Читайте также: |
|
(бодҳо)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
2.ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
3.ва савганд ба бодҳои бороновар
4.ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
5.ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,
6.дафъ кардани узрро ё бим карданро,
7.ки ҳаройна, он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
8.Пас, он гоҳ ки ситорагон хомӯш шаванд
9.ва он гоҳ ки осмон бишикофад
10.ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
11.ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.
12.Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?
13.Барои рӯзи фасл2.
14.Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?
15.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
16.Оё аввалинҳоро ҳалок накардаем
17.ва охиринҳороро3низ аз паи онҳо намебарем?
18.Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.
19.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
20.Оё шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
21.Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,
22.то замоне муъайян?
23.Пас, Мо тавоно будаем ва нек тавоно ҳастем!
24.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
25.Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
26.барои зиндагиву маргатон?
27.Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.
28.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
29.Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.
30.Ба сӯи он дуди се шӯъба (се қисм) ба роҳ афтед,
31.ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи он шӯъла кунад.
32.Ҳаройна, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ҳар як ба баландии қасре азим,
33.гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.
34.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
35.Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.
36.Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.
37.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
38.Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.
39.Пас, агар ҳилае доред, ба кор баред.
40.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
41.Ҳаройна, парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,
42.бо ҳар мевае, ки орзу кунанд.
43.Ба подоши корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод.
44.Ҳаройна, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!
45.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
46.Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки ҳаройна, шумо гунаҳкоронед.
47.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
48.Ва чун гӯяндашон, ки рукӯъ кунед, рукӯъ намекунанд (намоз намехонанд).
49.Дар он рӯз вой бар дурӯғшуморандагон!
50.Пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 54 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи Инсон1 | | | Сураи НАБАЪ1 |