Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи Шӯро1

Сураи РУМ1 | Сураи ЛУҚМОН1 | Сураи САҶДА1 | Сураи АҲЗОБ1 | Сураи Сабо1 | Сураи ФОТИР1 | Сураи Ёсин1 | Сураи СОФФОТ1 | Сураи СОД1 | Сураи Ғофир1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

(машварат кардан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

1.Ҳо, мим.

2.Айн, син, қоф.

3.Худованди пирӯзманди ҳаким ба ту ва касоне, ки пеш аз ту буданд, инчунин ваҳй мефиристад:

4. аз они ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва ӯст он баландмартабаи бузургвор!

5.Наздик аст, ки осмонҳо ва болои якдигар дар ҳам бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои сокинони замин омурзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Худо омурзандаву меҳрубон аст!

6.Худо муроқиби (нозири) аъмоли касонест, ки ғайри ӯро ба дӯстӣ гирифтанд. Ва ту вакили онҳо нестӣ.

7.Ва низ ин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем то уммулқуро2ва сокинони атрофашро бим диҳӣ. Ҳамчунин ононро аз рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки гурӯҳе дар биҳиштанд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон.

8.Агар Худо мехост, албатта, ҳамаро як уммат қарор медод. Вале ӯ ҳар киро ки бихоҳад, ба раҳмати хеш дароварад ва ситамкоронро ҳеҷ дӯсту ёваре нест!

9.Оё ғайри Худоро ба дӯстӣ гирифтанд? Дӯсти ҳақиқӣ Худост. Ва ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва ӯст, ки бар ҳар коре тавоност!

10. Дар он чӣ ихтилоф мекунед,ҳар чи бошад, ҳукмаш ҳавола ба Худост. Ин Худои барҳақ, Парвардигори ман аст. Бар ӯ таваккул кардам ва ба ӯ рӯй меоварам.

11. Офаридгори осмонҳову замин аст. Барои шумо, ҳам аз шумо ҳамсароне биёфарид. Ва низ барои чорпоён ҷуфтҳое падид овард. Бо офариниши ҳамсарон бар шуморатон меафзояд. Ҳеҷ чиз монанди ӯ нест ва ӯст, ки шунавову биност!

12. Калидҳои осмону замин аз они ӯст. Дар рӯзии ҳар кӣ бихоҳад, кушоиш васият ё танг мегирад ва ӯ ба ҳар чизе доност!

13. Барои шумо дину ойине муқаррар кард, аз ҳамон гуна, ки ба Нӯҳ васият карда буд ва аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем, ки динро барпой нигаҳ доред ва дар он фирқа-фирқа мешавад. Таҳаммули он чӣ ба он даъват мекунед, бар мушрикон душвор аст. Худо ҳар киро хоҳад, барои пайғамбарии худ бармегузинад ва ҳар киро ба ӯ бозгардад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.

14. Аз рӯи ҳасаду адоват фирқа-фирқа шуданд, аз он пас, ки ба дониш даст ёфтанд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат аст, ҳаройна, бар онҳо ҳукми азоб мерафт. Ва касоне, ки баъд аз онҳо вориси китоби Худо шудаанд, ҳаройна, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.

15. Барои он3даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ варз ва аз паи хоҳишҳояшон марав ва бигӯ: «Ба китобе, ки Худо нозил кардааст, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо ба адолат рафтор кунам. Худои барҳақ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумо. Миёну мову шумо ҳеҷ муҳоҷҷае (душмание) нест. Худо моро дар як ҷо гирд меоварад ва бозгашт ба сӯйи ӯст!»

16. Ва касоне, ки дар бораи (дини) Худо ҷидол мекунанд (то пеши имони мардумро бигиранд), пас аз он ки даъвати ӯро (гурӯҳе аз мардум) иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷаташон ночиз аст. Бар онҳост хашми Худо ва бар онҳост азобе сахт!

17. Худост, ки ин китоби барҳақ (қуръон) ва тарозуро нозил кардааст. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.

18. Онон, ки бовараш надоранд, (омадани) онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд,аз он бимноканд ва медонанд, ки он (қиёмат), албатта, ҳақ аст. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.

19. Худо бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва ӯ тавонову пирӯзманд аст.

20. Ҳар кас кишти охиратро бихоҳад, ба киштааш меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад, ба ӯ ато мекунем, вале дигар дар кишти охираташ насибе нест.

21. Оё мушриконро бутонест, ки дине барояшон овардаанд, ки Худо рухсати онро надодааст? Ва агар қасди таъхири (ба дер партофтани) азобашон намебуд, ҳаройна, корашон ба поён омада буд ва албатта, ситамкоронро азобест дардовар!

22. Ситамкоронро бинӣ, ки аз ҳосили аъмолашон бимноканд. Ва албатта, ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон ҳаст. Ва ин фазлу бахшоиши бузургест!

23. Ин аст он чизе, ки Худо он гурӯҳ бандагонашро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он мужда медиҳад. Бигӯ: «Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дӯст доштани хешовандон намехоҳам». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Худо омурзандаву шукрпазир аст.

24. Ё мегӯянд, ки бар Худо дурӯғ мебандад. Агар Худо бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Худо ба калимоти худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. ҳаройна, ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност!

25. Ва ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз гуноҳон афвашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед, медонад.

26. Ва дуъои касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, иҷобат мекунад ва аз фазли хеш ононро афзун медиҳад. Ва барои кофирон азобе сахт аст!

27. Агар Худо рӯзии бандагонашро афзун кунад, дар замин фасод мекунанд, вале ба андозае, ки бихоҳад. рӯзӣ мефиристад. Зеро бар бандагони худ огоҳу биност!

28. Ва ӯст он Худое, ки баъд аз навмедияшон борон мефиристад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва ӯст корсозу соҳиби ҳамду сано.

29. Ва аз нишонаҳои қудрати ӯ офариниши осмонҳову замин ва парокандани ҷунбандагон (ҷонварон) дар он ду аст. Ва ҳар гоҳ бихоҳад, бар гирд оварданашон тавоност!

30. Агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад.

31. Шумо натавонед дар рӯи замин аз ӯ бигурезед ва шуморо ҷуз ӯ корсозу ёваре нест!

32. Аз нишонаҳои қудрати ӯ киштиҳоест чун кӯҳ, ки дар баҳрҳо равонанд.

33. Агар бихоҳад, бодро нигаҳ медорад, то киштиҳо бар рӯи баҳр аз рафтан бозмонанд. Албатта, дар ин барои собирони шукргузор, ҳаройна, ибратҳоест.

34. Ё онҳоро ба хотири аъмолашон ғарқа мекунад ва бисёреро низ мебахшояд.

35. Ва то бидонанд, касоне, ки дар оёти Мо ҷидол мекунанд. Ононро ҳеҷ гурезгоҳе нест.

36.Он чӣ шуморо додаанд аз ҳар ҷинс (ашё), баҳраи ин зиндагии дунявист. Ва он чӣ дар назди Худост, барои онҳо, ки имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккул мекунанд, беҳтару пояндатар аст.

37. Ва он касоне, ки аз гуноҳони бузург ва зиштиҳо парҳез мекунанд ва чун дар хашм шаванд, хатоҳоро мебахшоянд;

38. ва онон, ки даъвати Парвардигорашонро посух мегӯянд ва намоз мегузоранд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, сарф мекунанд;

39. ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд (хештанро ёрӣ медиҳанд ва зери бори зулм намераванд).

40. Ҷазои ҳар бадӣ бадие аст монанди он. Пас, касе, ки афв кунад ва оштӣ кунад, муздаш бо Худост, албатта, ӯ ситамкоронро дӯст надорад.

41. Бар касоне, ки пас аз ситаме, ки бар онҳо рафта бошад, интиқом мегиранд, маломате нест.

42. Маломат дархӯри касонест,ки ба мардум ситам мекунанд ва ба ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд. Барои онҳост азобе дардовар!

43. Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳои писандида аст.

44. Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт. Ва золимонро мебинӣ, ки чун азобро бингаранд, мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ҳаст?»

45. Онҳоро мебинӣ, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида мекунанд. Касоне, ки имон оварда буданд, мегӯянд: «Инҳо худ ва аҳлашро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки албатта, ситамкорон дар азоби доим хоҳанд буд!

46. Ҷуз Худо ёру мададгоре надоранд ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳе барояш нест!

47. Пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки аз ҷониби Худо бозгаште надорад, ба Парвардигорат посухи қабул диҳед. Дар он рӯз на паноҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо дифоъе тавонад кард!

48. Агар рӯй гардонанд, туро нафиристодаем, ки нигаҳбонашон бошӣ. Бар ту ҷуз расонидани пайғом, ҳеҷ нест. Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳое, ки кардааст, мусибате ба ӯ расад, ҳаройна, носипосӣ мекунад.

49. Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад, духтар мебахшад ва ба ҳар ки бихоҳад писар мебахшад.

50. ва ё ҳам писар диҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, албатта, ӯ донову тавоност!

51. Ҳеҷ башареро нарасад, ки Худо ҷуз ба ваҳй ё аз он сӯи парда бо ӯ сухан гӯяд. Ё фариштае мефиристад, то ба фармони ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. ҳаройна, ӯ баландпояву ҳаким аст!

52. Ҳамчунин рӯҳе4 аз амри Худро (қуръонро) ба фармони Худ ба ту ваҳй кардем (ки сарчашмаи ҳаёти дилҳо аст). Ту намедонистӣ китобу имон чист. Вале Мо онро нуре сохтем, то ҳар як аз бандагонамонро, ки бихоҳем, ба он ҳидоят кунем ва ҳаройна, ту (мардумро бо ин қуръон) ба роҳи рост роҳ менамоӣ,

53. роҳи он Худое, барҳақ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они ӯст. Огоҳ бошед, ки ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад (ва ҳар коре таҳти назорати дақиқи ӯ ва бо ирода ва машияти ӯ анҷом мепазирад ва ҳар чизе ба ӯ марбут аст)!

 

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 50 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи Фуссилат1| Сураи ЗУХРУФ1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)