Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи МАРЯМ1

Сураи МОИДА1 5 страница | Сураи АНФОЛ1 | Сураи ЮНУС1 | Сураи ҲУД 1 | Сураи ЮСУФ1 | Сураи РАЪД1 | Сураи ИБРОҲИМ1 | Сураи ҲИҶР1 | Сураи НАҲЛ1 | Сураи ИСРО1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. Коф, ҳо, ё, айн, сод.

2. Баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандаи худ Закариёст.

3. Он гоҳ, ки Парвардигорашро дар ниҳон нидо дод.

4. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам.

5. Ман пас аз марги хеш аз хешовандонам бимнокам ва занам зоянда нест. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун,

6. ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон».

7. «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем».

8.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам зоянда аст ва ман худ дар пирӣ ба фартутӣ расидаам».

9.Гуфт: «Парвардигорат инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон аст ва туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ, биёфаридаам»

10Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман нишоне бинамой». Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабу2 се рӯз бо мардум дар ҳоли тандурустӣ (дар ҳоле ки на гунг ҳастиву на кар) сухан натавонӣ гуфт».

11.Аз меҳроб ба миёни қавми худ берун омад ва ба онон эълон кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.

12.«Эй Яҳё, китобро (Тавротро) ба қувват (ба қасд ва фаҳми маъонияш ва амал кардан ба ӯ) бигир». Ва дар кӯдакӣ ба ӯ доноӣ (нубуввату фаҳми Таврот) ато кардем.

13.Ва ба ӯ шафқат кардем ва покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд.

14.Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору (золим) гарданкаш набуд.

15.Салом бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигар бор хезонида мешавад!

16.Дар ин китоб Марямро ёд кун, он гоҳ, ки аз хонадони хеш ба маконе рӯ ба сӯи баромадани офтоб яксӯ шуд.

17.Миёни худ ва онон пардае кашид ва Мо Рӯҳи3 Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд.

18.Марям гуфт: «Аз ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгор бошӣ».

19.Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писаре покиза бибахшам».

20.Гуфт: “Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ инсоне ба ман даст назадааст ва ман бадкора ҳам набудаам».

21.Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои ман осон аст. Мо он писарро барои мардум оятеву бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта».

22.Пас ба ӯ ҳомила шуд ва ӯро бо худ ба маконе дурафтода бурд.

23.Дарди зоидан ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмое кашонид. Гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам».

24.Аз зери ӯ (поёни Марям) нидо дод (ҷибрил ё Исо): «Ғамгин мабош, Парвардигорат аз зери пои ту ҷӯи обе равон сохт».

25. Дарахтро биҷунбон, то хурмои тоза бароят фурӯ резад.

26. Пас, эй зан, бихӯру биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯй: «Барои Худои раҳмон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям».

27. Кӯдакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: «Эй Марям, коре қабеҳ кардаӣ.

28. Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буд ва на модарат зане бадкора».

29. Ба фарзанд ишора кард. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем».

30. (Исо) гуфт: «Ман бандаи Худоям, ба ман китоб дода ва маро паёмбар гардонидааст.

31. Ва ҳар ҷо, ки бошам, маро баракат дода ва то зиндаам, ба намозу закот васият кардааст.

32. Ва низ некӣ кардан ба модарам. Ва маро гарданкашу бадбахт насохтааст.

33. Салом бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда карда мешавам!»

34. Ин аст Исо ибни Марям, ба сухани ҳақ, ҳамон ки дар бораи ӯ дар шакку шубҳа буданд.

35. Насазад Худовандро, ки фарзанде баргирад. Пок аст. Чун иродаи коре кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад.

36. Ва Аллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас ӯро бипарастед, ки роҳи рост ин аст!

37. Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд, пас вой бар касоне, ки кофир шуданд ба ҳангоми ҳузур дар он рӯзи бузург.

38. Чӣ хуб шунаво бошанд ва чӣ хуб бино бошанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, вале ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

39. Ононро аз рӯи пушаймонӣ, ки кор ба поён омада ва онон ҳамчунон дар ҳоли ғафлату беимонӣ ҳастанд, битарсон.

40. Албатта, Мо замин ва ҳар киро бар рӯи он аст, ба мерос мебарем ва ҳама ба назди Мо бозгардонида мешаванд.

41. Ва дар ин китоб Иброҳимро ёд кун, ки ӯ паёмбари ростгӯ буд.

42. Он гоҳ, ки падарашро гуфт: «Эй падар, чаро чизеро, ки на мешунавад ва на мебинад ва на ҳеҷ эҳтиёҷи туро бармеоварад, мепарастӣ?

43. Эй падар, маро донише додаанд, ки ба ту надодаанд. Пас аз ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.

44. Эй падар, шайтонро мапараст, зеро шайтон Худои Раҳмонро фармоннабаранда аст.

45. Эй падар, метарсам азобе аз ҷониби Худои Раҳмон ба ту расад ва ту дӯстдори шайтон бошӣ!»

46. Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз худоёни ман безор ҳастӣ? Агар бознаистӣ, албатта, сангсорат мекунам. Акнун замоне дароз аз ман дур бош!»

47. Гуфт: «Салом бар ту бод! Аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Зеро ӯ бар ман меҳрубон аст».

48. Аз шумо ва аз он чизҳое, ки ба ҷои Худои барҳақ ибодат мекунед, канора мегирам ва Парвардигорамро ибодат мекунам. Умед аст, ки ба сабаби парастиши Парвардигори худ бадбахт набошам».

49. Чун аз онҳо ва он чӣ ҷуз Худои барҳақ мепарастиданд, канора гирифт, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаро паёмбарӣ додем,

50. ва раҳмати Хешро ба онҳо арзонӣ доштем ва барояшон забони ростгӯй ва баландмартаба додем.

51. Ва дар ин китоб Мӯсоро ёд кун. ҳаройна вай бандаи мухлис ва фиристодашудаву набӣ буд.

52. Ва ӯро аз ҷониби рости кӯҳи Тӯр нидо додем ва наздикаш сохтем, то бо ӯ роз гӯем.

53.Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳоруни паёмбарро ба ӯ бахшидем.

54. Ва дар ин китоб Исмоъилро ёд кун. ӯ дурустқавл ва фиристодашудаву паёмбар буд.

55. Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд.

56. Ва дар ин китоб Идрисро ёд кун. ӯ паёмбаре ростгуфтор буд.

57. ӯро ба маконе баланд фаро бурдем.

58. Инҳо гурӯҳе аз паёмбарон буданд, ки Худо ба онон инъом карда буд, аз фарзандони Одам ва фарзандони онон, ки бо Нӯҳ дар киштӣ шинондем ва фарзандони Иброҳиму Исроил4 ва онҳо, ки ҳидояташон кардем ва баргузидемашон. Ва чун оёти Худои Раҳмон бар онон тиловат шавад, гирён ба саҷда меафтоданд5.

59.Сипас касоне ҷойнишини инҳо шуданд, ки намозро зоеъ гузоштанд (тарк карданд) ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ ба Ғай6хоҳанд афтод,

60. ғайри он кас, ки тавба кард ва имон овард ва корҳое шоиста кард. Инҳо ба биҳишт дохил мешаванд ва ҳеҷ мавриди ситамқарор намегиранд.

61. Биҳиштҳои ҷовид, ки Худои Раҳмон дар ғайб ба бандагони хеш ваъда кардааст ва ваъдаи ӯ фаро хоҳад расид.

62. Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд ба ҷуз салом. Ва рӯзияшон ҳар субҳу шом омода аст.

63. Ин ҳамон биҳиштест, ки ба бандагонамон, ки парҳезгорӣ кардаанд, ато мекунем.

64. Ва мо ҷуз ба фармони Парвардигори ту фурӯд намеоем7. Он чӣ дар пеши рӯи мо ва пушти сари мо ва миёни ин ду қарор дорад, аз они ӯст. Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест.

 

4. Номи дигари Яъқуб аст. Исро, дар забони ибронӣ, дӯст ва Ил, Худо аст.

5. Дар ин оят саҷдаи тиловат вуҷуд дорад.

6. Водиест дар ҷаҳаннам.

7. Мурод фариштагон аст.

 

65. Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни он ду ҳаст. ӯро бипараст ва дар парастиш босабр бош. Оё ҳамноме барои ӯ мешиносӣ?

66. Одамӣ (кофир) мегӯяд: «Оё замоне, ки бимирам, зинда аз гӯр берун оварда хоҳам шуд?»

67. Ва одамӣ (кофир) ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд?

68. Ба Парвардигорат савганд, онҳоро бо шайтонҳо гирд меоварем, он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир кунем ва ба зону менишонем.

69. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Худои Раҳмон бештар саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем.

70. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем.

71. Ва ҳеҷ як аз шумо нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту.

72. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону нишаста дар он ҷо вомегузорем.

73. Чун оёти равшангари моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон мегӯянд: «Кадом як аз ду фирқаро ҷойгоҳи беҳтар ва маҳфили некӯтар аст?»

74. Пеш аз онҳо чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки аз ҳайси хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд.

75. Бигӯ: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Худои Раҳмон ӯро ба фузунӣ мадад мерасонад (дар дароз кардани мӯҳлат, то ҳуҷҷат шавад бар ӯ бинобар дарозии умр ва имон наёварданаш)», то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоб ва ё (вуқӯъи) қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтару сипоҳ нотавонотар аст.

76. Ва Худо бар роҳнамоии онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд ва назди Парвардигори ту мукофот ва натиҷаи кирдорҳои шоистае, ки боқӣ монданианд, беҳтар аст.

77. Оё он касеро, ки ба оёти Мо кофир буд, дидӣ, ки мегуфт: «Албатта, ба ман молу фарзанд дода хоҳад шуд!»

78. Оё аз ғайб огаҳӣ дошт, ё аз Худои Раҳмон паймон гирифта буд?

79. Чунин нест. Он чӣ мегӯяд, хоҳем навишт ва албатта, бар азобаш хоҳем афзуд.

80. Он чиро, ки мегӯяд, аз ӯ меситонем, то танҳо назди мо биёяд.

81. Ва ба ғайр аз Аллоҳ худоёне ихтиёр карданд, то сабаби иззаташон гарданд.

82. Чунин нест. Ба зудӣ ибодаташонро инкор кунанд ва ба мухолифаташон (бар зидди онҳо) бархезанд.

83. Оё надидаӣ, ки Мо шаётинро ба сӯи кофирон фиристодем, то онҳоро ташвиқ кунанд (ба гуноҳу куфр).

84. Пас ту бар онон шитоб макун, ки Мо рӯзҳояшонро ба диққат мешуморем.

85. Рӯзе, ки парҳезгоронро назди Худои Раҳмон савора (яъне, мавриди эҳтиром) гирд оварем,

86. ва гунаҳкоронро ташнаком ба ҷаҳаннам биронем.

87. Аз шафоъат бенасибанд, магар он кас, ки бо Худои Раҳмон паймоне баста бошад.

88. Гуфтанд: «Худои Раҳмон соҳиби фарзандест».

89. Ҳаройна сухане зишт овардаед.

90. Наздик аст, ки аз ин сухан осмонҳо бишикофанд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо фурӯ афтанд ва дарҳам резанд,

91. зеро барои Худои Раҳмон фарзанде қоил шудаанд.

92. Худои Раҳмонро сазовор нест, ки соҳиби фарзанде бошад.

93. Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, магар он ки ба бандагӣ сӯи Худои Раҳмон биёяд.

94. ӯ ҳамаро ҳисоб карда ва як-як шумурда аст.

95. Ва ҳамаашон дар рӯзи қиёмат танҳо назди ӯ меоянд.

96. Худои Раҳмон касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, маҳбуби ҳама гардонад.

 

97. Ин Қуръонро ба забони ту (ки арабӣ аст) осон кардем, то парҳезгоронро (ба ризо ва неъмати Худованди меҳрубон) мужда диҳӣ ва саркашонро (ки душмани ҳақ ва тарафдори ботил ҳастанд, аз нохушнудӣ ва азоби дардноки Худованд) битарсонӣ.

 

98. Ва чӣ бисёр мардумеро пеш аз онҳо (ки бо ту, эй Паёмбар, инод ва душманӣ доранд бар асари куфр ва гуноҳонашон) ҳалок кардаем. Оё ҳеҷ як аз онҳоро меёбӣ ё ҳатто андак овозе аз онҳо мешунавӣ8?

 

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 59 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи КАҲФ1| Сураи ТОҲО1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.016 сек.)