Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи мӯъминун1

Сураи ЮСУФ1 | Сураи РАЪД1 | Сураи ИБРОҲИМ1 | Сураи ҲИҶР1 | Сураи НАҲЛ1 | Сураи ИСРО1 | Сураи КАҲФ1 | Сураи МАРЯМ1 | Сураи ТОҲО1 | Сураи АНБИЁ1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:

2.онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд

3.ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд

4.ва онон, ки закотро мепардозанд

5.ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд,

6.ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд

7.ва касоне, ки ғайр аз ин (ду роҳи машрӯъро) биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд

8.ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худ риоя мекунанд

9.ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд (пойдоранд),

10.инҳо меросбарон ҳастанд,

11.ки ҷаннатро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд.

12.Албатта, Мо инсонро аз гили холис офаридем,

13.Сипас ӯро нутфае дар ҷойгоҳе устувор қарор додем,

14.он гоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъзим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон!

15.Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд.

16.Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед.

17.Ва бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки аз ин махлуқ ғофил набудаем.

18.Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем.

19.Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.

20.Ва дарахтест, ки дар Тӯри Сино мерӯяд2. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.

21.Шуморо дар чорпоён ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, серобатон мекунем ва аз онҳо судҳои бисёр мебаред ва аз онҳо мехӯред.

22.Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.

23.Ба таҳқиқ, Нӯҳро бар қавмаш фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед. Шуморо Худованде ҷуз ӯ нест. Оё наметарсед?»

24.Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Худо мехост, фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизе дар рӯзгори ниёгонамон нашунидаем.

25.ӯ марди девонае беш нест. Чанде бар ӯ сабр кунед»

26.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».

27.Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро дар ҳузури Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад3, аз ҳар ҷинсе дуто ва низ касони худро ба он бибар. Ғайри он кас, ки пеш аз ин дар бораи ӯ сухан рафтааст. Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.

 

2.Тӯри Сино- Тур, номи кӯҳ аст ва Сино (ба забони ибронӣ Синай) номи нимҷазираест, ки дар он Фаластин ҷой гирифтааст. Кӯҳест, ки Мӯсо (а) бар он муноҷот кард. Ва гӯянд, ки самараи он дарахти зайтун аст.

3.Ҷӯшиши об аз танӯре, ки дар хонаи ӯ буд, нишони оғози тӯфон буд. Ва низ гуфтаанд «Фаварони танӯр» киноя аз тулӯъи субҳ аст. Яъне, чун субҳ равшан шуд.

 

28.Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед, бигӯ: «Сипос Худойро, ки моро аз мардуми ситамкор раҳоӣ бахшид».

29.Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарини роҳбаронӣ».

30.Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва мо танҳо озмояндагоне будем.

31.Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.

32.Ва аз худашон ба миёнашон паёмбаре фиристодем, ки Худои якторо бипарастед, шуморо худое ҷуз ӯ нест. Оё наметарсед?

33.Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва дар ин дунёяшон айшу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, аз он чӣ мехӯред, мехӯрад ва аз он чӣ меошомед, меошомад.

34.Ва агар аз инсоне ҳамонанди худ итоъат кунед, зиён кардаед.

35.Оё ба шумо ваъда медиҳад, ки чун мурдед ва хоку устухон шудед, шуморо аз гӯр берун меоваранд?

36.Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!

37.Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо ҳеҷ нест, ба дунё меоему мемирем ва дигар бор зинда намешавем.

38.Ин мардест, ки ба Худои якто дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем».

39.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро дурӯғгӯ мебароранд, ёриам кун!»

40.Гуфт: «Ба ҳамин зудӣ аз карда пушаймон мешаванд».

41.Пас ба ҳақ бонге сахт ононро фурӯ гирифт. Монанди гиёҳ хушкашон кардем. Насиби мардуми ситамкор, дурӣ аз раҳмати Худо бод!

42.Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.

43.Ҳеҷ миллате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад.

44.Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба миллате омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ононро достонҳо кардем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд, дурӣ аз раҳмати Худо бод!

45.Он гоҳ Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои равшан фиристодем;

46.назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Пас гарданкашӣ карданд, ки мардуме бартариҷӯй буданд

47.ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон бандагони мо буданд, имон биёварем?»

48.Онҳоро дурӯғгӯ бароварданд ва хештан ба ҳалокат афканданд.

49.Албатта, Мо ба Мӯсо китоб додем, бошад, ки ҳидоят шаванд.

50.Ва писари Марям ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланд, ки қароргоҳе ва оби равон дошт, ҷой додем.

51.Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам!

52.Албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед.

53.Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буд, дилхуш буд.

54.Ононро то чанде дар гумроҳияшон раҳо кун.

55.Оё мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки арзонияшон медорем,

56.барои он аст, ки мекӯшем хайре ба онҳо бирасонем? На, онон дарнамеёбанд!

57.Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд

58.ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд

59.ва онҳое, ки ба Парвардигорашон ширк намеоваранд

60.ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунад, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,

61.инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.

62.Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем. Ва назди Мо китобест, ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад.

63.На, дилҳояшон аз ин сухан дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳоро корҳоест ҷуз ин корҳо, ки мекунанд.

64.То он гоҳ, ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем ва нола сар диҳанд.

65.Имрӯз нола сар мадиҳед, ки шуморо аз азоби Мо касе нараҳонад!

66.Оёти Ман бароятон хонда мешуд ва шумо намепазируфтед ва пуштнокӣ мерафтед.

67.Бар он такаббур мекардед ва шабҳангом дар афсонасароӣ носазо мегуфтед.

68.Оё дар ин сухан намеандешанд ё барои онҳо чизе нозил шуда, ки барои ниёгонашон нозил нашуда буд?

69.Ё он ки паёмбаронашонро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд?

70.Ё мегӯянд, ки девона аст? На, паёмбарашон ба дини ҳақ бар онҳо фиристода шуд, вале бештарашон аз ҳақ бадбинӣ доранд.

71.Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо пандашон фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯй гардониданд.

72.Ё ту аз онҳо музде металабӣ? Музди Парвардигорат беҳтар аст, ки ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!

73.Албатта, ту ба роҳи росташон мехонӣ.

74.Ва касоне, ки ба охират имон надоранд, аз роҳи рост каҷраванд!

75.Агар бар онҳо раҳмат меоварем ва озореро, ки ба он гирифторанд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд.

76.Ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд ва на тазаррӯъ.

77.То он гоҳ, ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон кушудем, чунонки аз ҳама ҷо навмед гаштанд.

78.Ва ӯст, он Худое, ки бароятон гӯшу чашму дил биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред!

79.ӯст, он Худое, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама назди ӯ гирд оварда мешавед.

80.Ва ӯст, он Худое, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они ӯст.Чаро оқилона намеандешед?

81.Балки, онҳо низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд.

82.Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»

83.Ба мо ва падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!»

84. Бигӯ: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»

85.Хоҳанд гуфт: «Аз они Худо». Бигӯ: «Оё панд намегиред?»

86.Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?»

87.Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед?»

88.Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ диҳад ва касеро аз ӯ паноҳ нест?»

89.Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Пас чаро фиреб мехӯред?»

90.Балки, Мо бар онҳо сухани рост фиристодем ва онон дурӯғ мегӯянд!

91.Худо ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ худое бо ӯ нест. Агар чунин мебуд, ҳар Худое бо офаридагони худ ба як сӯ мекашид ва бар якдигар бартарӣ меҷӯстанд. Худо аз он гуна, ки ӯро васф мекунанд, пок аст.

92.Донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чӣ шарики ӯ месозанд, бартар аст.

93.Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода шуда, ба ман намоён мекардӣ.

94.Эй Парвардигори ман, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ».

95. Ва ҳаройна, Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, метавонем, бар ту бинамоёнем.

96.Сухани бади ононро ба ҳар чӣ некӯтарат меояд, посух гӯй. Мо ба сухани онон огоҳтар ҳастем.

97.Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам.

98.Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»

99.Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон.

100. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.

101. Чун дар сур дамида шавад, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд.

102. Онон, ки тарозӯяшон (тарозӯи аъмоли некашон) вазнин бошад, худ растагоранд.

103. Ва онон, ки тарозӯяшон (тарозӯи аъмоли некашон) сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд.

104. Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.

105. Оё оёти Ман бароятон хонда намешуд ва онҳоро дурӯғ меҳисобидед?

106. Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуме гумроҳ будем.

107. Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар. Агар дигар бор баргаште (ба сӯйи гуноҳ) кардем, ҳаройна, аз ситамкорон бошем».

108. Гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед».

109. Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ».

110. Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон рабуданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.

111. Имрӯз, ҳаройна, онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош медиҳам. Онҳо ба муроди худ расидаанд.

112. Гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»

113. Гӯяд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Аз онҳо, ки мешумурданд4, бипурс».

114. Гӯяд: «Агар огоҳӣ доштед, медонистед, ки ҷуз андаке назистаед.

115. Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»

116. Пас бартар аст, Худои якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест! Парвардигори Арши гиромиқадр аст.

117. Он кас, ки ҷуз Худои якто худои дигареро мехонад, ки ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳаройна, ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, кофирон наҷот намеёбанд.

118. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, биёмурзу раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 54 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи ҲАҶ1| Сураи Нур1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.018 сек.)