Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Минтаќањои озоди иќтисодї.

Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. | Паст кардани меъёри андоз | Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз | Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон. |


Њолати њуќуќии минтаќањои озоди иќтисодї тибќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисоди дар Љумхурии Тољикистон» аз 17 майи соли 2004 № 24 муќаррар мешавад[76].

Минтаќањои озоди иќтисодї – ќисми алоњидаи (маљњдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он на фаќат низоми махсуси гумрукию андозї, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ѓайрирезидентњо ва меъёрњои имтиёзноки истифодаи захирањои табиї амал мекунад

Маќсади тасиси минтаќахои озоди иќтисодї дар Љумхурии Тољикистон ин:

- ба љомеаи иќтисодии љањонї самараноктар љалб намудани иќтисодиёти Љумњурї ва минтаќањои алоњидаи он;

- таъмин намудани шароити мусоид барои љалби инвеститсияњои хориљї, технология ва таљрибаи идоракунї;

- рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар заминаи њамгироии инвеститсияњои хориљї бо воситањои пулию моддии корхона ва ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

- ташкил намудани инфраструктураи истењсолї ва иљтимоии њозиразамон;

- ѓани гардонидани бозори дохили бо мањсулот ва молњои таъиноти истеъмолї ва истењсолї;

- бењдошти шуѓл ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ахолї аст.

Дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон мумкин аст шаклњои гуногуни функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї ташкил карда шаванд. Шакли функсионалии минтаќањои озоди иќтисодї мувофиќи маќсади таъсиси онњо ва самти фаъолияти инвеститсионї дар минтаќаи озоди иќтисодї муайян карда мешавад. Дар минтаќањои озоди иктисодї метавонад фаъолияти истењсолї, илмию технологи, воридоти, содироти, савдо, сайёњию истироњатї, инвеститсионї, биржавї, суѓуртавї, бонкї ва намудњои дигари фаъолият, ки конунгузории Љумњурии Тољикистон пешбини намудааст, инкишоф ёбад.

Минтаќањои озоди иќтисоди метавонанд фарогири вазифахое бошанд, ки онњо хоси якчанд шаклњои функсионалии минтаќањои озоди иќтисодиянд. Сарњади њудудии минтаќахои озоди иќтисодиро Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ мекунад.

Минтаќахои озоди иќтисоди бо ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон мувофиќи барномаи давлатии таъсису инкишофи минтаќахои озоди иќтисоди дар ќаламрави Љумхурии Тољикистон ва Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии ТОљикистон» таъсис ва барњам дода мешавад.

Субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию њуќуќияшон тибќи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият мекунанд, инчунин филиалњои шахсони њукукии хориљие низ мебошанд, ки дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди ба ќайд гирифта шудаанд. Баќайдгирии давлатии субъектњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї мутобики ќонунгузории Чумњурии Тољикистон сурат мегирад. Баќайдгирии њисобии филиалњо ва намояндагињои онњо аз љониби маъмурияти минтаќаи озоди иќтисоди бо тартиби муайяннамудаи Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї амали мегардад. Дар њудуди минтаќањои озоди иќтисодї вазифаи идоракуниро маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї, ки онро роњбар сарварї мекунад, иљро менамояд. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтаќањои озоди иктисодї дар Низомнома оид ба минтаќаи озоди иктисодї муайян карда мешавад. Роњбари маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодї дорои чунин салоњият аст:

- базаи иттилоотию тањлилии дурнамои инкишофи самараноки минтаќаи озоди иќтисодиро ташкил мекунад;

- барномањоро оид ба рушди минтаќаи озоди иќтисодї тањия ва амалї намуда, онњоро такмил медињад;

- манфиатњои истењсолкунандагону истеъмолкунандагонро њимоя мекунад;

- ягонаги ва фаъолияти пурсамари минтаќаи озоди иќтисодиро таъмин менамояд;

- барои љалб намудани инвеститсияњои ватанию хориљи ва дигар захирањо шароити мусоид фароњам меоварад;

- риояи низоми њуќуќии минтаќаи озоди иќтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани таѓйироти зарурї ба ин низом ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод менамояд;

- дигар ваколатњои аз тарафи конунхои Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки барои тезонидани рушди самараноки муносибатњои бозоргонї равона гардидаанд, амалї менамояд.

Иљрои санадњои маъмурияти минтаќаи озоди иктисодї, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, дар ќаламрави минтаќа барои тамоми шахсони воќеи ва њуќуќи, ки мувофиќи тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд, њатмї мебошад.

Минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба хусусиятњои хоси худ аз дигар минтаќањо фарќ карда мешаванд, ки аз низоми хуќуќи дар минтаќањои озоди иктисодї, низоми махсуси гумрукї, танзими молиявї ва асъорї, имтиёзњои андозбанди, танзими муносибатњои мехнатї, буљети мустаќил, маблаѓгузори барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї ва ѓайра бармеояд. Дар минтаќањои озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукїи, молиявию асъорї ва андозбандї, тартиби соддашудаи воридшавї, иќомат ва хориљшавии резидентњо ва ѓайрирезидентњо, ки бо Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодї муайян шудаанд, инчунин дигар низомњое, ки ба љалб намудани сармоя, њавасмандкунии инкишофи соњибкорї ва рушди иљтимоию иќтисодии минтаќањои озоди иќтисодї нигаронида шудаанд, муќаррар карда мешаванд. Барои таъмин намудани низоми зикргардида аз љониби маќомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муќарраршуда дар чунин минтаќањо воњидњои сохтории хадамоти гумрукї ва андоз таъсис дода мешаванд. Дар минтаќаи озоди иќтисодї низоми махсуси гумрукї амал мекунад, ки инњоро пешбини менамояд:

- пурра ё ќисман озод намудан аз бољи гумрукї њангоми ворид кардани молњо ба минтаќаи озоди иктисодї;

- тартиби соддакардашудаи интиќоли борњо ва воситањои наќлиёт аз сарњади минтаќаи озоди иќтисодї;

- бекор намудани тадбирњои сиёсати ѓайритарифї.

Барои њисоббаробаркунињо дар минтаќаи озоди иќтисодї асъори миллии Љумњурии Тољикистон ва асъори мубодилашавандаи давлатњои хориљи бо тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тољикистон истифода карда мешавад. Хусусиятхои махсуси танзими молиявї ва асъори дар њудуди минтаќаи озоди иќтисоди мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амали карда мешаванд.

Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки бо тартиби муќарраршуда дар ќаламрави минтаќањои озоди иќтисодї ба ќайд гирифта шудаанд, мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон дар давраи фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќисодї аз андозњо ќисман ё пурра озод карда мешаванд. Барои фоида ва даромадњои субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї, ки дар љараёни фаъолияташон дар минтаќаи озоди иќтисоди ба даст овардаанд ва ба соњањои истењсолии дигар минтаќањои Љумњурии Тољикистон равона гардидаанд, имтиёзњои андозбандии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта мешаванд.Муносибатњои мехнатї дар минтаќаи озоди иќтисодї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, шартномањои коллективї ва шартномањои инфиродии мењнатї танзим карда мешаванд. Шартномањои мехнатии коллективию инфиродї набояд шароити кормандони корхонаю ташкилотњои минтаќаи озоди иќтисодиро нисбат ба шароитњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф намудааст, бад созанд.

Минтаќаи озоди иќтисоди буљети мустаќили худро доранд. Ин буљет аз њисоби даромадњои худи ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар ва аз тарафи шахсони воќеию њуќуќии дар ќаламрави он баќайдгирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад. Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї мувофиќа карда мешавад. Маблаѓггузорї барои таъсис, нигоњдорї ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї, аз љумла инфраструктураи истењсолї, наќлиётї ва ѓайра аз њисоби буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї амали карда мешавад. Дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї бунёд карда мешавад, ки идоракунии он аз тарафи Шўрои хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иќтисодї амали гардонида мешавад. Манбаъњои таъсисдиќию нигоњдории Хазинаи инкишофи минтаќаи озоди иктисодї ва сохтору ваколатњои Шўрои он аз тарафи Њукумати Љумхурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд. Њаљми маоши роњбарони маъмурияти минтаќаи озоди иќтисодиро Њукукмати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

Минтаќањои озоди иќтисоди дар њолатњои зерин метавонанд барњам дода шаванд:

- гузаштани мўњлати амалиёти минтаќаи озоди иќтисодї, ки Низомнома оид ба минтаќаи озоди иќтисодїи муќаррар кардааст;

- набудани пешнињоди асосноки маќомоти воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќањои озоди иќтисоди таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўњлати мазкур њангоми фаъолияти бобарори минтаќањои озоди иќтисодї;

- ба манфиатњои амнияти давлат, аз љумла амнияти иќтисодию экологї номувофиќ будани фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї;

- пешнињоди мањќомоти њокимияти иљроия ё маќоми воњиди марзию маъмурї, ки дар ќаламрави он минтаќахои озоди иќтисодї љойгир шудааст.

Дар њолатњои дигар барњам додани минтаќахои озоди иктисодї манъ аст. Дар мавриди барњам додани минтаќахои озоди иќтисодї субъектњои фаъолияти соњибкорї, ки дар минтаќањои мазкур ба ќайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, аз њуќуќ ва ўхдадории худ, ки Ќонун «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» пешбини менамояд, мањрум мегарданд. Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љихати фаъолият барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодии пештара фаъолият мекунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода мешаванд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 569 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.| А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)