд оред), замонеро, ки мунофиқон ва онҳое, ки дар дилашон беморист, мегуфтанд: «Худо ва паёмбараш ҷуз фиреб ба мо ваъдае надодаанд!»
13. Ва (ба ёд оваред), замонеро, ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд, мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд
14. Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоҳанд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва ҷуз андаке мӯҳлат раво нахоҳанд дошт.
15. Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард.
23. Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони хеш ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд.
24. То Худо ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон подош диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад ё тавбаи онҳоро бипазирад. Албатта, Худо омурзандаву меҳрубон аст!
25. Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо басанда аст. Зеро Худо пуртавону пирӯзманд аст!
26. Аз аҳли Китоб он гурӯҳро, ки ба ёриашон5 бархоста буданд, аз қалъаҳояшон фуруд овард ва дар дилҳояшон бим афканд. Гурӯҳеро куштед ва гурӯҳеро ба асорат гирифтед.
27. Худо замину хонаҳо ва амволашон ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ба шумо вогузошт. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!
28. Эй паёмбар, ба занонат бигӯ: «Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам
29. ва агар хоҳони Худову паёмбари ӯ ва сарои охират ҳастед, пас, ҳаройна, Худо ба некӯкоронатон подоше (мукофоте) бузург хоҳад дод.
30.Эй занони паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишти сазовори уқубат кунад, Худо азоби ӯро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст.
31. Ва ҳар кас аз шумо, ки фармонбардории Худо ва паёмбарашро давом диҳад ва кори шоиста кунад, ду баробар ба ӯ подош диҳем. Ва барои ӯ ризқе нек омода кардаем.
32. Эй занони паёмбар, шумо монанди дигар занон нестед, агар аз Худо битарсед. Пас, ба нармӣ сухан магӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигӯед.
33. Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт6, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад.
34. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад, ёд кунед. ҳаройна, Худо борикбину огоҳ аст!»
35. Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву ва занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, омурзиш ва музде бузург омода кардааст!
36. Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад, ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад, ҳар кӣ аз Худову паёмбараш нофармонӣ кунад сахт дар гумроҳӣ афтодааст.
37. Ва ту ва он мард, ки Худо неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худо битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро7, ки Худо ошкор сохт, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист.
38.Бар паёмбар дар анҷом додани он чӣ Худо ба ӯ муқаррар кардааст, ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Худо барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон.
39. Касоне, ки паёмҳои Худоро мерасонанд ва аз ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз ӯ наметарсанд, Худо барои ҳисоб кардани аъмолашон кофист!
40. Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. ӯ расули Худо ва хотами паёмбарон аст. Ва Худо ба ҳар чизе доност!
41. Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро фаровон ёд кунед!
42. Ва ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳаш гӯед!
43.ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дуруд (ки аз тарафи Худованд лутф ва раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон дуъои хайр) мефиристанд, то шуморо аз торикӣ (куфр ва гумроҳӣ) ба равшанӣ (имон ва ҳидоят) бибаранд, зеро Худованд бо мӯъминон меҳрубон аст!
44. Рӯзе, ки бо ӯ дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» Ва Худо барояшон подоше некӯ омода кардааст.
45. Эй паёмбар, мо туро фиристодем, то шоҳиду муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ!
46. Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи ӯ даъват кунӣ ва чароғе тобнок бошӣ!
47. Ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки аз сӯи Худо барояшон фазилате бузург омадааст!
48.Ба кофирону мунофиқон итоъат макун ва озорашонро вогузор ва бар Худо таваккул кун, ки Худо корсозиро басандааст!
49. Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас, ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин ваҷҳ раҳояшон кунед.
50. Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту арзонӣ додааст, молик шудаӣ ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъмине, ки агар худашро ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад, ӯро ба занӣ гирад. Ин ҳукм махсуси туст, на барои дигар мӯъминон. Мо медонем дар бораи занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
51. Аз занони худ ҳар киро хоҳӣ ба навбат муаххар (ақиб) дор ва ҳар киро хоҳӣ, бо худ нигаҳ дор. Ва агар аз онҳо, ки дур доштаӣ, якеро биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чӣ ба онҳо медиҳи, бояд, ки хушнуд гарданд8ва Худо медонад, ки дар дилҳои шумо чист. Ва Худост, ки донову бурдбор аст!
52. Баъд аз ин занон ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва низ зане ба ҷои онҳо ихтиёр кардан, ҳар чанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, магар он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Худо назораткунандаи ҳар чизест!
53.Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо фаро хонданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед. Албатта, ин корҳо паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо (барои гуфтани инҳо) шарм медорад. (зеро мизбон аст) Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо нарасад, ки паёмбари Худоро биёзоред ва на он ки занҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Худо гуноҳе бузург аст.
54.Агар чизеро ошкор кунед ё махфӣ доред, пас дар ҳар ҳол, Худо ба ҳар чизе огоҳ аст.
8. Зеро медонанд, ки дар ин гузиниш ва ихтиёр фармони Худо (ҷ) аст ва ту дар партави он метавонӣ беҳтар фикри худро мутаваҷҷеҳи масъулиятҳои бузургу сангини рисолат ва маслиҳатҳои муҳимми уммати исломӣ созӣ.
55. Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд, ки аз Худо битарсед. ҳаройна, Худо бар ҳар чизе нозир аст.
56. Ба таҳқиқ, Худо ва фариштагонаш ба паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом гӯед, саломе некӯ.
57. Ҳаройна, касонеро, ки Худо ва паёмбарашро озор медиҳанд, Худо дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азобе хоркунанда муҳайё кардааст.
58. Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд меозоранд, пас дар ҳақиқат, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мекашанд.
59. Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
60. Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон маразест ва онҳо, ки дар Мадина шойеъа (овоза) паҳн мекунанд, аз кори худ боз наистанд, ҳаройна, туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар шаҳр ҳамсоя набошанд.
61. Инҳо лаънатшудагонанд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд.
62. Ин суннати Худовандист, ки дар миёни пешиниён низ буд ва ҳаргиз дар суннати Худо тағйире нахоҳӣ ёфт!
63. Мардум туро аз қиёмат мепурсанд, бигӯ: «Илми он назди Худост». Ва ту чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.
64. Албатта, Худо кофиронро лаънат карда ва барояшон оташе сӯзон муҳайё кардааст,
65. ки дар он ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.
66. Рӯзе, ки рӯйҳояшонро (худи онҳоро) дар оташ бигардонанд, (мисли сихкабоб) мегӯянд: «Эй кош Худоро итоъат карда будем ва расулро итоъат карда будем!»
67. Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз сарварону бузургони худ итоъат кардем ва онон моро гумроҳ карданд.
68. Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»
69. Эй касоне, ки имон овардаед мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро озурда карданд ва Худояш аз он айбе, ки (барои ӯ) гуфта буданд, покаш сохт ва назди Худо обрӯманд буд.
70. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигӯед.
71. (Худо) корҳои шуморо ба салоҳ оварад ва гуноҳатонро биёмурзад. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад пас дар ҳақиқат, ба комёбии бузурге даст ёфтааст.
72. Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ҳаройна, ӯ ситамкору нодон буд,
73. то Худо мардони мунофиқу занони мунофиқ ва мардони мушрику занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Худо омурзандаву меҳрубон аст!
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 54 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи САҶДА1 | | | Сураи Сабо1 |