|
Љањони муосир босуръат рушд менамояд. Замоне парвози самалёту чархболњо, интиќоли садо, радио ва телевизион ба таври афсона ба кўдакон дар шакли гилеми паррон, оинаи сењрнок ва ѓайра наќл мегардиданд. Бо гузашти ваќт ва пешрафти илмї афсона ба њаќиќат табдил меёбад. Албатта, љавонони моро месазад, ки дар омўзиши илм сайъ кунанд, то ба пешрафту таракќиёти кишвари азизамон сањмгузор бошанд.
Сарвари кишварамон њамеша мо – љавононро ќувваи пешбаранда љомеа мехонанд ва моро њидоят ба илмомўзї менамоянд. Тавассути илмомўзї мо роњи дурусти зиндагиро дарк менамоем, фирефтаи нобакорону ифротгароён намешаваем. Бояд зикр кард, ки ифротгарої ва фанатизм (дар ин замина терроризм) аз наомўхтани илм ва надонистани Ислом сар мезанад. Китоби муќаддаси мусулмонон “Ќуръон” инсониятро ба хубиву накўкорї њидоят менамояд.
Њангоми омўзиши ин китоби муќаддас диќќати моро як њодисаи табиї љалб кард, ки бо дарназардошти манфиатнокии он њоло дар хусуси обу њаво ва гардиши абрњо андеша меронем.
Абр ин системаи мањсулоти буѓњои об дар атмосфера мебошад. Чи хеле ки маълум аст, атмосфераи замин аз ќабатњои гуногун (тропосфера, озоносфера, сратосфера, мезосфера, ионосфера, термосфера магнитосфера) иборат аст. Њар ин ќабатњо хосияти худро доранд. Масалан, дар тропосфера, ки дар аз сатњи замин дар баландии 13 -15км љойгир аст, буѓњои оби аз замин бухоршуда конденсатсия шуда, њамчун борон ба замин бармегарданд, яъне абрњои дар тропосфера њосилшуда конденсатсия шуда, боронро њосил мекунанд. Њарорати абрњо аз натиљаи тадќиќотњои метереологњо ба -100С -150С баробар аст. Абр аз буѓњои об, кристаллњои ях иборат аст. Њарорати абрњои боронї ба -100С баробар аст.
Дар рӯзњои офтобӣ абрњо дурахшида, дар осмон шино мекунанд, ки дилхушкунанда ва сабук метобанд. Аммо вазни онњо то дараљае рафта мерасад, ки мо њатто онро тасаввур карда наметавонем. Масалан, дар абрњои сияњ то 300 њазор тонна об љамъ мешаванд. Ба ин сохти аљоиби абр дар њайрат мемонем, ки чӣ тарз 300 њазор тонна об дар њаво шино мекунад? Дар “Ќуръон” – и карим дар висоли ин хосияти абрњо дар сураи “Аъроф”, дар ояти 57 – ум омадааст: “Ва Ӯ [Худой] аст, ки бодњоро пеш аз рањмати Худ муждадињанда мефиристад; то ваќте ки [бод] абри гаронро бардорад, онро ба сӯйи шањре мурда равон кунем; пас, ба воситаи он абр обро фуруд орем ва бо он об љинси њар меваро берун орем. Њамчунин мурдагонро берун меорем, то шумо пандпазир шавад”.
Дар замони пеш аз “Ќуръон” одамон дар бораи вазни абрњо тасаввуроте надоштанд. Ин далелњо аз тарафи олимон дар љањони муосир бо воситаи технологияи навтарин собит гардиданд.
Ѓайр аз вазни абрњои боронӣ дар “Ќуръон” боз дар бораи миќдори боришоти ба замин афтанда далелњои аљоиб омадааст. Дар сураи “Зухруф”, ояти 11 омадааст:
“Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки аз осмон обе ба андоза фуруд овард; пас, бо он шањри мурдаро зинда кардем – њамчунин шумо бароварда хоњед шуд”.
Миќдори борони ба замин афтанда дар аввали асри ХХ омӯхта ва тадќиќ карда шуда буд. Аз рўйи нишондоди метереологњо аз сатњи замин њар сония 16 млн тоннна об бухор мешавад. Дар як сол ин миќдор ба 505 триллион тонна мерасад. Миќдори борони дар њар сол ба замин афтанда њам њамин миќдорро (505 трлн тонна) дар бар мегирад. Аз ин бармеояд, ки дар табиат мувозинатии гардиши об бо миќдори муайян, ќонуни табиат аст, Давомёбии њаёт дар замин ба гардиши об асос ёфтааст. Одам њатто бо истифодабарии технологияњои навтарин ба таври сунъӣ гардиши обро њосил карда наметавонад.
Агар миќдори борони ба замин афтанда ё бухоршаванда, каме таѓйир ёбад њам, мувозинатии экологӣ вайрон мешавад, ки дар натиља давомёбии њаёт катъ мегардад. Вале ин њодиса њељ ваќт рӯй намедињад, чи хеле ки дар “Ќуръон” омадааст, њар сол миќдори боришот якхела (баробар) аст.
Сухан на танњо дар бораи миќдор, балки дар бораи шакл ва суръати борон њам меравад. Абрњои боронӣ дар баландии на камтар аз 1200 метр љойгиранд. Агар аз ин баландӣ ягон љисми вазнаш ба андозаи борон афтад, пас суръати он ба 558км/ст баробар мешавад. Афтиши љисм бо чунин суръат ба олами зинда марговар аст. Агар суръати борон њамин тавр мебуд, њаёт дар замин пайдо намешуд. Баъзе аз абрњои боронӣ дар баландии 10 њазор метр љойгиранд ва агар ин баландии афтишро ба назар гирем, он гоњ ба суръати борон бањо додан ѓайриимкон аст. Аммо борон зарару зиён намерасонад, новобаста аз баландї суръати борон аз рӯйи тадќиќотњо ба 8 -10км/ст баробар аст.
Физики олмонӣ Филипп Леннард, дорандаи Љоизаи Нобелӣ исбот кардааст, ки њангоми зиёдшавии диаметри ќатраи борон суръати он низ зиёд мешавад. Аммо зиёдшавии ин суръат то замон давом мекунад, ки диаметри ќатраи борон ба 4,5мм баробар шавад. Ќатрањое, ки диаметри онњо аз 4,5мм калон аст, бо суръати 8мм/с меафтанд. Сабаби якбора пастшавии суръати ќатраи борон ба шакли он вобаста аст, ки ќувваи муќовимати њавои атмосфераро зиёд мекунад. Хулоса, суръати борон њудуди муайян дорад ва аз ин њудуд намегузарад.
Мурод аз ин суханњо дар он аст, ки 1400 сол ќабл аз ин одамон дар бораи афтиши ќатраи борон тасаввуроте надоштанд, вале дар китоби муќаддас ин њодиса ба таври даќиќ баррасї шудааст.
Нематуллоев Сарвархӯља –донишљӯи курси 1 факултаи физика
Дата добавления: 2015-08-17; просмотров: 68 | Нарушение авторских прав
<== предыдущая страница | | | следующая страница ==> |
Править] Версальский договор | | | Определение цилиндра |