Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.

Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон. | Андозбандии шахсони њуќуќї | Андоз аз арзиши иловашуда | Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї | Дигар андозњои аз љониби шахсони њуќуќї пардохтшаванда | Андоз аз даромади шахси воќеї | Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. | Паст кардани меъёри андоз |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ
  3. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила
  4. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  5. Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.
  6. Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї
  7. Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор

Низоми махсуси андозбандї дар ЉТ гуфта ин тартиби махсуси бањисобгирї ва супоридани андозу пардохтњоро дар давраи муайян меноманд, ки бо тартиб ва њолатхои бо ќонунгузории андоз пешбинишуда тадбиќ мегардад. Аз руи ќоидаи умумї ин ба як андоз ивазнамудани маљмўи андозњои мављудбуда њисоб меёбад. Ѓайр аз асосоњои пешбурди бањисобгири муњосибавї, њисоботдињї ва супоридани андозњо, рељаи махсуси андоз- имтиёзњоро низ ба андозсупорандаи ин низом муќаррар менамояд. Дар ЉТ ба њайси низоми махсуси андозбандї ин низомњо баромад менамоянд:

1) Низоми андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї

2) Низоми андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад

3) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї

4) Низоми андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо)

5) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагии дузандагї) банд мебошанд

Дар Федерасияи Рассия дар тафовути низоми андозбандии ЉТ чунин намудхои низоми махсуси андозбанди љой дорад:

1) Низоми соддакардашудаи андозбандии субъекти соњибкории хурд;

2) Низоми андозбанди дар минтаќахои озоди иќтисодї;

3) Низоми андозбанди дар њудуди маъмури ташкилёфтаи пўшида;

4) Низоми андозбанди њангоми иљроиши созишнома оид ба таќсими мањсулот;

5) Низоми андозбанди њангоми иљроиши шартномаи консесия.

Барои пурратар пайдо намудани тасавурот оид ба ин низомњои андоз баъзеи онро тавсиф менамоем.

А) Низоми андозбандии сохтмони нерўгоњњои барќи обї.

Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї (минбаъд- «сохтмон») дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон Фармоишгари сохтмон ва Пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андозњои зерин (аз лањзаи фаро расидани мўњлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоќаманд мебошанд, озод карда мешаванд:

- андоз аз арзиши иловашуда;

- андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;

- андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї;

- андози њадди аќал аз даромади корхонањо;

- андози замин;

- андоз аз соњибони воситањои наќлиёт;

- андоз аз амволи ѓайриманќул;

- андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд;

- бољи давлатї барои ба ќайдгирии лоињањои эмиссияњои коѓазњои ќиматноки ѓайридавлатї, ки бинобар сохтмони нерўгоњи барќи обї амалї шудаанд.

Воридоти молњо барои сохтмони нерўгоњњои барќи обї, ки барои Љумњурии Тољикистон объекти махсусан муњим ба њисоб мераванд, бояд аз андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї бо тартиби муќаррарнамудаи банди 7 ќисми 4 моддаи 211 КА ЧТ ва банди 7 моддаи 345 Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон озод карда шаванд. Дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерўгоњи барќи обї њисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иљтимої нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоњи барќи обї банд њастанд ва шањрванди Љумњурии Тољикистон намебошанд, тањвилгарон ва пудратчиёни сохтмони дар боло зикргардида озод карда мешаванд. Њамзамон ба сифати тањвилгарон ва паймонкорони сохтмони нерўгоњи барќи обї шахсони њуќуќие, ки бевосита ба Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ё Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо ќарордодњое (шартномањое, созишномањое), ки тањвили молњо, иљрои корњо, хизматрасонињои ба сохтмони (дар сохтмони) нерўгоњи барќи обї пешбинї мекунанд, алоќаманд мебошанд, баррасї мегарданд.

Дар ин намуди низоми андозбанди бояд мукаррар карда шавад, ки:

-Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї бо пешнињоди Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд;

-давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї бо дархости Вазорати энергетикаи Љумњурии Тољикистон, ки дар якљоягї бо Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоњи барќи обї тањия шудааст ва мутобиќи дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад;

-муомилоти (амалиёти, ќарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд муомилоте (амалиёте, ќарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз љониби Фармоишгари сохтмони нерўгоњи барќи обї тасдиќ шудааст;

-озодкунї аз пардохти андозњо аз рўи муомилотњои (амалиётњои, ќарордодњои, шартномањои, созишномањои) ба сохтмони нерўгоњи барќи обї алоќаманд, ки дар давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї баста шуда ва бояд то анљоми давраи сохтмони нерўгоњи барќи обї анљом ёбанд, пешнињод карда мешавад.

Б) Хусусияти андозбандии корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дузандагї) банд мебошанд.

Воридоти молњо бевосита барои зарурати худи корхонањои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дўзандагї) банд мебошанд (минбаъд-«корхонањои азнавтаъсисёфта»), аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Дар њолати аз љониби корхонањои азнавтаъсисёфта тањвил додани молњои воридшуда ба бозори дохилии Љумњурии Тољикистон, чунин амалиётњо бо бољи гумрукї, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозњо бо тартиби умумии муќаррарнамудаи Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозбандї карда мешаванд. Содироти молњое, ки корхонањои азнавтаъсисёфта истењсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Корхонањои азнавтаъсисёфта аз андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози замин озод мешаванд. Дар мавриди дар корхонањои азнавтаъсисёфта ба миён омадани ўњдадорињои андоз аз рўи дигар андозњо чунин ўњдадорињои андоз бояд мутобиќи Кодексњои андоз ва гумруки Љумњурии Тољикистон иљро карда шаванд. Имтиёзњои андоз аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї, андози њадди аќал аз даромади корхонањо, андоз аз амволи ѓайриманќул ва андози заминбо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба мўњлати то 12 сол аз 1 январи соли ба ќайди давлатї гирифтани корхонањои азнавтаъсисёфта дода мешавад. Агар корхонаи азнавтаъсисёфта дар давоми 24 моњи пурраи таќвимї пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурўъ накарда бошад, имтиёзњои андози њамин модда пешбининамуда амали худро ќатъ менамоянд ва маблаѓи имтиёзњои андози корхонањои азнавтаъсисёфта аз лањзаи ба ќайди давлатї гирифта шуданаш то лањзаи ќатъ гардидани ин имтиёзњо бояд аз рўи меъёрњое, ки дар давраи гирифтани имтиёзњои андоз амал мекарданд њисоб карда шавад ва ба њисоби буљет рўёнида шавад. Њамзамон таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард бояд дар мўњлати бо њисобњои техникию иќтисодї ва таљрибаи байналмилалї асоснокшуда амалї карда шавад. Дар хусуси оѓози кор тибќи њар силсила ва ба кор андохтани њар як силсилаи коркард корхонаи азнавтаъсисёфта барои бањисобгирии махсус (алоњида) бо маќсади гирифтани имтиёзњои њамин модда муќаррарнамуда ба маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ба таври хаттї ахборот медињад. Барои гирифтани имтиёзњои дар њамин модда пешбинигардида корхонањои азнавтаъсисёфта баъд аз баќайдгирии давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї дар маќомоти адлия бояд дар маќоми ваколатдори давлатї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ин маќомоти давлатї ба ќайди махсус (алоњида) гирифта шаванд. Агар њамин модда муќаррароти дигар пешбинї накарда бошад, нисбати корхонањои азнавтаъсисёфта њамаи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

В) Андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд (андоз аз мањсулоти коркарди молњо).

Супорандагони андоз аз мањсулоти коркарди молњо, ки ба Љумњурии Тољикистон њангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Љумњурии Тољикистон мањсулоти коркардро мебароранд. Объекти андозбандї арзиши мањсулоти коркард мебошад. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши бозории мањсулоти коркарди баровардашаванда, ки дар асоси нархњои дар санаи баровардани мањсулоти коркард њисоб карда шудааст, ќабул карда мешавад. Њукумати Љумњурии Тољикистон номгўи мањсулоти коркардро, ки бояд бо андози мазкур андозбандї шаванд, инчунин номгўи мањсулоти коркардро, ки нархњои онњо барои њисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилалї (минтаќавї) муќаррар карда мешаванд, муайян менамояд. Меъёрњои андоз аз мањсулоти коркард аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон бо фоиз аз арзиши мањсулоти коркард ё бо маблаѓи устувор барои воњид (бо ифодаи аслї) муайян карда мешавад.

Тартиби њисобкунї ва мўњлати пардохти ин андоз чунин аст:

- Маблаѓи андози аз мањсулоти коркард пардохтшавандаро андозсупорандагон мустаќилона дар асоси арзиши мањсулоти коркард дар санаи баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон ва инчунин меъёри андоз њисоб менамоянд.

- Шахсоне, ки коркарди мањсулоти ба Љумњурии Тољикистон тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї воридшавандаро анљом медињанд, ба сифати агенти андоз дар бобати сари ваќт ва пурра њисобкунї ва пардохти андоз аз мањсулоти коркард амал менамоянд.

- Андоз то баровардани мањсулоти коркард аз њудуди Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.

- Маќомоти гумрук дар асоси тасдиќномаи маќомоти дахлдори андоз барасмиятдарории гумрукии баровардани мањсулоти коркардро аз њудуди ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон анљом медињанд.

- Њангоми дар рўзи баровардани мањсулоти коркард дар андозсупоранда мављуд набудани нархи биржавї андоз дар асоси маълумоти мављуда оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи наздиктарини рўзи баровардан њисоб карда мешавад. Маблаѓи андоз аз љониби андозсупоранда њангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи биржавии мањсулоти коркард дар санаи баровардан аниќ карда мешавад.

- Давраи њисоботї оид ба пардохти андоз аз мањсулоти коркард моњи таќвимї мебошад. Эъломия оид ба маблаѓи пардохтшудаи андоз аз мањсулоти коркард ба маќомоти дахлдори андоз то санаи 15-уми моњи баъди давраи њисоботї пешнињод карда мешавад.

-Назорати сари ваќт ва пурра ба буљет воридшавии маблаѓи андоз аз мањсулоти коркардро маќомоти андоз анљом медињад.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 219 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз| А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)