Читайте также: |
|
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1. Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби илоҳӣ ва Қуръони равшан аст.
2. Борҳо, кофирон орзу мекунанд (дар дунёи дигар), ки эй кош (дар ин дунё) мусалмон мебуданд.
3. (Эй паёмбар) бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зудӣ (натиҷаи аъмолашонро) хоҳанд донист.
4.Ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар он ки замоне маълум2 дошт.
5.Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш на пеш меафтад ва на пас мемонад.
6.Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ!
7.Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?»
8.Мо фариштагонро нозил намекунем, ҷуз ба ҳақ ва (агар ба он эмон наёваранд) дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд (ва фавран азоби илоҳӣ гиребонгирашон мегардад).
9.Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем.
10. Ва мо расулони худро пеш аз ту ба миёни ақвоми пешин фиристодаем.
11. Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар ки масхарааш мекарданд.
12. Роҳашро3 дар дили гунаҳгорон инчунин мекушоем (ва аз ҳақ онҳоро меогоҳонем, то барояшон итмоми ҳуҷҷат шавад)!
13. Ба он (қуръон) имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст.
14.Агар барояшон аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд,
15. Албатта, гӯянд: «Чашмони моро ҷоду карданд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»
16. Ва ҳаройна, дар осмон бурҷҳое4 офаридем ва барои бинандагонашон биёростем.
17. Ва аз ҳар шайтони раҷиме ҳифзашон кардем.
18. Магар он ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан таъқибаш кард.
19. Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои азиме афкандем. Ва аз ҳар чиз ба шевае санҷида дар он рӯёнидем.
20. Ва маъишати шумо ва касонеро, ки шумо рӯзидеҳашон нестед, дар он ҷо қарор додем.
21. Ҳар чӣ ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро фурӯ намефиристем.
22. Ва бодҳои обистанкунандаро фиристодем ва аз осмон обе нозил кардем ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо наметавонед, ки захиракунандаи он бошед.
23. Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.
24. Ва медонем чӣ касоне аз шумо аз ин пеш рафтаанд ва чӣ касоне вопас мондаанд.
25. Ва Парвардигори ту ҳамаро зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро ӯст, ки ҳакиму доност!
26. Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридем.
27. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.
28. Ва Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Мехоҳам башаре аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир биёфаринам.
29. Чун офаринишашро ба поён бурдам ва аз рӯҳи Худ дар он дамидам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед».
30. Фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,
31. магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.
32. Гуфт: «Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон набудӣ?»
33. Гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридаӣ, саҷда намекунам».
34. Гуфт: «Аз он ҷо берун шав, ки ту рондашуда ҳастӣ.
35. То рӯзи қиёмат бар ту лаънат бод!»
36. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ”.
37. Гуфт: «Ту дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ,
38. то он рӯзе, ки вақташ маълум аст».
39. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро навмед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам,
40. магар онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд».
41. Гуфт: «Роҳи ихлос, роҳи ростест, ки ба Ман мерасад.
42. Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд.
43. Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳамаи онон аст.
44. Ҳафт дар дорад ва барои ҳар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд.
45. Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд.
46. Ба саломату эминӣ ба он дохил шавед.
47. Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд.
48. Ҳеҷ ранҷе ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берунашон наронанд.
49. Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омурзандаву меҳрубонам.
50. Ва азоби Ман азобе дардовар аст!
51. Ва аз меҳмонони Иброҳим5 хабардорашон кун».
52. Он гоҳ, ки бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»
53. Гуфтанд: «Матарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем».
54. Гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам? Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»
55. Гуфтанд: «Ба ҳақ хушхабарат додем, аз навмедон мабош!»
56. Гуфт: «Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш навмед мешавад?»
57. Гуфт: «Эй расулон, пас хабари шумо чист?»
58. Гуфтанд: «Мо ба сари мардуме гунаҳкор фиристода шудаем, (ва ҳамагонро нобуд мекунем),
59. магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,
60. ҷуз занашро, ки муқаррар кардаем, ки аз боқимондагон бошад».
61. Чун расулон назди хонадони Лут омаданд,
62. Лут гуфт: «Шумо ношиносед».
63. Гуфтанд: «Балки, он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.
64. Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем.
65. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар ва худ аз паи онҳо рав ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад. Ва ҳар ҷо, ки фармонатон додаанд, биравед».
66. Ва барои ӯ ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, решаи онҳо барканда шавад.
67. Аҳли шаҳр (аз дидани меҳмонон (фариштагон)) шодикунон омаданд.
68. Гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед.
69. Аз Худованд битарсед ва маро шармсор масозед».
70. Гуфтанд: «Магар туро аз (меҳмондорӣ ва паноҳ додани) мардум манъ накарда будем?»
71. Гуфт: «Агар қасде (барои издивоҷ ва баровардани хоҳишоти шаҳвонӣ) доред, инҳо, духтарони (уммати) ман ҳастанд (никоҳ кунед)».
72. (Эй паёмбар) ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии (шаҳват ва ҷаҳолати) хеш саргашта буданд.
73. Чун субҳ бидамид, ононро наърае сахт (садои ваҳшатноке) фурӯ гирифт (ва нобудашон кард).
74. Шаҳрро зеру забар кардем ва бороне аз сиҷҷил (гили сангшуда) бар онон боронидем.
75. Дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон.
76. Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи корвониён аст.
77. Ва мӯъминонро дар он ибратест.
78. Ва мардуми Айка6низ ситамкор буданд.
79. Аз онон интиқом гирифтем ва шаҳрҳои он ду қавм ошкоро бар сари роҳанд.
80. Мардуми Ҳиҷр7низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд.
81. Оёти Хешро бар онон расонидем, вале аз он рӯй гардониданд.
82. Хонаҳои худро, то эмин бошанд, дар кӯҳҳо меканданд.
83. Субҳгоҳон ононро наъраи сахте (садои ваҳшатноке) гирифт.
84. Чизе, ки касб карда буданд (аз ҷамъоварии мол ва сохтани қасрҳо) аз онон дафъи бало накард.
85. Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наёфаридаем. Ва бешак, қиёмат, ҳатман, фаро мерасад. Пас (эй паёмбар, аз беодобиҳои эшон) гузашт кун, гузаште некӯ (ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куффор, бурдбору шикебо бош).
86. Ҳаройна Парвардигори ту офаринандае доност!
87. Мо сабъаммасонӣ8ва Қуръони бузургро ба ту додем.
88. Агар баъзе эшонро (кофиронро) ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами ононро (кофиронро) махӯр (ки чаро ба ту имон намеоваранд). Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.
89. Ва (ба кофирон) бигӯ: «Ман бимдиҳандаи ошкорам».
90. (Фуруд хоҳем овард азобро) монанди азобе, ки бар тақсимкунандагон (касоне, ки ба таҷзия ва тақсими аҳкоми илоҳӣ даст мезаданд ва қисматеро, ки ба суди эшон буд мепазируфтанд ва қисматеро, ки ба хости эшон набуд тарк мекарданд (мурод яҳуд ва насоро)) нозил кардем:
91. онон, ки Қуръонро ба қисмҳо тақсим карда буданд (қисматеро ҳақ ва қисматеро ботил медонистанд ва ё онро шеър, сеҳр, кизб ва асотир меномиданд).
92. Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро, ҳатман, (дар рӯзи қиёмат аз он чи мардум дар дунё анҷом медиҳанд) бозхост кунем,
93. ба хотири корҳое, ки мекарданд!
94. Ба ҳар чӣ амр шудаӣ (даъват ба сӯйи ҳақ), сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош (ва аҳамият надеҳ, ки чӣ мегӯянд ва чӣ мекунанд)!
95. Мо (макру азият ва озори) масхаракунандагонро аз ту бозмедорем,
96. онон (масхаракунандагон), ки бо Аллоҳ маъбуде дигар қоил мешаванд (ва бутонро бо Худо мепарастанд). Пас, ба зудӣ (он гоҳ ки азоби дардноки дӯзах онҳоро фаро мегирад, натиҷаи ширкашонро) хоҳанд донист.
97. Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ (ва аз истеҳзо, таҳқир ва алфози ширколудашон дилат ба дард меояд).
98. Пас, ба поки ёд кун Парвардигоратро (ҳангоми ҳуҷуми ғаму андӯҳ) ва аз (зумраи) саҷдакунандагон (ва намозгузорон) бош!
99. Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад (ва сарои фониро видоъ мегӯӣ ва сарои боқӣ оғоз мегардад ва пардаҳо бардошта шуда, ҳақиқатро мебинӣ)!
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 46 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи ИБРОҲИМ1 | | | Сураи НАҲЛ1 |