Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

БӮСТОНИ ҲАДИС

1. Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худо аз ҳар ду хушнуд бод) аз Пайғамбар (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят карда аст, ки гуфт: «Мусалмон он аст, ки мусалмонон аз забону дасти вай саломат бошанд ва муҳоҷир касест, ки ончиро ки Худо наҳй карда фурӯ гузошта аст». («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 10 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 2121.)

2. Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худо аз ҳар ду хушнуд бод) аз Пайғамбар (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят карда аст, ки гуфт: «Беҳтарини муъминон аз рӯи ислом касест, ки мусалмонон аз забону дасти вай саломат бошанд ва беҳтарини муъминон аз рӯи имон хушахлоқтарини онҳост ва беҳтарини муҳоҷирон касест, ки ончиро ки Худои таоло наҳй карда фурӯ гузошта аст ва беҳтарин ҷиҳод ин аст, ки шахс бо нафси худ дар бандагии Худои азза ва ҷалла ҷиҳод кунад». («Саҳиҳу-л-ҷомиъ»-и Шайх Албонӣ; 1129, ҳадиси саҳиҳ аст.)

3. Аз Абусаиди Худрӣ (Худо аз ӯ хушнуд бод) аз Пайғамбар (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят карда аст, ки гуфт: «Аз нишастан дар роҳҳо барҳазар бошед!» Гуфтанд: «Моро аз ин гурез нест, ҳамоно он нишастгоҳи мост, ки онҷо сухан мегӯем». Гуфт: «Чун ғайр аз нишастгоҳҳоро напазиред, пас ҳаққи роҳро бигзоред». Гуфтанд: «Ҳаққи роҳ чист?» Гуфт: «Чашм аз номаҳрам нигоҳ доштан ва мардумро наозурдан ва посухи салом додан ва ба некӣ фармудан ва аз нописанд боздоштан». («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 2465 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 2121.)

 

4. Аз Абумолики Ашъарӣ (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: «Мардумоне аз уммати ман албатта, бода хоҳанд нӯшид ва онро ба ғайр аз номаш ном ниҳанд ва бар сарашон бо олатҳои мусиқӣ ва занони сурудхон менавозанд ва Худо онҳоро бо замин фурӯ мекашад ва онҳоро маймуну хук мегардонад.». («Саҳиҳу-бни Моҷа»-и Шайх Албонӣ; 3247, ҳадиси саҳиҳ аст.)

5. Аз Оиша (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ Фиристодаи Худоро (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) шунида аст, ки мегуфт: «Ба дурустӣ, нахустин чизе ки нагунсор мегардонад, яъне Исломро нагунсор мегардонад, монанди онки сабӯ барои рехтани бода нагунсор мешавад, бода аст. Гуфтанд, ки чи гуна, эй Фиристодаи Худо? Ва Худо дар бораи (ҳаром будани) он баён кард ончиро ки (дар Қуръон) баён намуд». Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: «Онро ба ғайр аз номаш ном мениҳанд (монанди машруботи рӯҳӣ, вискӣ, шампанский, коняк, водка, пивои алкоголдор ва ғайра) ва ҳалолаш мехонанд». («Ас-силсилату-с-саҳиҳа»-и Шайх Албонӣ; 89, ҳадиси ҳасан аст.)

 

6. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки марде аз Ҷайшон омад ва Ҷайшон аз Яман аст ва ӯ аз Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) дар бораи нӯшидание аз ҷуворӣ пурсиш кард, ки номаш «мизр» асту онро дар ватанашон менӯшанд. Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) пурсид: Оё ин нӯшиданӣ масткунанда аст? Гуфт: Оре. Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Ҳар масткунандае ҳаром аст. Ҳамоно бар Худои азза ва ҷалла паймон аст, ки ҳар касе ки нӯшокии масткунанда нӯшад, ӯро аз «тинату-л-хабол» бинӯшонад. Гуфтанд: Эй Фиристодаи Худо «тинату-л-хабол» чист? Гуфт: Арақи дӯзахиён ва афшурдаи тани дӯзахиён (, яъне хуну зардобу чирку риме ки аз тани дӯзахиён берун меояд). («Саҳиҳ»-и Муслим; 2002.)

7. Аз Абусаиди Худрӣ (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Худои таоло мегӯяд: Эй Одам! Одам мегӯяд: Лаббайка ва саъдайка, (, яъне ба фармонбардории ту истодаву ҳозирам ва хушбахтӣ пас аз хушбахтӣ дар дасти туст) ва некӣ ҳама дар ду дасти туст. Худои таоло мегӯяд: Барангехтагони дӯзахро (аз миёни фарзандонат) берун овар! Одам мегӯяд: Ва барангехтагони дӯзах чист? Худои таоло мегӯяд: Аз ҳар ҳазоре нуҳсаду наваду нӯҳ нафар. Ва дар ҳамон вақт мӯйи хурдсол (аз шиддати тарси рӯзи қиёмат) сафед мешавад ва ҳар обистане бори шиками худро меафганад ва мардумро маст мебинӣ ва онҳо маст нестанд, валекин азоби Худо сахт аст. Ёрони Пайғамбар (Худо аз онҳо хушнуд бод) гуфтанд: Эй Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод), ва кадоми мо ҳамон як нафар аст? Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Аз шумо як нафар ва аз Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ҳазор. Сипас гуфт: Савганд ба касе ки ҷони ман дар дасти ӯст, ман умед дорам, ки шумо чаҳоряки биҳиштиён бошед. Онгоҳ мо (аз шодӣ) такбир гуфтем. Боз гуфт: Умед дорам, ки шумо ними биҳиштиён бошед. Онгоҳ мо такбир гуфтем. Боз гуфт: Шумо дар байни мардумон нестед, магар монанди мӯи сиёҳ дар пӯсти барзагови сафед ё монанди мӯи сафед дар пӯсти барзагови сиёҳ! («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 3348.)

 

8. Аз Анас ибни Молик (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Ҳар кӣ хурдсоли моро раҳм накунаду бузургсоли моро бузург надорад, аз (аҳли суннату равиши) мо нест. («Саҳиҳу-л-ҷомиъ»-и Шайх Албонӣ; 5445, ҳадиси саҳиҳ аст.)

9. Аз Абуҳурайра (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мардумоне ба Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфтанд, ки эй Фиристодаи Худо, оё мо Парвардигорамонро рӯзи қиёмат мебинем? Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Оё дар дидани моҳтоби шаби чаҳордаҳ ба шумо зиёне мерасад? Гуфтанд: На, эй Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод). Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Оё дар дидани хуршед, дар ҳоле ки ғайр аз он ҳеҷ абре нест, ба шумо зиёне мерасад? Гуфтанд: На, эй Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод). Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Шумо ӯро ҳамчунин хоҳед дид. Рӯзи қиёмат Худо мардумонро гирд меовараду мегӯяд, ки ҳар касе чизеро (дар дунё) мепарастид, аз пайи он биравад. Онгоҳ ҳар кӣ офтобро мепарастид, аз паи офтоб меравад ва ҳар кӣ моҳтобро мепарастид, аз паи он равон мешавад ва ҳар кӣ ҳар чиро ғайр аз Худои таоло мепарастид, аз паи онҳо меравад ва ҳамин уммат боқӣ мемонад ва дар байнашон мунофиқонашон. Онгоҳ Худои таборак ва таоло дар сурате ғайр аз он сураташ ки ӯро бо он мешиносанд ба наздашон меояд ва мегӯяд: Ман Парвардигори шумоям! Онҳо мегӯянд: Аз ту ба Аллоҳ паноҳ мебарем, ин ҷойгоҳи мост то ин ки Парвардигорам ба наздамон биёяд. Пас чун Парвардигорамон биёяд, ӯро бишиносем. Онгоҳ Худои таборак ва таоло дар сурате ки ӯро бо он мешиносанд ба наздашон меояд ва мегӯяд: Ман Парвардигори шумоям! Онҳо мегӯянд: Ту Парвардигори моӣ! Ӯро пайравӣ мекунанд ва пули Сирот аз болои ҷаҳаннам кашида мешавад ва ман нахустин касе ҳастам, ки аз болои он гузар мекунам. Он рӯз (аз шиддати тарс) касе лаб ба сухан намекушояд, магар Фиристодагон ва он рӯз дуои фиристодагон: «Худовандо, саломатамон нигоҳ дор! Худовандо, саломатамон нигоҳ дор!» бошад. Ва дар ҷаҳаннам оҳанҳои саркаҷанд, монанди хори саъдон. Оё хори саъдонро дидаед? Гуфтанд: Оре, эй Фиристодаи Худо! Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Он оҳанҳои саркаҷ монанди хори саъдонанд, магар ин ки андозаи бузургияшонро касе ҷуз Худо надонад. Мардумон ба сабаби кирдорашон рабуда мешаванд, аз миёни онҳо мусалмоне ҳаст, ки ба сабаби кирдораш боқӣ монад ва аз миёнашон касе ҳаст, ки ҷазо дода шавад то наҷот ёбад... То ин ки Худо аз ҳукм кардан миёни бандагонаш фориғ шавад ва чун хоҳад, ки бо раҳматаш ҳар киро ки аз дӯзахиён наҷот диҳад, фариштагонро мефармояд то аз дӯзах ҳар киро ки ба Худо чизеро шарик намекард берун оваранд, аз он касоне ки Худо хост, ки раҳматашон кунад, аз он касоне ки (дар дунё) ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ мегуфтанд, онгоҳ фариштагон онҳоро дар дӯзах аз рӯи асари саҷда (-и пешонӣ) мешиносанд. Оташи дӯзах одамизодаро мехӯрад, магар асари саҷдаро (, яъне пешониро). Худои таоло бар оташи дӯзах ҳаром гардонида аст, ки асари саҷдаро бихӯрад. Онҳо аз оташи дӯзах бароварда мешаванд ва дар ҳоле ки сӯхта сиёҳ шудаанд ва бар онҳо аз оби зиндагӣ рехта мешавад, онгоҳ аз сабаби он об месабзанд, чунон ки донаи растанӣ дар (хоку лои) бурдаи сел месабзад. Сипас Худо аз ҳукм кардан миёни бандагонаш фориғ мешавад ва бандае боқӣ мемонад, ки рӯяш ба сӯи дӯзах гардонда аст ва ӯ охирин дӯзахиест, ки ба биҳишт медарояд, мегӯяд: Парвардигоро, рӯямро аз оташ дур гардон, зеро бӯяш маро ранҷ расониду шиддати гармояш маро бисӯхт. Онгоҳ он қадар ки Худо хоҳад дуояш кунад, ӯ Худоро дуо мекунад, сипас Худои таборак ва таоло ба ӯ мегӯяд: Мабодо ки чун ин корро бо ту кардам (, яъне чун дуоятро истиҷобат кардаму рӯятро аз оташ дур кардам) ғайр аз он дигар чизро талаб кунӣ! Ӯ мегӯяд, ки ғайр аз ин аз ту чизи дигар талаб намекунам. Ва ба Парвардигораш аҳду паймонҳои зиёд медиҳад, пас Худо рӯи он бандаро аз дӯзах дур мекунад ва чун рӯ ба сӯи биҳишт меовараду мебинадаш он қадар ки Худо хоҳад хомӯш мемонаду боз мегӯяд: Парвардигоро, маро ба сӯи дарвозаи биҳишт наздик гардон! Худо ба ӯ мегӯяд: Оё аҳду паймон надодӣ, ки ғайр аз он чи ки додамат чизи дигаре талаб намекунӣ? Вой бар ту, эй одамизода, чи қадар ғадркунандаӣ. Ӯ мегӯяд: Парвардигоро, ва Худоро дуо мекунад то ин ки Худо ба ӯ мегӯяд: Пас мабодо, чун инро ба ту диҳам, ғайри он чизи дигар талаб кунӣ! Мегӯяд: На, савганд ба иззати ту. Ва ба Парвардигораш аҳду паймонҳои зиёд медиҳад, пас Худо ӯро ба сӯи дарвозаи биҳишт пеш мебарад. Чун бар дарвозаи биҳишт меистад, биҳишт барояш фарох мекушояду аз некӣ ва шодмонӣ ҳар чиро дар он мебинад, он қадар ки Худо хоҳад хомӯш мемонад, сипас мегӯяд: Парвардигоро, маро ба биҳишт дарор! Онгоҳ Худои таборак ва таоло ба ӯ гӯяд: Оё аҳду паймон надодӣ, ки ғайр аз он чи ки ба ту дода шуд, чизи дигаре талаб намекунӣ? Вой бар ту, эй одамизода, чи қадар ғаддорӣ. Мегӯяд: Парвардигоро, бадбахттарин халқи ту нахоҳам шуд. Ва чандон пайваста дуо мекунад, ки Худои таборак ва таоло аз ӯ ханда мекунад. Чун Худо аз ӯ ханда мекунад, ба ӯ мегӯяд, ки ба биҳишт бидаро! Чун ба биҳишт дарояд, Худо ба ӯ гӯяд: Орзу кун! Онгоҳ аз Парвардигораш талаб мекунаду орзу мекунад то ин ки Худо ӯро ёдрас мекунад, ки чунину чунон, ҳатто орзуҳояш ба поён мерасанд. Худои таоло ба ӯ мегӯяд: Ончи ки орзу кардӣ туро бошад ва боз монанди он. Ва ҳангоми ривоят кардани ҳадис, Абусаиди Худрӣ ҳамроҳи Абуҳурайра буд ва чизе аз сухани ӯро рад намекард, то ин ки Абуҳурайра гуфт, ки Худо ба он мард гуфт, ки боз монанди он ки орзу кардӣ туро бошад. Абусаиди Худрӣ гуфт: Ва даҳчанди он, ё Абуҳурайра! Абуҳурайра гуфт: Ҷуз ин сухан дар ёд нагирифтам: Ончи ки орзу кардӣ, туро бошад ва боз монанди он. Абусаиди Худрӣ гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки ман аз Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ин суханашро ба ёд гирифтам: Ончи ки орзу кардӣ, туро бошад ва боз даҳчанди он. Абуҳурайра гуфт: Ва ин мард вопасин биҳиштист, ки ба биҳишт медарояд.(«Саҳиҳ»-и Муслим; 182 ва 183.)

10. Аз Абуҳурайра (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки аз Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят карда аст, ки гуфт: Рӯзи қиёмат Иброҳим бо падараш Озар рӯбарӯ мешавад ва рӯи Озар сиёҳу ғуборолуд аст. Пас Иброҳим ба ӯ (, яъне ба падараш Озар) мегӯяд: Оё ба ту нагуфтам, ки маро нофармонӣ макун! Падараш мегӯяд: Имрӯз туро нофармонӣ накунам. Онгоҳ Иброҳим мегӯяд: Парвардигоро, ту ваъдаам додӣ, ки рӯзе ки бандагон барангехта мешаванд, маро шарманда нахоҳӣ кард. Ва чӣ шармандагие бузургтар аз падарам, ки аз раҳмат дуртар аст. Худои таоло ба ӯ мегӯяд: Ман биҳиштро барои кофирон ҳаром гардондам. Сипас гуфта мешавад, ки эй Иброҳим, (бибин,) дар зери ҳар ду поят чист? Онгоҳ чун менигарад, кафтори нари сермӯй (-и бадбӯи олуда бо бурозу пешоб)-ро мебинад, (, яъне Худо Озарро ба сурати наркафтори сермӯи олуда медарорад) онгоҳ аз дасту пояш (, яъне аз дасту пои падари Иброҳим - Озар) гирифта мешаваду ба дӯзах афганда мешавад...(«Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 3350.)

 

11. Аз Адӣ ибни Ҳотими Тоӣ (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки аз Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Бо ҳар кадоми шумо (рӯзи қиёмат) Парвардигораш сухан мегӯяд дар ҳоле ки байни ӯ (, яъне байни банда) ва байни ӯ (, яъне байни Парвардигор) тарҷумоне нест. Онгоҳ ба ҷониби рости худ менигарад, ҷуз ончи ки аз кирдораш пеш фиристода аст намебинад ва ба ҷониби чапи худ менигарад, ҷуз ончи ки аз кирдораш пеш фиристода аст намебинад ва ба пеш менигарад, пешорӯи худ ҷуз дӯзахро намебинад. Пас аз дӯзах битарсед, агарчи ба андозаи ними як хурмое ва агарчи бо як сухани хуше. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 7512.)

12. Аз Анас ибни Молик ва аз Абумусои Ашъарӣ (Худо аз ҳар ду хушнуд бод) ривоят аст, ки Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Мусулмоне ки Қуръон мехонаду аз рӯи он амал мекунад, монанди турунҷ аст, маззааш ширину бӯяш хуш аст. Ва мусулмоне ки Қуръон намехонаду аз рӯи он амал мекунад, монанди меваи хурмост, маззааш ширин асту бӯй надорад. Ва масали мунофиқе ки Қуръон мехонад, монанди гули райҳон аст, бӯяш хушу маззааш талх аст. Ва масали мунофиқе ки Қуръон намехонад, монанди меваи ҳанзал аст, маззааш талх ё палид ва бӯяш нохуш аст. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 5059 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 797.)

 

13. Аз Абуҳурайра (Худо аз ӯ хушнуд бод) аз Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳалок бод, бандаи динору дирҳаму ҷомаи ғафсастару гилеми мунаққаш, ки чун (ба ӯ чизе) дода шавад, хушнуд гардад ва агар дода нашавад, хушнуд нагардад.

*Аз Абуҳурайра (Худо аз ӯ хушнуд бод) аз Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ҳалок бод, бандаи динору бандаи дирҳаму бандаи ҷомаи ғафсастар, ки чун (ба ӯ чизе) дода шавад, хушнуд гардад ва агар дода нашавад, нохушнуд гардад. Ҳалок бод ӯ ва нагунсор бод ва агар хоре ба пояш халад, хорашро аз пой берун наёваранд! Хушо, ҳоли бандае ки бар лаҷоми аспаш дар роҳи Худо чанг зада аст, жӯлидамӯй асту пойҳояш ғуборолуд, (аз хоксориву тавозӯяш) агар дар посбонӣ бошад, дар посбонӣ бимонад ва агар дар дунболаи лашкар бошад, дар дунболаи лашкар бимонад (ва ҷояшро барои талаби чизе чун молу раёсату шӯҳрат тарк накунад ва аз риёву худнамоӣ дур бошад), агар иҷозат хоҳад, (ба сабаби гумномиву камқадрӣ) ӯро иҷозат надиҳанд ва агар барои касе миёнаравӣ кунад, миёнаравияш пазируфта нашавад. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 2887.)

14. Аз Абдуллоҳ писари Аббос (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) бар бӯриёе хобиду аз хоб бархост ва буриё бар паҳлуяш асар гузошта. (Мо саҳобагон) гуфтем: Эй Фиристодаи Худо, агар барои (хобидани) ту бистар(-и зебо ва рахтхоби нарм)-е месохтем (, барои хобидану осуданат аз ин бурёи сахти дурушт беҳтар мебуд). Ман дунёро чӣ кунам (, яъне ман ба дунё чӣ кор дорам, ман ба дунё ҳеҷ меҳру улфату муҳаббат надорам)?(Зеро ман талабгори охиратам.) Нестам дар дунё, магар монанди саворае ки (дар фасли гармои тобистон) зери дарахте дар сояаш биншинад (, то дар сояи он дарахт, аз гармо биёсояд ва истироҳат мекунад), сипас рахт бармебандад ва он дарахтро тарк мекунад. («Саҳиҳу ва заъифу сунани-т-Тирмизӣ»-и Шайх Албонӣ; 2377, ҳадиси саҳиҳ аст ва «Ас-силсилату-с-саҳиҳа»; 438, 439, 230, ҳадис аз рӯи шоҳидҳояш саҳиҳ аст.)

 


Дата добавления: 2015-11-30; просмотров: 30 | Нарушение авторских прав



mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)