Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи ФАТҲ1

Сураи Ёсин1 | Сураи СОФФОТ1 | Сураи СОД1 | Сураи Ғофир1 | Сураи Фуссилат1 | Сураи Шӯро1 | Сураи ЗУХРУФ1 | Сураи ДУХОН1 | Сураи ҶОСИЯ1 | Сураи АҲҚОФ1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

(пирӯзӣ)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Ҳаройна, Мо барои ту пирӯзии2намоёнеро ҳукм кардем.

2.То Худо гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад3ва неъмати худро бар ту тамом кунад ва туро ба сироти мустақим роҳ намояд.

3.Ва Худо ёриат кунад, ёрӣ кардане пирӯзмандона.

4.ӯст, ки ба дилҳои мӯъминон оромиш фиристод, то бар имонашон пайваста бияфзояд. Ва аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо донову ҳаким аст!

5.Ва то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунанд. Ва ин дар назди Худо комёбии бузургест!

6. Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, азоб кунад. Бар гирдашон бадӣ ҳалқа занад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам бад саранҷомест!

7.Аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

8.Ҳаройна, Туро гувоҳидиҳандаву муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристодаем.

9.То ба Худову паёмбараш имон биёваред ва ёриаш кунеду бузургаш доред ва Худоро субҳгоҳ ва шомгоҳ тасбеҳ гӯед.

10.Ҳаройна, онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест бо Худо байъат мекунанд. Дасти4Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, албатта, бар зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад.

11.Аз Аъроби бодиянишин онон, ки аз ҷанг қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву касони мо моро аз ҷанг боздоштаанд, пас барои мо омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Агар Худо бароятон зиёне бихоҳад ё суде бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Худо онро дигаргун кунад?» Балки ӯст, ки ба корҳоятон огоҳ аст!

12.Оё мепиндоштед, ки паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашон боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед.

13.Ва ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёвардааст, бидонад, ки ҳаройна, барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем.

14.Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

15. Чун барои гирифтани ғаниматҳо ба роҳ бияфтед, онон, ки аз ҷанг тахаллуф (қафокашӣ) варзидаанд, хоҳанд гуфт:

“Бигзоред, то мо ҳам аз паи шумо биёем”! Мехоҳанд сухани Худоро дигаргун кунанд. Бигӯ: «Шумо ҳаргиз аз паи мо нахоҳед омад. Худо аз пеш чунин гуфтааст». Сипас хоҳанд гуфт: «Балки, бар мо ҳасад мебаред?» Балки, инҳо ҷуз андаке намефаҳманд.

 

16.Ба аъроби бодиянишин, ки аз ҷанг тахаллуф варзидаанд, бигӯ: «Ба зудӣ барои ҷанг бо мардуме сахт нерӯманд фаро хонда мешавед, ки бо онҳо меҷангед ё мусалмон мешаванд. Агар итоъат кунед, Худоятон подоше некӯ хоҳад дод ва агар ҳамчунон ки пеш аз ин сар бартофтед, сар бартобед, шуморо ба азобе дардовар азоб мекунад».

17.Бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовар азоб мекунад».

18.Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт5бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас, оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик подошашон дод

19. ва ба ғаниматҳои бисёр, ки ба даст меоваранд. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

20.Худо бар шумо ваъдаи ғаниматҳои бисёре додааст, ки ба даст меоваред ва ин ғаниматро зудтар арзонӣ дошт ва шуморо аз осеби мардумон амон бахшид, то барои мӯъминон ибрате бошад ва ба роҳи рост ҳидояташон кунад.

21.Ва ғаниматҳои дигаре, ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед. Ҳаройна, Худо ба он иҳота дорад ва ӯ ба ҳар коре тавоност.

22.Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт карда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёридиҳандае намеёбанд.

23.Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо, ҳаргиз, дигаргунӣ нахоҳӣ ёфт!

24.ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо пирӯзиятон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!

25.Онҳо ҳамонҳоянд, ки куфр варзиданд ва шуморо аз масҷиду-л-ҳаром боз доштанд ва нагузоштанд, ки қурбонӣ ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар мардони мусалмону занони мусалмоне, ки онҳоро намешиносед, дар миёни онҳо набуданд ва бими он набуд, ки онҳоро зери пой кунед ва надониста муртакиби гуноҳ шавед, Худо дасти шуморо аз онҳо бознамедошт. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, машмули раҳмати худ гардонад. Агар аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азобе дардовар азоб мекардем.

26.Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, ки дил ба таъассуб, таъассуби ҷоҳилӣ супоранд (ва тасмим гирифтанд, ки мусалмонон вориди Макка шаванд), Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва тақворо лозимашон кард, (ихлос ва итоъати онҳо аз Худо ва расулаш) ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност!

27.Ҳаройна, Худо хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: “Агар Худо бихоҳад, эмин гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме ба масҷиду-л-ҳаром дохил мешавед”. Худо чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Ва ҷуз он дар ҳамин наздикӣ фатҳе (фатҳи Хайбар) насиби шумо карда буд.

28.ӯст, ки паёмбарашро ба ҳидоят ба дини ҳақ фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва Худо барои шоҳидӣ додан кофист!

29.Муҳаммад – паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон (яъне, дар муқобили мухолифони динашон сахтгирӣ мекунанд ва дар муқобили мувофиқони дини худ меҳру нармиш ва утуфат нишон медиҳанд, чунки Худованд ба мӯъминон фармон додааст, ки нисбат ба куффор ғализ ва сахтгир бошанд). Ононро бинӣ, ки рукӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд (яъне, порсоёни шаб ва шерони рӯз ҳастанд) ва (ба василаи тоъату ибодати Худ) талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонаашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост5. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат водорад (мӯъминон низ ҳамин гунаанд ва лаҳзае аз ҳаракат бознамеистанд ва мисли гандум саркашида, хӯша мезананд. Он хӯшаҳо парвариш ёфта, борвар мешаванд. Ин пешрафту қувва ва қудратро Худо насиби мӯъминон мекунад), то он ҷо, ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба омурзиш ва мукофоте бузург ваъда додааст!

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 43 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи Муҳаммад 1| Сураи ҲУҶУРОТ1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)