Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Дар Донишкадаи Технологии Массачуссетa

Читайте также:
  1. Аквакультурные технологии
  2. Глава 14. Перспективы создания интегральных САС на основе нетрадиционной технологии металлообработки.
  3. ГЛАВА 21. ЗРЕНИЕ – К ВОПРОСУ О ТЕХНОЛОГИИ КОНТРОЛЬНЫХ ТОЧЕК
  4. Глава 5. Основы технологии
  5. Его задача — превращение индивидуальных знаний, опыта, навыков в доступные всем сотрудникам компании технологии реализации.
  6. Игровые технологии.

Мухтарам Президент Вест, аъзоёни корпорацияи Донишкадаи Технологии Массачуссетс, мухтарам устодон, МЭР Ривес, хатмкунандаони хушбахт ва волидони боз хам хушбахттар, хамаи онхое, ки имруз дар ин чо хузур доранд, хеле шоду ифтихорманд хастам, ки хамин субх хамрохи шумо мебошам.

ДТМ ба дарачаи баланди таълим ва тадкикоти илми ноил гардидааст, ки ин барои донишгоххои тамоми чахон намунаи ибрат мебошад. Барои шумо, ки дар ин донишкада солхои зиёд фаъолият доред, чунин пешрави ба хукми анъана даромадааст, вале барои ман, ки баъди сипари шудани чандин сол бори аввал ба ин чо ташриф меоварам, иктидори донишкадаи шумо барчаста ва аён мебошад.

Илму маърифат барои оилаи эшон солхои зиёд боз ахамияти аввалиндарачаро дорост. Ачдодони ман 1000 сол пеш дар давраи хилофати Фотими дар Миср донишгохи Ал–Азхарро дар Кохира таъсис дода буданд. Ачдодони ман дастовардхои илму маърифатро хамчун тачассумёбии эътикоди мазхабии худ медиданд, эътикоде, ки тавассути дониш боз хам пуркувваттар мегардид. Дар муддати хазор сол шаклхои онишгоххо хам дигаргун гаштаанд, аммо алокаи тарафайн байни эътикод ва дониш доими манбаи кудрат боки монд.

ДТМ хам дар муддати си сол тагйир ёфт. Максади аввалиндарачаи ташкилёбии ин донишкада аз конеъ гардондани талаботи чамъият дар амали олами нави саноати иборат буд… Бо дигаргун шудани талаботхои он накшахои таълими донишгох хам тагйир меёфтанд. Донишкада боз аз пеш дарк менамуд, ки дарачаи «технология» барои халли мушкилоти ичтимоъи лозим буда аз доираи илмхои техники ва табиатшиноси берун мебарояд ва аз хамин сабаб хам ба фаннхои чамъияти ва гуманитари диккати зиёдтар додаги мешуданд. Дастовардхои маъориф ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси сохахои гуногун имконият фарохам меовард.

Акнун ман мебинам, ки ДТМ аз тарафи дигар хам тагйир ёфта истодааст. Намояндахои хамаи китъахо ва мазабхоро хам дар байни донишчуён ва хам устодон пайдо кардан мумкин аст. чунин ба назар мерасад, ки ДТМ тайёр аст неруи тамоми китъахоро истифода барад, неруе, ки бо боварии комил метавон гуфт, кудрати ояндаи хамин донишкада хохад шуд. Вакте дар бораи мавзуъе барои имруз фикр мекардам, ба чунин хулоса омада будам, ки баромадхои маросимхои хатмкуни бояд хакикати куллро инъикос намояд, хакикате, ки мохияти худро дар тули хаёти шумо вобаста ба манфиъати маънавии гуногуни хатмкунандагон тагйир нахохад дод. Аммо чустучуи хакикати куллро бо мазмуни замони хеле мушаххаси чахони чадидчи гуна бояд мутобик кард? Вокеъан, шумо ва эшон имруз баро он чамъ омадаед, ки соли 1994 ДТМ ва чахонро дар давраи эволюцияи онхо мебинед. Аз сабаби он, ки чуз метавонад барои дарк намудани кулл ёри расонад, кайдхои ман имруз чузъиётро дар бар мегирад ва мехохам бо хамин восита дар бораи кулл хам чизи арзандае ба самъи шумо расонам.

Имруз ман дар бораи вохурихо сухан меронам. Вохурихо –вохурии ду шахс. Вохурии ду хиссача. Вохурии ду фарханг. Натичаи вохурихо дар чунин вазъияти халкунандаи таъсири таъсири тарафайн муайян мебошад. Барои мисол, бархурди одии ду гулулаи бозии биллиардро гирем, натичаро аз руи мавкеъ, суръат ва масса пешаки пешбини кардан мумкин аст. аммо вохурихо ба вохурие, ки диккати моро чалб намудаанд, он кадар содда намебошанд. Вохурии халкхо ва фархангхо ва дарачаи муайяни рохи пешгирифтаи хар яке аз онхо барои ба максад ноил шудан мебошад. Мавзуъхои зикршуда тахрихи худро доранд. Вохури мушкилот ва микдору андозаи гуногун дорад. Натичаи вохури байни ду халк ё байни ду фарханг дар асоси ният ва тасмими хар яке аз тарафхо дар асоси максадхои онхо ва шояд дар асоси барномаи чавобхое, ки хар яке омухтаанд, ташаккул меёбад. Аз хамин сабаб вохурихо дорои хусусиятхои хам кулл ва хам чузъ мебошанд. Иттиходи нави халкхо ва фархангхо дар ин бархурдхо иштирок дошта, омилхое мебошанд, ки замони моро аз дигар даврхо фарк месозанд.

Ду тагйироти иомаёфтаистодаи сиёси ва ичтимои сабаби пайдоиши хамин гуна иттиходхои навро шарх медиханд. Аввалин парокандашавии Коммунизм дар Иттиходи Шурави ва Европаи Шарки. Ба назари шумо, хатмкунандагон чунин мерасад, ки солхои тулони боз дар ДТМ тахсил карда истодаед. Вале хакикати галати аз он иборат аст, ки парокандашавии аксарияти мамолики коммунисти дар давраи огози тахсили шумо дар ин чо рух дода буд. Шумо ба чахоне бармегардед, ки дар он коидаи нисбат ба то давраи ба донишгох дохил шудани шумо фарк мекунад. Дар оламе, ки пештар ба ду гурух таксим шуда буд, дигар касро тарафдори коммунизм ва капитализм шумурдан кифоя аст. акнун имкониятхои васеъи интихоб хам дар мамолики тараккикардаи саноати ва хам ру ба тараккии чахон баробар кушода хастанд. Мамониъат аз пеши дигаргунихои кулли гирифта шудааст. Акнун имконияти васеъи фаъолият ва бархурди эчодкорона фарохам омадаанд. Аз фурсати бой истифода бурда, зеро шароит барои дигаргунихо на хама вакт мусоид хоханд буд. Дигаргунихо давом ёфта истодаанд. Имконияти реалии азнавбаркароршавии Иттихожи Шурави хам вучуд дорад, агар ба дигаргунихои ичтимоъии давраи парокандашавии сиёси ва реформахои иктисоди боз хам бадтар шудан, нисбат ба давраи давлатдории тоталитари дода шавад.

Ин гуна садамот хусусияти хоси собик блоки коммунистиро инъикос менамояд. Дар олами ислом бошад, дигаргунихои кулли навъи тамоман дигарро дучор омадан мумкин аст. дар ин чо дигаргунихо дар идрок ва мохият ба амал омадаанд ва хар дуи ин равиш дар холати инкишоф мебошанд. Таачубовар он аст, ки олами Ислом аз тарафи Гарб хеле гайри каноатбахш дарк карда шуда, ба ибораи забони лотини «замини номаълум». Хатто имруз хам кас дар Гарб рамзхои бар хилофи хакикат тасвир шуда, ба мисли карикатураи мусалмон дар накши шайхе аз мамолики нафтистехсолкунанда ё фундаменталистхои белачомро дида метавонад. Амалан олами ислом сузани ранг ба ранг ва бо накшу нигори бой ва дигаргуншудаистодаро мемонад ва хеле хуб мешуд, агар Гарб кушише барои фахмидани он ба харч медод. Кудрати иктисодии олами Ислом на факат аз сабаби захирахои зиёди нафти Шарки Миёна, балки аз сабаби пешрафти босуръати мамолики нави саноъати, ба мисли Малайзия ва Индонезия афзуда истодааст. Ахолии он зиёд шуда истодааст ва аллакайчоряки ахолии тамоми курраи заминро ташкил менамояд. Ислом таачубовар аз тамоми нуктахои назар рангоранг мебошад- аз чихати этники, иктисоди, сиёси ва аз руи шархи этикоди динии худ. Вожаи олами ислом дигар яке аз кисматхои олами ру ба тараккиро ифода намекунад. Мусулмонон дар Иёлоти Муттахида, Канада, Британияи Кабир ва Аврупои Гарби шумораи муайянеро ташкил менамоянд ва ин процесс дар холи афзоиш мебошад.

Мазхабхои гуногун хусусияти хос ва мухими ислом мебошад ва аз тарафи аксарияти ахолии гайримусулмон галат дарк карда шудаанд. Бисьёрихо дар Гарб аввалин маълумотро дар бораи он, ки ислом аз ду шохаи асоси –Сунъи ва Шиъа иборат аст факат баъд аз инкилоби Эрон фахмиданд. Ин далел сатхи будани чунин донишро собит менамояд. Ба мисли он мо, мусулмонон акнун фахмидем, ки дини Насрони аз шохахои Протестанти ва Католики иборат мебошад ва дар бораи реформация, кудрати калисо ва идеяхое, ки дар охири асри 16 ва аввали асри17 бо пахншавии мазхаби Протестанти оварда расонданд, тасаввуроте надошта бошанд. Ё ин ки гуё мо чунин тасаввур менамоем, ки аксарияти амрикоихо мутаалик ба мазхаби Давидионхо мебошанд.

Дар холати надоштани тасаввурот дар бораи чоряки хиссаи чахон саволе ба миён меояд, ки накши донишгох барои бартараф намудани чунин галатфахми аз чи иборат аст. аз руи фахмиши ман донишгох дар сатхи аввал на факат барои дарк намудани принципхои асосии он, ки фаннхои гуногун барои аз худ намудани олам зарур мебошад, балки инчунин барои дарк намудани пахлухои мураккаб ва бойи таърих, забон ва фарханг, ки проблемахои хакикии хаётро шавковар ва мушкил месозанд, чавобгар мебошад. ДТМ хар дуи ин дарсхои ибратро хуб ва бардамона таълим дода истодааст. Вале чунин ба назар мерасад, ки пештар вазъият дигар хел буд. Ба маълумоти ман расонданд, ки хангоми кушодашавии ДТМ соли 1865 яке аз донишмандони махалли бо изхороти каноъатманди чунин кайд карда буд, ки ташкилёбии ДТМ такдири низоми кухнаро, ки дар асоси он чавонони мо бехтарин давраи донишчуии худро дар тит кардани китобхои сарфу нахв ва лугати нажодхои камсаводтар сарф мекарданд. «Акнун ДТМ худ фахмидааст, ки он «нажоди камсаводтар» хам чизе барои таълим ба дигархо доранд, дар хамин таълим ба донишгох барои амали намудани иктидори он ёри мерасонд.ба фикри ман, донишхо на факат аз ухдаи ривочу равнак додани аклу хиради донишчуён, балки инчунин дарки ахамияти иштироки фаъолона дар халли проблемахои чахон бомуваффакият баромада метавонанд. Дигаргунихои куллии иктисоди ва сиёси дар гирду атрофи мо барои хизмат имконият фарохам овардаанд ва нисбат ба шахсони дарки аклу заковат, ки бомуваффакият ин вазифахои душвор, вале мухимро хал менамоянд, илхомбахш мебошанд.

Ичозат фармоед, як мисоле барои нишон додани он, ки чи гуна хатмкунандагон имруз метавонанд аклу заковати худро истифода баранд, ба шумо пешкаш менамоям. Точикистон як мамлакати кухи дар Осиёи Миёна мебошад, ки ахолии он аз 5 миллион нафар иборат буда, 99 фоизи он мусалмонон мебошанд. Хамчунин чумхурии собик Иттиходи Шурави, ки бо Хитой ва Афхонистон хамсарад мебошад, он ахамияти стратеги дошт ва ин мохияти захирахои табиии онро ба дарачаи дуввум мепартофт. Аз хамин сабаб Иттиходи Шурави дар Точикистон барои сохтани роххо, станцияхои барки, таъминоти маводи хурока ва молхои саноъати, рушди маориф ва хифзи саломатии мардум маблагхои зиёд сарф менамуд. Натичаи ин хама дарачаи баланди махлумот мебошад, ки ба талаботи замон чавоб дода метавонист ва мутахассисони баландихтисоси он дар дигар кисматхои Иттиходи Шурави хам фаъолият доштанд. Баъд аз пароканда шудани Иттиходи Шурави вазъият дар Точикистон тагйир ёфт.

Дотацияи давлати, ки нисфи зиёди маблаги бучае, ки дар нохияхои дурдаст 80 дар сад таъминоти маводи хурокаро таъмин мекарданд, катъ гардиданд. Натичаи хамаи ин гуруснаги, танкисии сузишвори ва пушок, номуайянии такдири оянда мебошад. Вакте ки гуруххои муайян барои ба даст даровардани кудрати сиёси ва иктисоди кушишхо огоз намуданд, муносибати этникии байни ахолии бумии Точикистон ва хамсояхои онхо –узбекхо, киргизхо ва русхои мухочир, ки солхои зиёд саркуб карда мешуданд, тезу тунд шудан гирифтанд. Мазхаб, ки 60 сол боз пинхони дар хона амали мегардид, аз он берун баромад ва ба кудрати калон табдил ёфт.

Точикистон ба маркази ачибтарин бархурдхо табдил ёфтааст. Махз дар хамин чо ва дигар чумхурихои Осиёи Миёна фархангхои бузург бо хам рубару меоянд: олами Коммунисти, олами Ислом ва олами Гарб. Махз дар хамин чо ин се фарханг заминаи хуб тайёр карда метавонанд, ки аз вазъият дар Босния комилан фарк хохад дошт. Натичаи он рубарушави дар Точикистон метавонад дар рафти таърих дахсолахои минбаъдаро муайян намояд. Аз хамин сабаб хам зарур аст, ки дар бораи мавкеъи хар яке аз ин фархангхо дар оянда фикр кард. Вале барои муфид будани вохурии ин ё он фарханг чи кор бояд кард? Барои ба муваффакият ноил шудан, аз нуктаи назари ман, чор чиз зарур мебошад. Барои хар яке аз ин фархангхо муваффакияти якум аз кудрат ва дуввум аз пайдархамии максадхои онхо вобаста мебошад. Натичаи саввум бояд ба пешрафти вазъияти мавчуда мусоидат намояд. Ва нихоят чорум –давраи гузариш бояд шоистаи башарият бошад. Хар яке аз ин се фарханг барои халли мушкилоти Точикистон хиссаи мушаххаси худро гузошта метавонад. Гарб воситахои гуногун дорад, аммо мухимтарин дар байни онхо илм ва демократия, инчунин созмонхои хусуси, иктисодиёти озод ва шинохтани хукукхои асосии башар мебошанд. Олами Ислом низоми арзишхои дорои решахои хукукиро дорад, ки хизмати башардусти ва хиссиёти чавобгарии умум дар байни онхо барчастатар мебошад ва инчунин таксимоти хаётро ба мазхаби ва ашрофона инкор менамояд. Бо вучуди он, ки собик олами Коммунисти аз нуктаи назари иктисоди маглуб шуд, барои некуахолии ичтимои маблагхои зиёд сарф мекард, махсусан доир ба накши ичтимоъии занон тавонист дар Точикистон ба дастовардхои муайян ноил гардад. Хамаи инхо намунахои кудрат ва максадхои бузург мебошанд. Роххои бо хам муттахид намудани ин фархангхо барои халли проблемахои Точикистон хануз маълум нест. Аммо агар натичаи кобили тахаммул бошад, лозим аст, ки захирахоро барои рушди созмонхои хусуси, ташкилотхои чамъиятии мутасадди ва истифодаи имкониятхои захираи одами сафарбар намуд.

Аммо бо кадом роххо, бе осебе ба халк, ки алаккай дар натичаи дигаргунихо ва танкисии хуроку пушок азоб кашида истодааст, ёри расондан мумкин бошад? Боз хам рохи муайян маълум нест, аммо кас бояд харакат кунад, ки робитахои пуркудрати дастгирии тарафайн, ки дар чамъияти мусулмони ва коммунисти одамонро бо роххои гуногун бо хам пайвастнигох дошта шавад. Бояд кушиш карда шавад, ки дастовардхои калон дар сохаи хифзи саломати ва маъориф дар давраи гузариш ах даст дода нашавад. Барои мисол, баробарии мардон ва занонро, ки муддати 60 сол дар Точикистон ба даст дароварда шуда буд, дар давраи гузариш ба иктисодиёти бозор аз даст додан бар хилофи вичдон нахохад буд.

Ман умедвор хастам, ки намояндахои ин се фарханг хангоми рубарушави дар Точикистон ин талаботро дар назар хоханд дошт. Агар бархурди олами Ислом, Гарб ва собик Коммунисти бо назардошти танзими кудрати хеш пайдархамии максадхо, мубориза барои ба даст даровардани натичахои кобили тахаммул ва тараккиёфта ва гузариши шоистаи башариятамали гардад, дар сурат вохури бомуваффакият ва ахамияти мухим хохад дошт. Руйдодхо дар мамолики хамсоя ба мо хотиррасон менамоянд, ки ахамияти Точикистон солхои охир хакикатан хам афзуд.

Имруз ба хатмкунандагон мурочиат намуда, изхри умедвори менамоям, ки ин чор шарт бархурдхои шумо бо ДТМ баробар ичро шуда буданд. Савияи баланди устодон ва донишчуёнро дониста, ман шубхае, надорам, ки вохурии мо бо шумо кудрати зиёд бахшид. Бовари дорам, ки хар яки шумо барои ба даст даровардани максадхои худ мунтазам кушиш карда будед. Сифат ва пойдории ин донишхо дар тули хаёт муайян хоханд шуд. Аммо аз руи табассумхое, ки дар руи хатмкунандагон хувайдост, ман ба хулосае омада метавонам, ки давраи гузариш –давраи тахсили шумо дар ДТМ нихоят бомурувват гузашт.

Дар хотима мехостам суханхои Президенти пештараи ДТМ Чеймс Киллианро ба ёд биорем, ки 50 сол пеш гуфта буд: «Бо максади ба хам омехтани ду соха –илм ва гуманизм васеъ табдил додани онхо, ки хам ба илмхои дакик ва хам гуманитари асос ёфта бошанд, алокаи зичтариин илмхо лозим аст. ин гуна омезиш ба хеч кадоме аз ин илмхо халал нахохад расонд. Барои аз ухдаи проблемахои чамъияти чадид баромадан барои мо чахонбинии дутарафа лозим аст». Зарурати истифодаи кудрати фаннхои академики хануз хам мохияти худро гум накардааст.барои халли ин мушкилот хукумат ва маърифати фархангхои гуногунро бояд истифода намуд.

 


Дата добавления: 2015-09-02; просмотров: 298 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
ВЫБОР ЗА ВАМИ – В КАКОМ ТЕЛЕ КОМФОРТНЕЕ| Змея из бисера схема

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)