Читайте также: |
|
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Бигӯ: «Эй кофирон!
2.Ман чизеро, ки шумо мепарастед, намепарастам
3.ва шумо низ чизеро (зотеро), ки ман мепарастам, намепарастед
4.ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам
5.ва шумо парастандаи чизе (зоте), ки ман мепарастам, нестед.
6.Шуморо дини худ ва маро дини худам!».
Сураи НАСР1
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Чун ёрии Худову пирӯзӣ ояд
2.ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ- гурӯҳ ба дини Худо медароянд,
3.пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ2гӯй ва аз ӯ омурзиш бихоҳ, ки албатта, ӯ тавбапазир аст!
1. Номи ин сура аз нахустин ояти он гирифта шудааст ва он дар Мадина нозил шуда, се оят дорад.
2. Яке аз намунаҳои ситоиш бо тасбеҳ, «субҳоналлоҳӣ ва биҳамдиҳӣ» аст.
Сураи ЛАҳАБ1
(оташ)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Дастҳои Абулаҳаб (киноя аз худи ӯст)2ҳалок бод ва ҳалок бод Абулаҳаб.
2.Дороӣ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард.
3.Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарафтад
4.ва занаш низ дарояд (ҳамроҳи ӯ), ки ҳезумкаш аст (яъне, суханчин аст)
5.ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад (яъне, ба хаффа кардан азоб карда шавад).
1. Номи дигари ин сура «Ал-масад» аст. Номи он аз ояи саввум гирифта шуда, «масад» ба маънии лифи хурмо дар ояти панҷуми он омадааст. Дар Макка нозил шуда ва панҷ оят дорад.
2. Абулаҳаб, кунияи Абдулуъзо- амаки Паёмбар аст. Ва зани ӯ дар озурдани Расули Худо сахт мекӯшид.
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 56 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи ТИН1 | | | Таинственный незнакомец 1 страница |