Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи АНБИЁ1

Сураи ЮНУС1 | Сураи ҲУД 1 | Сураи ЮСУФ1 | Сураи РАЪД1 | Сураи ИБРОҲИМ1 | Сураи ҲИҶР1 | Сураи НАҲЛ1 | Сураи ИСРО1 | Сураи КАҲФ1 | Сураи МАРЯМ1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

(Паёмбарон)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯй гардонанд.

2.Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.

3.Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамкорон сар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост? Оё бо он ки ба чашми худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»

4.Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва ӯ шунавову доност».

5.Гуфтанд: «На, хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебандад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».

6.Пеш аз онҳо мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?

7.Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, магар мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем ва агар худ намедонед, аз аҳли зикр (мӯъминон ва олимони аҳли китоб) бипурсед.

8.Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.

9.Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо кардем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.

10.Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он панди шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?

 

1.Аз он ҷиҳат, ки дар ин сура сухан аз паёмбарон рафтааст, сурату-л-анбиё (Паёмбарон) ном гирифтааст. Ин сура дар Макка нозил шуда ва яксаду дувоздаҳ оят дорад.

11.Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем.

12.Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.

13.Магурезед! Ба (зиндагонии) нозу ишрат ва хонаҳои хеш (ва ба он фахр мекардед) бозгардед, то бозхост шавед!

14.Гуфтанд: «Вой бар мо, мо ситамкор будем!»

15.Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун киштаи даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.

16.Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем.

17.Агар хостори бозича мебудем, Худ онро меофаридем.

18.Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо нисбат медиҳед.

19.Аз они ӯст, ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд.

20.Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онон падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.

21.Оё дар замин худоёне интихоб кардаед, ки мурдагонро аз гӯр бармеангезанд?

22.Агар дар замину осмон худоёне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас Аллоҳ, Парвардигори Арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.

23.ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунанд, бозхост намешавад, вале мардум бозхост мешаванд.

24.Оё ба ҷуз ӯ (Худои барҳақ) худоёнеро интихоб кардаед? Бигӯ: «Ҳуҷҷати хеш биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд», На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд, пас, аз он рӯй мегардонанд.

25.Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, ҷуз он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман худое барҳақ нест. Пас, Маро бипарастед.

26.Ва гуфтанд, ки Худои Раҳмон фарзанд ихтиёр кардааст. Пок аст ӯ. Балки онон (фариштагон) бандагоне гиромӣ ҳастанд2.

27.Дар сухан бар ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони ӯ кор мекунанд.

28.Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонеро, ки Худо аз онҳо хушнуд аст (ва иҷозаи шафоъатро додааст), шафоъат намекунанд ва аз бими ӯ ларзонанд.

29.Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри ӯ (Худои барҳақ) худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.

30.Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин баста буданд, Мо онҳоро кушудем3 ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?

31.Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем, то (замин қарор гирад ва) онҳоро наларзонад. Ва дар он (куҳҳо) роҳҳои фарох сохтем, бошад, ки роҳи хеш биёбанд.

32.Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯй мегардонанд.

33.ӯст, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид.

34.Мо пеш аз ту ҳеҷ башареро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?

35.Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру (осудагӣ) шар (сахтӣ) меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед.

36.Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои Раҳмонро мункиранд.

37.Одамӣ, шитобкор офаридашудааст. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.

38.Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»

39.Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти хеш боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.

40.Аммо (қиёмат) ногаҳон биёяд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон дода намешаванд.

41.Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фурӯд омад.

42.Бигӯ: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои Раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.

43.Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На, он худоён ёрии хештан натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд.

44.Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дарозо кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он мекоҳем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд?

45.Бигӯ: «Ман шуморо бо ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд.

46.Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»

47.Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!

48.Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон.

49.Онон, ки аз Худои хеш дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.

50.Ин Қуръони муборак аст. ки нозил кардаем. Оё мункири он ҳастед?

51.Пеш аз ин ба Иброҳим нерӯи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем.

52.Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»

53.Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».

54.Гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».

55.Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»

56.Гуфт: «На, Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.

57.Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».

58.Онҳоро пора –пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, бар он руҷӯъ кунанд.

59.Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»

60.Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим (мухолифати) аз онҳо сухан мегуфтааст».

61.Гуфтанд: «ӯро ба назди мардум биёваред, то шаҳодат диҳанд».

62.Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»

63.Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».

64.Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед».

65.Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».

66.Гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ чизеро мепарастед, ки шуморо на суд мерасонад, на зиён.

67.Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед?

68.Гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, бисӯзонедаш ва худоёни худро нусрат диҳед».

69.Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош!»

70.Мехостанд барои ӯ (Иброҳим) макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем.

71.ӯ ва Лутро раҳонидаем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем.

72.Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.

73.Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

74.Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он ободӣ ва шаҳре, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. ҳаройна, онҳо мардуме баду фосиқ буданд!

75.ӯро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки бе шак, ӯ аз шоистагон буд.

76.Ва Нӯҳро (ёд кун), ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз ранҷи бузург раҳонидем.

77.Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон мардуми бад буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем.

78.Ва Довуду Сулаймонро (ёд кун), он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем.

79.Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

80.Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед?

81.Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.

82.Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (девон) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.

83.Ва Айюбро (ёд кун), он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

84.Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.

85.Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро (ёд кун), ки ҳама аз собирон буданд.

86.Ононро сазовори бахшоиши хеш гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд.

87. Ва Зуннунро4(ёд кун) он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».

88.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ӯро аз андӯҳ раҳонидем ва мӯъминонро инчунин мераҳонем.

89.Ва Закариёро (ёд кун), он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»

90.Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.

91.Ва он занро (ёд кун), ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем, ӯ ва фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.

92.Ин миллати шумост, миллати ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед!

93.Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд!

94.Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кӯшиши ӯро носипосӣ нест ва Мо аъмолашонро менависем.

95.Ва ободӣ ва шаҳреро, ки ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки бозгашт дошта бошанд5.

96.То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушуда шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.

97.Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»

98. Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам хоҳед рафт!

99.Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.

100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд (фарёди якдигарашонро).

101. Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз ҷаҳаннам барканоранд.

 

5. Яъне ба ин дунё бозгаште надоранд, набозгашти миъодӣ.

102. Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳад, муҳайёст, ҷовидонаанд.

103. Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд.

104. Рӯзе, ки осмонро чун тӯморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.

105. Ва пас аз Таврот, мо дар Забур, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман6ба мерос хоҳанд бурд.

106. Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!

107. Ва нафиристодем туро ҷуз он, ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем.

108. Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худои шумо Худоест якто, оё ба он гардан мениҳед?»

109. Пас агар рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур.

110. ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред.

111. Ва намедонам шояд ин озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то ба ҳангоми марг бошад».

112. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз ӯ ёрӣ меҷӯянд».

 

6. Яъне, дар охирзамон паёмбаре мабъус шавад ва уммати ӯ бар замин ғолиб шавад.

 

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 63 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи ТОҲО1| Сураи ҲАҶ1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.015 сек.)