Читайте также: |
|
(оҳан)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Худовандро тасбеҳ2 мегӯянд (ва бо парастиш ризои ӯро меҷӯянд), ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст (аз қабили инсону ҳайвон ва гиёҳ) ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
2.Фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад3 ва бар ҳар чиз тавоност.
3.ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботин4ва ӯ ба ҳар чизе доност!
4.ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арш истиво ёфт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин берун ояд ва ҳар чиро аз осмон фурӯ ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!
5.Фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо боз мегардад.
6.Аз шаб мекоҳад (кӯтоҳ мекунад) ва бар рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва бар шаб меафзояд. Ва ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад огоҳ аст.
7.Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расондааст, инфоқ (харҷ) кунед. Аз миёни шумо ҳар киро имон оварда ва харҷ карда, музде фаровонаш диҳад.
8. Чист шуморо, ки ба Худо имон намеоваред ва ҳол он ки паёмбар шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар бовар доред, аз шумо паймон гирифтааст?
9.ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оёти равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад. Ва ҳаройна, Худо ба шумо, ҳатман, мушфиқу меҳрубон аст.
10.Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ (харҷ) намекунед ва ҳол он ки аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ5инфоқ (харҷ) кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд. Дараҷоти онон (гурӯҳи аввал) болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.
11.Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро подоше некӯ бошад?
12.Рӯзе, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бубинӣ, ки нурашон пешопеш дар самти росташон меравад. Дар он рӯз башорататон (хушхабаратон) ба биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷовидон хоҳед монд ва ин комёбии бузургест.
13.Рӯзе мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Гӯянд: «Ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад, даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб.
14.Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо хештанро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо (аҷал) даррасид ва шайтон (дар фармонбардорӣ) ба Худо фиребатон дод.
15.Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»
16.Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (мутеъ, фурутан) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобат китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд.
17.Бидонед, ки ҳаройна, Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, бошад, ки оқилона дарёбед!
18.ҳаройна, Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзу-л-ҳасана медиҳанд, дучандон подош медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст.
19.Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби подошу нури хешанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мешуморанд, дар ҷаҳаннаманд.
20.Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар амволу авлод монанди бороне ба вақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (ҳайрон кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва насиби гурӯҳе омурзиши Худо ва хушнудии ӯ. Ва зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
21.Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ба биҳиште, ки паноҳи он ҳамсони паноҳи осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад арзонияш медорад, ки Худо соҳиби бахшоише бузург аст.
22.Ҳеҷ мусибате ба замин ё ба молу (ҳосили зироъат ва мева) ҷонатон нарасад, магар пеш аз он, ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст!
23.То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад:
24.онон, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд. Ва ҳар ки рӯйгардон мешавад, бидонад, ки Худо бениёзу сутуданист.
25.Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобу тарозуро низ нозил кардем, то мардум ба адолат амал кунанд ва оҳанро, ки дар он нерӯи сахт ва манофеъе барои мардум ҳаст, фурӯ фиристодем, то Худо бидонад, чӣ касе ба нодида ӯро ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Албатта, Худо тавонову пирӯзманд аст!
26.Мо Нӯҳу Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бештаринашон нофармононанд.
27.Сипас паёмбаронро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз пайи онҳо равона кардем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем. Ва раҳбонияте (узлат; гӯшанишинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммо дар он хушнудии Худо меҷустанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, подош додем, вале бештаринашон нофармон буданд.
28.Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, ки дар рӯшноии он роҳ биҷӯед ва биёмурзадатон, ки Худо омурзандаи меҳрубон аст,
29.то аҳли китоб бидонанд, ки ба бахшоиши Худованд ҳеҷ дастрасӣ надоранд ва ҳаройна, ин бахшоиш ба дасти ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад арзонӣ медорад ва Худоро бахшоише азим аст!
Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 54 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сураи Воқеъа1 | | | Сураи МУҶОДАЛА1 |