Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи МОИДА1 2 страница

Сураи БАҚАРА 1 | Сураи ОЛИ ИМРОН1 | Сураи МОИДА1 4 страница | Сураи МОИДА1 5 страница | Сураи АНФОЛ1 | Сураи ЮНУС1 | Сураи ҲУД 1 | Сураи ЮСУФ1 | Сураи РАЪД1 | Сураи ИБРОҲИМ1 |


Читайте также:
  1. 1 страница
  2. 1 страница
  3. 1 страница
  4. 1 страница
  5. 1 страница
  6. 1 страница
  7. 1 страница

 

96. Шикори дарёӣ ва хӯрдани он ба ҷиҳати баҳраманд шуданатон ва аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шудааст. Ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар иҳром ҳастед, бар шумо ҳаром шуда. Аз Худованде, ки ба назди ӯ гирд оварда мешавед, битарсед!

97. Худо Каъба, Байту-л-ҳаромро бо моҳи ҳаром (моҳи зулҳиҷҷа) ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода сабаби интизоми кори дин ва дунё гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст.

98. Бидонед, ки уқубати Худо сахт аст ва ҳам ӯ омурзандаву меҳрубон аст!

99 Бар паёмбар ҷуз расонидани паём вазифае нест. Ва он чиро, ки ошкор месозед ё пинҳон медоред, Худо медонад!

100. Бигӯ: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». Пас, эй хирадмандон, аз Худо битарсед, бошад, ки растагор гардед!

101. Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳое, ки чун барои шумо ошкор шаванд, андӯҳгинатон мекунанд, мапурсед. Ва агар суол аз онҳоро вогузоред, то ба ҳангоми нузули Қуръон, бароятон ошкор хоҳад шуд. Худо аз онҳо афв кардааст, ки омурзандаву бурдбор аст.

102. Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва ба он сабаб кофир шуданд.

103. Худованд дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ10ҳукме накардааст, вале кофирон бар Худо дурӯғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд.

104. Ва чун ба онҳо гӯянд, ки ба он чӣ Худо нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, гӯянд: «Он дине, ки падарони худро ба он мӯътақид ёфтаем, моро бас аст». Ҳатто агар падаронашон ҳеҷ намедонистанд ва роҳи ҳидоят наёфта будаанд?

105. Эй касоне, ки имон овардаед, худро муҳофизат кунед. Агар шумо ҳидоят ёфтаед, онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Худост, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад.

106. Эй касоне, ки имон овардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду одилро аз миёни худатон ба шаҳодат гиред ё аз ғайри худатон, ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид, агар аз он ду шак доштед, нигоҳашон доред, то баъд аз намоз, он гоҳ ба Худо савганд хӯранд, ки ин шаҳодатро ба ҳеҷ қимате дигаргун накунем, ҳарчанд ба суди хешовандамон бошад ва онро рӯпӯш накунем, агар ҷуз ин бошад, аз гунаҳгоронем.

107. Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шуданд, ду шоҳиди дигар, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Худо қасам хӯранд, ки шаҳодати мо аз шаҳодати он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ таҷовуз накунем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.

108. Ин шева наздиктар ба он аст, ки ҳам шаҳодатро бар ваҷҳи худ мувофиқи шариъат адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш фаро доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!

109. Рӯзе, ки Худо паёмбаронро гирд овард ва бипурсид, ки даъвати шуморо чӣ гуна посух доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест, ки доно ба ғайб Ту ҳастӣ».

110. Худо ба Исо ибни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат арзонӣ доштаам, ёд кун. Он замон, ки бо Рӯҳулқудс ёриат кардам, то ту чи дар гаҳвора ва чи дар куҳансолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам. Ва он гоҳ, ки ба амри Ман аз гил чизе чун парранда сохтӣ ва дар он дамидӣ ва ба амри Ман паррандае шуд ва кӯри модарзоду песро ба фармони Ман шифо додӣ ва мурдагонро ба фармони ман зинда берун овардӣ ва чун бо ин далелҳои равшан назди бани Исроил омадӣ, Ман ононро аз осеб расондан ба ту боздоштам ва аз миёнашон касоне, ки кофир буданд, гуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!»

111. Ва ба ҳавориён ваҳй кардам: «Ба Ман ва ба паёмбари Ман имон биёваред». Гуфтанд: «Имон овардем, гувоҳ бош, ки мо таслим ҳастем!»

112. Ва ҳавориён пурсиданд: «Эй Исо ибни Марям, оё Парвардигори ту метавонад, ки барои мо аз осмон моидае (дастархони пур аз таъом) фиристад?» Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Худо битарсед».

113. Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихӯрем, то дилҳоямон ором гирад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем».

114. Исо ибни Марям гуфт: «Бор Худоё, эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ».

115. Худо гуфт:«Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро он чунон азоб накарда бошам».

116. Ва он гоҳ, ки Худо ба Исо ибни Марям гуфт: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро ғайри Аллоҳ ба худоӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки на шоистаи он бошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медонистӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар замири Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарини касон ба ғайб ҳастӣ!

117. Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Аллоҳ, Парвардигори маро ва Парвардигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаашон будам ва чун маро баргирифтӣ (яъне, ба осмон бурдӣ маро), Ту худ нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.

118. Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро биёмурзӣ, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!»

119. Худо гуфт: «Ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростии гуфторашон суд диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамвора дар он ҷовидон хоҳанд буд». Худо аз онон хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Ва ин комёбии бузургест!

120. Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва ӯ ба ҳар коре тавоност!

Сураи АНЪОМ

(Чорпоён)1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд.

2.ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа меварзед?.

3. Дар осмонҳову замин ӯст, ки Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад ва аз кирдоратон огоҳ аст.

4. Ва ҳеҷ ояте аз оёти Парвардигорашон барояшон нозил нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд!

5.Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғаш шумориданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки ба масхара мегирифтанд, ба онҳо хоҳад расид.

6. Оё надидаанд, ки пеш аз онҳо чӣ мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар замин қудраташон дода будем, он чунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пай дар пай фиристодем ва рӯдҳо аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба ҷазои гуноҳашон ҳалокашон кардем ва пас аз онҳо мардуме дигар падид овардем.

7. Ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем ва онро бо дасти хеш ламс мекарданд, боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.

8. Ва гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст?» Агар фариштае мефиристодем, ки кор ба поён мерасид, ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд.

9. Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон интихоб мекардем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодем ва ин омезишу иштибоҳ, ки падид оварданд, бар ҷой мениҳодем.

10. Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас масхаракунандагонро азобе, ки ба масхараашон мегирифтанд, фурӯ гирифт.

11. Бигӯ: «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори такзибкунандагон чӣ гуна будааст».

12. Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.

13. Аз они ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад ва ӯст шунавову доно!»

14. Бигӯ: «Оё ҷуз Худо дигареро дӯст гирам, ӯ ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ӯро ба таъом ниёз нест?» Бигӯ: «Ҳар ойна ман маъмур шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»

15. Бигӯ: «Аз азоби он рӯзи бузург метарсам, агар аз Парвардигорам фармон набарам!»

16. Дар он рӯз азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, мавриди раҳмати Худо воқеъ шудааст ва ин комёбии ошкорест!

17. Агар Худо ба ту ранҷе бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту хайре бирасонад, бар ҳар коре тавоност!

18. Ва ӯст ғолибе болотар аз ҳамаи бандагони хеш ва донову огоҳ аст!

19. Бигӯ: «Чи чиз бузургтару бартар аст дар боби шаҳодат?» Бигӯ: «Худо миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба ӯ бирасад, бим диҳам. Оё шаҳодат медиҳед, ки бо Аллоҳ худоёни дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: «Ман шаҳодат намедиҳам». Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ӯ худоест якто ва аз он чӣ бо ӯ шарик месозед, безорам!»

20. Аҳли Китоб ӯро2 чунон мешиносанд, ки фарзандони худро, инҳо, ки ба худ зиён мерасонанд, имон намеоваранд.

21. Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ мебандад ё оёти ӯро дурӯғ мепиндорад? Ҳар ойна ситамкоронро растагорӣ нест!

22. Рӯзе ҳамаро гирд оварем, сипас ба онҳо, ки ширк овардаанд, бигӯем: «Он касон, ки мепиндоштед, ки шарикони Худоянд, акнун куҷоянд?»

23. Узре, ки меоваранд, ҷуз ин нест, ки мегӯянд: «Савганд ба Худо, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудем!»

24. Бингар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ва он дурӯғҳо, ки сохта буданд, ночиз гардид.

25. Баъзе аз онҳо ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то онро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро вазнин (ношунаво) кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба муҷодала пардозанд. Кофирон мегӯянд, ки онҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест.

26. Инҳо мардумро аз паёмбар бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он, ки намедонанд, ки танҳо хештанро ба ҳалокат мерасонанд.

27. Агар онҳоро дар он рӯз, ки дар баробари оташ нигоҳашон доштаанд, бингарӣ, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нашуморем ва аз мӯъминон бошем!»

28. На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳо, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд, инҳо дурӯғгӯёнанд.

29. Ва гуфтанд: «Ҷуз ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест ва мо дигар бор зинда нахоҳем шуд»3.

30. Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд, Худо мегӯяд: «Оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд: «Ба сабаби куфре, ки меварзидед азобро бичашед!»

31. Зиён карданд онҳое, ки дидор бо Худоро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд: «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири тақсире, ки кардем». Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушт мекашанд. Ҳон, чӣ бад бореро бар дӯш мекашанд!

32. Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву лаҳв нест ва парҳезгоронро сарои охират беҳтар аст. Оё ба ақл дарнамеёбед?

33. Медонем, ки суханашон туро андӯҳгин месозад, вале инҳо танҳо туро такзиб намекунанд, балки ин ситамкорон сухани Худоро инкор мекунанд!

34. Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, вале онҳо бар он такзибу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро4тағйирдиҳандае нест. Ва ҳар ойна порае аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст.

35. Агар эъроз кардани онҳо бар ту гарон аст, хоҳӣ нақбе дар замин биҷӯй ё нардбоне бар осмон бинеҳ, то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ. Агар Худо бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас аз нодонон мабош.

36. Ҳар ойна танҳо онон, ки мефаҳманд, мепазиранд. Ва мурдагонро Худо зинда мекунад ва сипас ҳама ба назди ӯ бозгардонда мешаванд.

37. Ва гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашуда?» Бигӯ: «Худо қодир аст, ки мӯъҷизае фурӯ фиристад. Вале бештаринашон намедонанд!»

38. Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест ва ҳеҷ паррандае бо болҳои худ дар ҳаво намепарад, магар он ки чун шумо умматҳое ҳастанд. Мо дар ин китоб ҳеҷ чизеро фурӯгузор накардаем. Ва сипас ҳамаро дар назди Парвардигорашон гирд меоваранд.

39. Онон, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, каронанду гунгонанд ва дар торикиҳоянд. Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост гардонад.

40. Бигӯ: «Чӣ мебинед, ки агар бар шумо азоби Худо фурӯд ояд ё қиёмат даррасад, агар рост мегӯед, боз ҳам ҷуз Худоро мехонед?»

41. На, танҳо ӯро мехонед ва агар бихоҳад он ранҷеро, ки Худоро ба хотири он мехонед, аз миён мебарад ва шумо шарикеро, ки барои ӯ сохтаед, аз ёд мебаред.

42. Ҳар ойна бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем ва ононро ба сахтиҳову офатҳо дучор кардем, то магар зорӣ кунанд!

43. Пас чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон аъмолашонро дар назарашон ороста буд.

44. Чун ҳамаи андарзҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон навмед гардиданд.

45. Пас, сипос Парвардигори ҷаҳониёнро, ки решаи ситамкорон барканда шуд!

46. Бигӯ: «Оё медонед, ки агар Аллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозситонад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, чӣ худое ҷуз Аллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар, ки оёти Худоро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам рӯй барметобанд».

47. Бигӯ: «Чӣ мебинед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ҷуз ситамкорон ҳалок мешаванд?»

48. Мо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан ё бим кардан намефиристем. Пас ҳар кас, ки имон овард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад!

49. Ва ба касоне, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, ба ҷазои нофармонияшон азоб хоҳад расид!

50. Бигӯ: «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо аз чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»

51. Огоҳ соз ба ин китоб касонеро, ки аз гирд омадан бар остони Парвардигорашон ҳаросонанд, ки онҳоро ҷуз ӯ ҳеҷ ёвареву шафеъе нест. Бошад, ки парҳезгорӣ пеша кунанд.

52. Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон дароӣ5.

53. Ҳамчунин баъзеро ба баъзе озмудем, то бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо буданд, ки Худо ба онҳо неъмат дод?» Оё Худо ба сипосгузорон донотар нест?

54. Чун имоновардагон ба оёти Мо назди ту омаданд, бигӯ: «Салом бар шумо! Худо бар хеш муқаррар карда, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ коре бад кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯкор шавад, бидонад, ки Худо омурзандаву меҳрубон аст».

55. Ва инчунин оётро ба тафсил баён мекунем, то роҳу расми гунаҳкорон ошкор гардад!

56. Бигӯ: «Маро манъ кардаанд, ки он худоёнро, ки ҷуз Аллоҳ мехонед, парастиш кунам». Бигӯ: «Аз ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз ҳидоятёфтагон набошам».

57. Бигӯ: «Ман аз Парвардигорам далеле равшан дорам ва шумо он далелро дурӯғ мехонед. Он чӣ ба ин шитоб металабед, ба дасти ман нест. Ҳукм танҳо ҳукми Худост. Ҳақиқатро баён мекунад ва ӯ беҳтарини доварон аст».

58. Бигӯ: «Агар он чиро, ки ба ин шитоб металабед, ба дасти ман буд, миёни ману шумо кор ба поён мерасид, зеро Худо ба ситамкорон донотар аст».

59. Калидҳои ғайб назди ӯст. Ҷуз ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ нест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст. Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тареву хушке нест, ҷуз он ки дар китоби мубин6омадааст.

60. Ва ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад.

61. ӯст ғолибе фаротар аз бандагонаш. Нигаҳбононе бар шумо мегуморад, то чун яке аз шуморо марг фаро расад, фиристодагони Мо бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.

62. Сипас ба назди Худо мавлои ҳақиқии хеш бозгардонида шаванд. Бидон, ки ҳукм, ҳукми ӯст ва ӯ зудрастарини ҳисобгарон аст.

63. Бигӯ: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкиву дарё мераҳонад? ӯро ба ошкор ва дар ниҳон мехонед, ки агар аз ин ҳалокатгоҳ моро бираҳонад, мо низ аз сипосгузорон хоҳем буд».

64. Бигӯ: «Худост, ки шуморо аз он ҳалокатгоҳ ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам ба ӯ ширк меоваред».

65. Бигӯ: «ӯ қодир бар он ҳаст, ки аз болои саратон ё аз зери пойҳоятон азобе бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳам афканад ва хашму кини гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад, ки ба фаҳм дарёбанд!

66. Қавми ту Қуръонро дурӯғ мешуморанд, дар ҳоле ки суханест барҳақ. Бигӯ: «Ман корсози шумо нестам».

67. Ба зудӣ хоҳед донист, ки барои ҳар хабаре вақту ниъоди муайян аст!

68. Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯй гардон, то ба сухане ҷуз он пардозанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкор манишин.

69. Касоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд, ба гуноҳи кофирон бозхост нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Бошад, ки парҳезгор шаванд!

70. Ва вогузор он касонеро, ки дини хешро бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ, мабодо бар ҷазои аъмоли хеш гирифтор оянд. Ҷуз Худо додрасу шафеъе надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш ҳар гуна фидя диҳанд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба уқубати аъмоли худ гирифтор ва ба ҷазои он, ки кофир шудаанд, барояшон шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе дардовар муҳайё шудааст.

71. Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳ касеро бихонем, ки на моро суд медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Худо моро ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтонҳо гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? ӯро ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ: «Ҳидояте, ки аз сӯи Худо бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шавем».

72. Ва намоз бихонед ва аз ӯ битарсед. ӯст, он ки ҳамагон наздаш ҷамъ мешавед!

73. Ва ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори ӯ ҳақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур дамида шавад, фармонравоӣ аз они ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва ӯ ҳакиму огоҳ аст!

74. Ва Иброҳим падараш Озарро гуфт: «Оё бутонро ба худоӣ мегирӣ? Ту ва қавматро ба ошкорро дар гумроҳӣ мебинам».

75. Ба ин сон ба Иброҳим малакути осмонҳову заминро нишон додем, то аз аҳли яқин гардад.

76. Чун шаб ӯро фаро гирифт, ситорае дид. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун фурӯ рафт гуфт: «Фурӯрафтагонро дӯст надорам».

77. Он гоҳ моҳро дид, ки тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун фурӯ рафт, гуфт: «Агар Парвардигори ман маро роҳ нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд».

78. Ва чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст!» Ва чун фурӯ рафт, гуфт: «Эй қавми ман, ман аз он чӣ шарики Худояш медонед, безорам.

79. Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».

80. Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза бархостанд. Гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳ бо ман ситеза мекунед ва ҳол он ки ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики ӯ меҳисобед, наметарсам. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?

81. Чаро аз он чизе, ки шарики Худояш сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ ба эминӣ сазовортаранд?»

82. Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд.

83. Ин бурҳони мо буд, ки онро ба Иброҳим, дар баробари қавмаш талқин кардем. Ҳар киро бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем. Ҳаройна Парвардигори ту ҳакиму доност!

84. Ва ба ӯ Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагиро ҳидоят кардем.Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорунро ҳидоят кардем. Ва некӯкоронро ин гуна подош диҳем!

85. Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс, ки ҳама аз солеҳон буданд.

86. Ва Исмоилу ал-Ясаъ ва Юнусу Лут, ки ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ ниҳодем.

87. Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва эшонро баргузидем ва ба роҳи рост роҳ намудем.

88. Ин аст ҳидояти Худо. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.

89. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба онҳо китоби (осмонӣ) ва ҳикмати (раббонӣ) ва нубуввати (раҳмонӣ) додаем. Агар ин қавм ба он (се чиз) имон наёваранд, қавми дигареро уҳдадори он месозем, ки нисбат ба он куфр намеварзанд.

90. Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст, пас ба равиши онҳо иқтидо кун. Бигӯ: «Дар баробари он ҳеҷ подоше аз шумо наметалабам, ин китоб ҷуз андарзе барои мардуми ҷаҳон нест».

91. Вақте ки мегӯянд, ки Худо ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон дар ин баҳси хеш дилхуш бошанд.

92. Ин аст китоби муборак, ки нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми Умму-л-қуро7ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо муроқиби намозҳои хешанд.

93. Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушудаанд8, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти ӯ сарпечӣ мекардед.

94. Ҳар ойна танҳо-танҳо, он сон ки дар оғоз шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзониятон дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед.

95. Худост, ки донаву ҳастаро9 мешикофад ва зиндаро аз мурда берун меоварад (ҳамчунон, ки мӯъминро аз кофир, чӯҷаро аз тухм) ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин, тухмро аз мурғ) берун меоварад. Ин аст Худои якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?

96. Шикофандаи субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Худои пирӯзманди доно!

97. ӯст Худое, ки ситорагонро падид овард, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи хешро биёбед. Оётро барои онон, ки медонанд, ба тафсил баён кардаем!

98. Ва ӯст Худованде, ки шуморо аз як тан биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест ва вадиъат10(амонат) ҷойест. Оётро барои онон, ки мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем!

99. ӯст Худое, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна наботеро рӯёнидем ва аз он набот соқае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида (мисли хушаи гандум ва ҷав) ва низ аз шохчаҳои нахл хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд (монанди якдигар ва ғайри монанд ба якдигар)! Ба меваҳояшон, он гоҳ ки падид меоянд ва он гоҳ ки мерасанд, бингаред, ки дар онҳо ибратҳост, барои онон, ки имон меоваранд!


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 53 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи МОИДА1 1 страница| Сураи МОИДА1 3 страница

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.022 сек.)