Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи МОИДА1 5 страница

Сураи БАҚАРА 1 | Сураи ОЛИ ИМРОН1 | Сураи МОИДА1 1 страница | Сураи МОИДА1 2 страница | Сураи МОИДА1 3 страница | Сураи ЮНУС1 | Сураи ҲУД 1 | Сураи ЮСУФ1 | Сураи РАЪД1 | Сураи ИБРОҲИМ1 |


Читайте также:
  1. 1 страница
  2. 1 страница
  3. 1 страница
  4. 1 страница
  5. 1 страница
  6. 1 страница
  7. 1 страница

189. ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд27ва муддате омаду рафт кард. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!

190. Чун Худо он дуро фарзанди шоистае дод, барои ӯ дар он чӣ ба онҳо ато карда буд, шариконе қоил шуданд, ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ бо ӯ шарик месозанд, болотар аст.

191. Оё шарики Худо месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?

192. Наметавонанд ёрияшон кунанд ва на ба ёрии худ бархезанд.

193. Агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, аз шумо пайравӣ нахоҳанд кард. Бароятон яксон аст, чи даъваташон кунед ва чи хомӯшӣ пеша созед.

194. Онҳоеро, ки ҷуз Аллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд!

195. Оё онҳоро пойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед.

 

 

27. Мурод аз “ҳамли сабук” марҳилаи аввалии халқи кӯдак (нутфа, хуни баста ва гӯштпора) мебошад ва “ҳамли вазнин” марҳилаи пеш аз таваллуд аст.

 

196. Ёвари ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва ӯ дӯсти шоистагон аст.

197. Ононро, ки ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.

198. Ва агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, намешунаванд ва мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯё, ки намебинанд.

199. Афвро пеша кун ва ба некӣ фармон деҳ ва аз ҷоҳилият рӯй гардон!

200. Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту васвасае падид омад, ба Худо паноҳ бибар, зеро ӯ шунаво ва доност!

201. Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд.

202. Ва бародаронашон (яъне, кофирон ва шайтонҳои инсӣ) ононро ба гумроҳӣ мекашанд (шайтонҳои ҷиннӣ) ва аз амали хеш бознамеистанд.

203. Чун ояте барояшон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе намегӯӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва ин ҳуҷҷатҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамуду раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд.

204. Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки шомили раҳмати Худо шавед!

205. Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон мабош!

206. Албатта, онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши ӯ сар наметобанд ва тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда28мекунанд!

28. Дар ин оят саҷдаи тиловат мавҷуд аст.

 

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 62 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи МОИДА1 4 страница| Сураи АНФОЛ1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)