Читайте также:
|
|
Абӯмусои Ашъарӣ мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Қуръон ҳуҷҷате аст ба нафъи ту ё ҳуҷате аст алайҳи ту» (агар онро тилловат намоӣ, ба он амал кунӣ ҳуҷҷате ба нафъи ту хоҳад буд, дар ғайри ин сурат ҳуҷҷате алайҳи ту хоҳад буд).(Имом Муслим)
Модари муъминон Оиша (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Касе, ки дар хондани Қуръон маҳорат дорад рӯзи қиёмат манзалате монанди манзалати фариштагони бузургвор ва некӯкор хоҳад дошт, ва касе, ки бо гирифтани забон ва сустӣ онро тиловат намояд, ду подош дорад».(Бухорӣ ва Муслим)
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки: «Паёмбар (с) фармудаанд: «Худованд ба василаи ин китоб миллатҳоеро боло мебарад ва милатҳои дигареро ба зиллату хорӣ мекашонад».(Имом Муслим)
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе, як ҳарфе аз китоби илоҳиро тиловат намояд, як некӣ барояш навишта мешавад, ки он некӣ даҳ баробар аҷру савоб дорад. Ман намегӯям: «الف لام ميم» ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф, ва мим як ҳарфи дигар аст».(Имом Тирмизӣ)
Абӯсаиди Худрӣ (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳамеша бо ёди Худованди Мутаол бош ва Қуръонро тиловат кун, зеро бо тиловати Қуръон рӯҳат дар осмон ва зикрат дар рӯи замин ба шумор меравад».(Имом Аҳмад)
Ибни Масъуд (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «ҳар касе дӯст дорад, ки муҳаббаташ нисбат ба Худованд ва паёмбараш (с) зиёда гардад, Қуръонро аз мусҳаф тиловат намояд.» (яъне бо нигоҳ кардан аз рӯи Қуръон тиловат намояд).(Байҳақӣ)
Ибни Умар (р) мегӯяд: паёмбар (с) фармудаанд: «Ғибта хӯрдан фақат бар ду нафар ҷоиз аст:
Дата добавления: 2015-07-20; просмотров: 95 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Сунна относительно краев одежды для мужчин | | | Шахсе, ки Худованд бар ӯ Қуръон иноят намудааст ва ӯ Қуръонро шабу рӯз тиловат менамояд. |