Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи фурҚон1

Сураи ИБРОҲИМ1 | Сураи ҲИҶР1 | Сураи НАҲЛ1 | Сураи ИСРО1 | Сураи КАҲФ1 | Сураи МАРЯМ1 | Сураи ТОҲО1 | Сураи АНБИЁ1 | Сураи ҲАҶ1 | Сураи МӯЪМИНУН1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Бузургу боазамат аст, он ки ин Фурқонро (яъне, ҷудосозандаи ҳақ аз ботилро) бар бандаи Худ (Муҳаммад) нозил кард, то ҷаҳониёнро (ба воситаи он) бимдиҳандае бошад (ва даъвати қуръонро ба гӯши онҳо бирасонад).

 

2.Он кас, ки аз они ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде (барои Худ) нагирифтааст ва ӯро (дар ҳукуммат ва моликият) шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба андоза офаридааст.

3.Ғайри ӯ худоёне дигар гирифтанд, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд ва худ махлуқанд. На молики зиён ва на суди худ ҳастанд ва молики маргу зиндагӣ ва растохез нестанд.

4.Ва кофирон гуфтанд, ки ин ҷуз дурӯғе, ки худ бофтааст2ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд, ҳеҷ нест. Ҳаққо, он чӣ мегӯянд, ситаму ботил аст.

5.Ва гуфтанд: «Ин афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ имло мешавад ва ӯ менависадаш».

6.Бигӯ: «Ин китобро касе нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад. ҳаройна, ӯ омурзандаву меҳрубон аст!»

7.Гуфтанд: «Чист ин паёмбарро, ки ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ фурӯд намеояд, то бо ӯ бимдиҳанда бошад?

8.Чаро аз осмон ганҷе барояш афканда нашавад? Чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо аз марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»

9.Бингар, ки чӣ гуна бароят достонҳо меоваранд. Гумроҳ шудаанд ва тавони роҳ ёфтанашон нест!

10.Бузургу бузургвор аст он кас, ки агар хоҳад, беҳтар аз он ба ту арзонӣ дорад, боғҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо падид оварад.

11.Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва барои касоне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон омода кардаем,

12.ки чун аз роҳи дур бубинадашон (дӯзах кофиронро), ҷӯшу хурӯшашро бишнаванд.

13.Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангное аз он афтанд, ба дуъо марги хеш мехоҳанд.

14.Имрӯз на як бор марги хеш хоҳед, марги хеш фаровон хоҳед!

15.Бигӯ: «Оё ин беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки подошу саранҷоми онон хоҳад буд?»

16.То абад ҳар чӣ бихоҳанд, дар он ҷо ҳаст. Ваъдаест, ки анҷом додани он аз Парвардигорат хоста омадааст.

17.Рӯзе, ки ононро бо чизҳое, ки ғайри Худои якто мепарастиданд, ба маҳшар гирд оварад ва сипас пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»

18.Гӯянд: «Покӣ Ту! Моро сазовор набудааст, ки ҷуз ту касеро ба ёрӣ гирем. Валекин, Ту худ онҳо ва падаронашонро бархурдор сохтӣ, чунон ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардуме шуданд ба ҳалокат афтода.

19.Инҳо он чиро мегуфтед, дурӯғ мехонданд ва акнун натавонед азоберо аз худ дур созед ё хештанро ёрӣ диҳед. Ва ҳар кас аз шумо, ки ситам кунад, азобе бузургаш мечашонем.

20.Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем, ки таъом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту биност.

21.Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил намешаванд? Ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд, саркашие бузург.

22.Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ муждае надиҳанд ва ба онҳо гӯянд: «Мужда бар шумо ҳаром аст!»

23.Ва ба аъмоле, ки кардаанд, пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок (ғубор) барбод диҳем.

24.Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд.

25.Рӯзе, ки осмон бо абрҳо мешикофад ва фариштагон бар замин фиристода шаванд,

26.Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд.

27.Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам.

28.Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;

29.бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамвора одамиро танҳо (хору залил) мегузорад.

30.Паёмбар гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман тарки Қуръон гуфтанд!»

31.Инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!

32.Кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон якбора бар ӯ нозил намешавад?». Барои он аст, ки дили туро ба он нерӯмандӣ диҳем ва онро ба оҳистагиву тартиб фурӯ хонем.

 

33.Ҳеҷ масале барои ту наёваранд, магар он, ки посухашро ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.

34.Касонеро, ки бар рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам гирд меоваранд, ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳ гумгаштатаранд.

35.Ба Мӯсо китоб додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.

36.Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.

37.Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғгӯ шумурдаанд, ғарқ кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамгорон азобе дардовар омода кардем

38.ва Одро ва Самудро ва асҳоби Рассро3 ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд.

39.Ва барои ҳама мисолҳое овардем ва ҳамаро несту нобуд сохтем.

40.Ва бар ободӣ ва шаҳре, ки бар он борони азоб боронида будем, гузар мекарданд. Оё ононро намедиданд? Оре, ба қиёмат умед надоштанд.

41.Чун туро диданд, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Худо бар мо фиристодааст?

42.Агар ба хотири худоёнамон сарсахтӣ намекардем, наздик буд, ки моро аз парастишашон гумроҳ кунад. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.

43.Оё он касро, ки ҳавои нафсро ба худоӣ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини ӯ ҳастӣ?

44. Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне беш нестанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.

45. Надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем4.

46. Сипас баргирифтемаш5, гирифтани андак-андак.

47.ӯст, ки шабро пӯшиши шумо кард ва хобро оромишатон ва рӯзро замони бархостанатон.

48.ӯст, ки пешопеши раҳмати худ (борон) бодҳоро ба мужда додан фиристод. Ва аз осмон обе пок нозил кардем,

49. то сарзамини мурдаро ба он зиндагӣ бахшем ва чорпоён ва мардуми бисёреро, ки офаридаем, ба он сероб кунем.

50. Ва то бияндешанд, онро6(боронро) миёнашон тақсим кардем. Вале бештари мардум носипосӣ карданд!

51. Агар мехостем, ба ҳар шаҳре бимдиҳандае мефиристодем.

52. Ба кофирон итоъат макун ва ба ҳукми Худо (қуръон) бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоде бузург!

53. ӯст, ки ду дарё ба ҳам биёмехт, яке ширину гуворо ва дигаре шӯробе бадмазза. Ва миёни он ду монеъае ва садде устувор қарор дод.

54. ӯст, ки одамиро аз об (нутфа) биёфарид ва ӯро насабу пайванд сохт ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!

55. Ғайри Худои якто чизҳоеро мепарастанд, ки ба онҳо на суд медиҳад ва на зиён. Ва кофир ҳамеша пуштибони мухолифони Парвардигори хеш аст.

 

4.Яъне, агар офтоб намебуд, сояе намебуд ва ин вуҷуди офтоб аст, ки сабаби кӯтоҳ шудану баланд шудани соя мешавад.

5.Сояро.

6.Баъзе муфассирон мурод аз замири “онро” қуръонро донистаанд.

 

56. Мо туро фиристодем, барои он ки башорат диҳӣ ва битарсонӣ.

57. Бигӯ: «Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам, магар ин ки ҳар ки хоҳад, ба сӯи Парвардигораш роҳе биёбад».

58. Ва бар Он зиндае, ки намемирад, таваккул кун ва ба ситоиши ӯ тасбеҳ гӯй ва ӯ худ барои огоҳӣ аз гуноҳони бандагонаш кофист,

59. он, ки осмонҳову замин ва ҳар чиро дар миёни онҳост, ба шаш рӯз биёфарид, он гоҳ ба Арш муставӣ шуд7. ӯст Худои Раҳмон ва дар бораи ӯ аз касе бипурс, ки огоҳ бошад.

60. Ва чун ба онон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва бар нафраташон афзуда шуд.

61. Бузургу боазамат аст, он касе, ки дар осмон бурҷҳо8биёфарид ва дар онҳо чароғеву моҳе тобон падид овард.

62. Ва ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд ё шукргузорӣ кунанд, аз паи ҳам қарор дод.

63. Бандагони Худои Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимат сухан гӯянд.

64. Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон ба субҳ меоваранд.

65. Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим!

66. Ҷаҳаннам бад қароргоҳу бад маконест».

67. Ва онон, ки чун нафақа (харҷи зиндагӣ) мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки миёни ин (ду роҳ, исроф ва хасисӣ) миёнаро мегиранд.

68. Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.

69. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд,

70. ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо бадал мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

71. Ва ҳар кӣ тавба кунад ва кори шоиста кунад, ба шоистагӣ назди Худо бозгардад.

72. Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат медиҳанд ва чун бар нописанде (амали ношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд.

73. Ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд.

74. Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»

75. Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро подош ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд.

76. Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!

77. Бигу: «Агар ибодат ва дуъоятон набошад Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, (оқибати) он мулозими шумо хоҳад шуд (сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид)».


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 49 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи Нур1| Сураи ШУЪАРО1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)