Читайте также: |
|
(фариштагони гирандаи ҷон)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
2.ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои мӯъминонро) ба осонӣ мегиранд
3.ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
4.ва савганд ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд
5.ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳоро мекунанд,
6.ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
7.ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,
8.дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
9.ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!
10. Мегӯянд (кофирон): «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
11. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
12. Гӯянд (кофирон): «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
13. Ҷуз ин нест, ки танҳо як бонг бармеояд
14. ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.
15. Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
16. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:
17. Ба сӯйи Фиръавн бирав, ки ҳаройна, ӯ аз ҳад гузаштааст.
18. Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ (аз куфру исён),
19. ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Худо)?»
20. Пас, он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.
21. Ва ӯ дурӯғ шумориду нофармонӣ кард.
22. Сипас пушт карду мешитофт.
23. Пас, ҳамаро гирд овард ва нидо дод.
24. ва гуфт: «Ман парвардигори бартари шумо ҳастам!»
25. Худо ба азоби охирату дунё гирифторашон кард.
26. Ҳаройна, дар ин ибратест барои касе, ки метарсад!
27. Оё шумо ба офариниш сахттаред ё ин осмоне, ки ӯ бино ниҳода?
28. Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,
29. шабашро торик кард ва рӯзашро рӯшан сохт
30. ва пас аз он заминро бигустурд
31. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид кард
32. ва кӯҳҳоро устувор гардонид
33. барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.
34. Чун он ҳодисаи бузург даррасад,
35. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи аъмоли худро ба ёд оварад
36. ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад, нишон диҳанд.
37. Пас, ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
38. ва зиндагии ин ҷаҳониро ихтиёр карда,
39.Ҳаройна, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
40. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта,
41. Ҳаройна, биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
42. Туро (эй Паёмбар), аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
43.Туро чӣ огоҳӣ ва чӣ хабар аз он (яъне, ту чизе аз он намедонӣ)?
44. Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.
45. Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.
46. Чун онро бубинанд, пиндоранд, ки гӯё дар ин ҷаҳон ҷуз як шомгоҳ ё чошт наистодаанд.
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 43 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи НАБАЪ1 | | | Сураи АБАСА1 |