Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи Мумтаҳана1

Сураи ҲУҶУРОТ1 | Сураи ҚОФ1 | Сураи ЗОРИЁТ1 | Сураи ТУР1 | Сураи НАҶМ1 | Сураи Қамар1 | Сураи РАҲМОН1 | Сураи Воқеъа1 | Сураи Ҳадид1 | Сураи МУҶОДАЛА1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

(зани имтиҳоншуда)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр макунед. Шумо бо онон тарҳи дӯсти меафканед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки бар шумо омадааст, имон надоранд. Ва ба он сабаб, ки ба Худо, Парвардигори хеш имон оварда будед, паёмбар ва шуморо берун ронданд. Агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, дар ниҳон бо онҳо дӯстӣ макунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед огоҳтарам. Ва ҳар кӣ чунин мекунад, аз роҳи рост гумроҳ гаштааст.

2.Агар бар шумо даст ёбанд, душманӣ мекунанд ва ба озоратон дасту забон мекушоянд ва дӯст доранд, ки шумо низ кофир гардед.

3.Дар рӯзи қиёмат на хешовандон бароятон суд кунанд, на фарзандонатон. Худо миёнатон ҷудоӣ меафканад ва аъмолатонро мебинад.

4.Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд, он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд, ки мо аз они шумо ва он чӣ ҷуз Худои якто мепарастед, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред, бароятон некӯ пешвое буданд. Магар он гоҳ ки Иброҳим падарашро2 гуфт, ки барои ту омурзиш металабам, зеро наметавонам азоби Худоро аз ту дафъ кунам. Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккул кардем ва ба Ту рӯй овардем ва саранҷом Ту ҳастӣ!

5.Эй Парвардигори мо, моро зердасти кофирон магардон. Ва (гуноҳони) моро биёмурз, ки ҳаройна, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!

6.Онҳо (Иброҳим ва пайравонаш) некӯ пешвое ҳастанд барои шумо ва барои касоне, ки ба Худову рӯзи қиёмат умед доранд ва ҳар кӣ рӯй гардонад, албатта, Худо бениёзу соҳиби шукр аст!

7.Шояд Худо миёни мову касоне, ки бо онҳо душманӣ меварзед, дӯстӣ падид оварад. Худо қодир аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

8.Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан ба онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, боз намедорад. ҳаройна, Худо касонеро, ки ба адолат рафтор мекунанд, дӯст медорад.

9.Фақат Худо аз дӯстӣ варзидан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзаминатон (Макка) берунатон рондаанд ё дар берун ронданатон (аз душманонатон) пуштибонӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дустӣ варзад, аз ситамкорон хоҳад буд.

10.Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъмине, ки муҳоҷират кардаанд, ба наздатон оянд, биозмоедашон. Худо ба имонашон донотар аст. Пас, агар донистед, ки имон овардаанд, назди кофирон бозашон магардонед. Зеро инҳо бар мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар онҳо ҳалол нестанд. Ва ҳар чӣ он кофирон барои ин гуна занон харҷ кардаанд, бипардозед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе накардаед. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва ҳар чӣ харҷ кардаед, аз мардони кофир бихоҳед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд, аз шумо бихоҳанд. Ин ҳукми Худост. Худо миёни шумо ҳукм мекунад ва ӯ донову ҳаким аст!

11.Ва агар яке аз занони шумо ба кофирон пайваст ва он гоҳ ба интиқом аз кофирон бархостед, ба касоне, ки занонашон рафтаанд, ба мизони сарфе, ки кардаанд, бипардозед ва аз Худое, ки ба ӯ имон овардаед, битарсед!

12.Эй паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то байъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Худои барҳақ шарик накунанд ва дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд3ва фарзандонеро, ки аз они шавҳаронашон нест, ба дурӯғ ба онҳо нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Худо омурзиш бихоҳ, ки ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст4!

13.Эй касоне, ки имон овардаед бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Инҳо аз охират навмеданд, ҳамчунон ки он кофироне, ки инак, дар гӯранд, аз охират навмеданд.


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 64 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи Ҳашр1| Сураи САФ1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)