Читайте также: |
|
(дурӯяҳо)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту ҳаройна, паёмбари Худо ҳастӣ». Албатта, Худо медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Худо шаҳодат медиҳад, ки ҳаройна, мунофиқон дурӯғгӯянд.
2.Аз савгандҳои худ сипаре сохтанд ва аз роҳи Худо боздоштанд ва ба ҳақиқат он чӣ мекунанд, нописанд аст.
3.Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройна, онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд. Худо низ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд.
4.Чун онҳоро бубинӣ, туро аз зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ. Гӯё ки ҳаройна, онҳо чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар кун. Худо бикушадашон. Ба куҷо каҷрав мешаванд?
5.Чун ба онҳо гуфта шавад, ки биёед, то паёмбари Худо бароятон омурзиш бихоҳад, сар мепечанд. Мебинӣ, ки рӯйгардониву кибр мекунанд.
6.Тавофуте накунад, чи барояшон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ. Худо нахоҳад омурзидашон. Ва ҳаройна, Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
7.Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд: «Бар онҳо, ки гирди паёмбари Худоянд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд!
8.Мегӯянд: «Чун ба Мадина бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун хоҳанд кард». Иззат аз они Худову паёмбараш ва мӯъминон аст. Вале мунофиқон намедонанд.
9.Эй касоне, ки имон овардед, амволу авлодатон шуморо аз зикри Худо ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст.
10. Аз он чӣ рӯзиятон додем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»
11.Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намеяфканад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 50 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи Ҷумъа1 | | | Сураи ТАҒОБУН1 |