Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Назорат бар дурустии истифодабарии МНК њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї

Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. | Паст кардани меъёри андоз | Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз | Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон. | А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад. | Минтаќањои озоди иќтисодї. | А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї). | Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот. | Мањфум ва хусусияти ўњдадори андоз | Мафњум ва намудњои назорати андоз |


Читайте также:
  1. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
  2. Мафњум ва намудњои назорати андоз
  3. Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї
  4. Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.
  5. Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз
  6. Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот.

Назорат бар дурустии истифодабарии мошинањои назоратию кассавї (МНК) њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї низ љонибаи молиявї дорад[87].

Тибќи КА ЉТ «Дар бораи истифодабарии машинањои назоратию кассавї њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї» њисобњои пулї бо шахсони воќеї њангоми анљом додани амалиётњои тиљоратї ё хидматгузорї бояд аз љониби тамоми ташкилотњо, соњибкорони инфиродї бо истифодабарии МНК ба амал бароварда шаванд.

Дар ќарор «Дар бораи тасдиќ кардани Муќаррарот барои истифодабарии машинањои назоратию кассавї њангоми анљомдодани њисобњои пулї бо ањолї ва фењристи корхонањо (аз љумла шахсони воќеї, ки фаъолияти соњибкории бе таъсиси шахси њуќуќї анљом медињанд, дар њолати аз љониби онњо амалї намудани амалиёти тиљоратї ё хидматгузорї), ташкилотњо муассисањо, ки ба сабаби вижагии фаъолияти худ ё хусусиятњои мањали љойгирї метавонанд њисобњои пулї бо ањолиро бе истифодабарии мошинањои назоратию кассавї анљом дињанд» муайян мешавад, ки бояд танњо он МНК истифода шаванд, ки аз љониби Комиссия иљозат дода шудаанд. МНК бояд ба таври њатмї дар маќомоти андози мањали љойгирии корхона сабт шаванд ва дар хидмати техники марказњои хидматгузории техникї (МХТ) ё бевосита дар корхонањои истењсолкунанда МНК ќарор доранд.

Аз истифодабарии МНК Њукумати ЉТ танњо категорияњои људогонаи соњибкоронро озод менамояд. Аз љумла бе истифодабарии МНК хидматгузории ањолї дар шароити додани санадњои њисобдињии даќиќ, ки ба чекњо баробар мешавад, ва инчунин фурўши рўзномаю маљаллањо, ќоѓазњои ќиматбањо, билетњои лотереї, билетњои мусофират, анљом додани савдои яклухти хурд аз дукончањо ва баъзеи дигар иљозат дода мешаванд.

Ташкилоте, ки њисобњои пулї бо ањолї тавассути МНК анљом медињад, вазифадор аст ба харидорон (муштарињо) чек ё санади замима, ки дар мошинаи назоратию кассавї чоп шудааст, дињад. Дар чек ё санади замима, ки ба харидор дода мешавад, бояд реквизитњои зерин инъикос шаванд:

- номи ташкилот;

- раќами шиносии ташкилоти андоздињанда;

- раќами корхонагии машинаи назоратию кассавї;

- раќами тартибии чек;

- таърих ва замони харидорї (хидматгузорї);

- нархи харид (хидмат);

- нишонаи режаи фискалї.

Дар њамаи МНК ба таври њатмї лентаи назорати истифода мешавад, ва барои њар як МНК китоби кассир- оператсионист кушода мешавад,ки аз љониби маќоми андоз тасдиќ шудааст. Лентањои назоратї, китоби кассир- оператсионист ва санадњои дигар, ки њосибњои пулиро бо харидорон(муштарињо) тасдиќ мекунанд, бояд дар мўњлатњои барои санадњои њисобгирии муќаддамотї ќарор нигоњдорї шаванд, лекин на камтар аз 5 сол.

Дар робита бо ин, мутобиќи КА ЉТ маќомоти андоз вазифадоранд:

- назорат бар риоя кардани ќоидањои истифодабарии МНК, бар пуррагии њисобгирии даромади воситањои пулиро дар корхонањо анљом дињанд;

- санадњоеро, ки бо истифодабарии МНК марбутанд, санљанд, баёнот, маълумот ва иттилооти заруриро оид ба саволњое, ки њангоми санљиш ба миён меоянд, дарёфт кунанд;

- санљиши дурустии додани чекњоро гузаронанд.

Дар Тавсияномањои методї оид ба ташкили назорат бар истифодабарии мошинањои назоратї-кассавї њангоми анљом додани њисобњои пули бо ањолї, ки аз љониби маќомот тасдиќ шудаанд, таъкид карда мешавад, ки дар баробари гузарондани санљишњои санадии наќшавї маќомоти андоз санљишњои рейдии нуќтањои савдоро таввасути бригадањои махсуси ба ин маќсад дар њайати кормандони маќомоти давлатии назоратї ва њифзи њуќуќ ташкил карда шуда созмон медињанд. Масъулияти кори чунин дригадањо њангоми санљиш ба дўш шахси мансабдори маќоми андоз, ки ба њайати бригада шомил аст, вогузор мешавад.

Санљиши дурустии истифодабарии МНК бо супориши роњбари маќоми андоз (муовини он) дар маќоми љойгирии ташкилот ва дар њузури намояндагони он гузаронда мешавад.

Дар мавриди зарурат дар љараёни гузаронидани санљиш кормандони маќомоти андоз метавонанд санадњои њисобдорї ва санадњои дигарро, ки ќонуншиканиро тасдиќ мекунанд, мусодира кунанд.

Бо маќсади гирифтани маълумоти (далелњо) амалиёти дурустии истифодабарии мошинањои назоратї-кассавї тавсия дода мешавад њангоми санљиш харидњои назоратї аз љониби маќомоти андоз ва маќомоти корњои дохили гузаронда шуда, онњо ба шакли акт дароварда шаванд, ки баъдан ба акти санљиши корхона замима мешаванд.

Гувоњии шоњидон метавонанд таввасути санадњои (гувоњї, изњорот ва ѓ.) ё ќайдњои људогона дар актњои харидњои назоратї, актњои санљиш, протоколњо оид ба ќонуншиканињои маъмурї ва санадњои дигар тартиб дода шаванд. Баёноти шахсони мансабдорро аз рўи њар як далели ќонуншикании дар љараёни санљиш ошкоршуда гирифтан лозим аст, ки он эњтимоли шикоятњо ё эътирозњои минбаъдаи корхонањои санљидашуданиро аз уи натиљањои санљиш ва ќарорњои аз љониби маќомоти андоз нисбати он ќабул карда мањдуд мекунад. Дар сурати рад кардани шахсони мансабдори корхонаи санљидашуданї аз додани баёнот ва имзо кардани акти санљиш - ин факт дар акти санљиш баъди имзои тафтишкунанда бо сабти дахлдор таъкид карда мешавад.

Натиљањои санљиш тавассути акт ва замимањои марбутаи он тартибдода мешаванд[88]. Акти санљиш тамоми ќонуншиканињои ќонунгузории амалкунандаро оид ба истифодабарии МНК инъикос мекунад. Акти санљиш дар ду нусха тартиб дода мешавад, аз љониби њамаи тафтишкунандагон ва намояндагон корхонањо, ки њангоми анљом додани санљиш њузур доштанд, ба имзо мерасад. Намояндагони дар санљиш њузурдоштаи корхонањо њаќ доранд дар акти санљиш мулоњизањои (эътирозот) худро баён кунанд ё онњоро ба таври људогона тартиб дињанд ва ба акт замима намоянд, бо сабти дахлдор дар акт. Ба акти санљиш санадњое, ки ќонуншиканињои ќайдшудашударо дар он тасдиќ мекунанд, замима мешаванд:

-санадњои муњосибавии њисобгирии муќаддамотї (шартномањо, барномањо ва ѓайра);

- актњои харидњои назоратї;

- гувоњии шоњидон, ки мутобиќи талаботи ќонунгузорї тартиб дода шудаанд;

- баёноти шахсони мансабдори корхонаи санљидашуданї;

- санадњои санљишњои ќаблї, ки аз љониби бозрасињои андоз, ва инчунин маќомоти назораткунандаи давлатї ва њифзи њуќуќ гузаронда шудаанд (актњои санљиш, протоколњо, ќарорњои бозрасињои андоз ва ѓайра).

Акти санљиш на дертар аз рўи ояндаи баъди имзо шудани он дар журнали махсус сабт мешавад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 54 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Гузаронидани санљишњои камералї ва сайёр ва ба расмият даровардани онњо| Рўйхати адабиёти истифодащуда.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)