Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Моддаи 1172. Роњхат, барасмиятдарорї, низоми ваќти корї ва ваќти истироњат њангоми сафари хизматї

Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї. | Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї. | Ваќти дамгирї | Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола. | Рухсатињои эъљодї ва иљтимої. | Рухсатињои бе подоши музди мењнат. | Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат. | Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он. | Шаклњо ва низоми музди мењнат. | Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат. |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. Ваќти дамгирї
  3. Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.
  4. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  5. Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.
  6. Назорат бар дурустии истифодабарии МНК њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї

Фиристонидани корманд ба сафари хизматї бо фармон (амр)-и корфармо ва додани шањодатномаи сафарии хизматии шакли муќарраршуда ба расмият дароварда мешавад. Ба кормандоне, ки дар сафари хизматї мебошанд, низоми ваќти корї ва истироњатї дар мањалли сафари хизматї муќарраргардида љорї мешавад, аммо музди миёнаи мењнат дар њама рўзњои кории њафта аз рўи љадвали љои кори доимї нигоњ дошта мешавад.

Мувофиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 марти соли 1997, № 672 «Дар бораи тадбирњои иловагии сафарњои хизматї» аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо, Прокурори генералї ва муовинони ў ба сафари хизматї бо иљозати Президенти Љумњурии Тољикистон рафта метавонанд. Муовинони вазирон, муовинони раисони кумитањои давлатї, роњбарони идорањо ва муассисањои давлатї ва ташкилотњои дорои ањамияти љумњуриявї берун аз ќаламрави љумњурї метавонанд ба сафари хизматї (бо масъалањои корї) бо иљозати Сарвазири Љумњурии Тољикистон фиристода мешаванд. Дар дохили љумњурї бошад, бо иљозати роњбари хадамоти дахлдори сохторашон сафари хизматї мекунанд.

Судяњои судњои Љумњурии Тољикистон ба сафари хизмати берун аз њудуди љумњурї (бо масъалањои корї) бо розигии Президенти Љумњурии Тољикистон рафта метавонанд.

Роњбарони корхонањо, ташкилоту муассисањои воќеъ дар ќаламрави Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, њукуматњои вилоятњо, шањру ноњияњои Љумњурии Тољикистон ба сафари хизматї (бо масъалањои корї) бо иљозати роњбари маќомоти болої, ки мутобиќан бо Раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо мувофиќа карда шудаанд, рафта метавонанд.

Сафари хизматї бо фармон (амр)-и корфармо бо нишон додани љои таъиншуда (мањалли воќеъшавии маќомот ё коре, ки ба он корманд фиристода мешавад бо нишон додани номи он), маќсади сафари хизматї ва мўњлати он ба расмият дароварда мешавад.

Ба шахси ба сафари хизматї фиристодашуда љои кораш (вазифааш), музди мењнат бо назардошти њама иловапулињо нигоњ дошта мешавад.

Ба шахси дар ду (якчанд) љой кор кунанда, ки ба сафари хизматї фиристонида мешавад, музди мењнат бо назардошти њама иловапулињо дар њамон љои коре (корхона, муассиса ва ташкилоте) нигоњ дошта мешавад, ки аз он корманд ба сафари хизматї фиристонида шудааст. Агар аз ду (якчанд) љои кор дар як ваќт ўро ба сафари хизматї фиристанд, он гоњ дар њамаи онњо музди мењнат бо назардошти њамаи иловапулињо нигоњдошта шуда, харољоти сафари хизматї байни ин ташкилотњо таќсим карда мешаванд.

Агар шахси ба сафари хизматї фиристодашуда бемор шуда бошад, дар ин њолат ба ў ба љои музди мењнат дар асосњои умумї кўмакпулї барои корношоямї пардохта шуда, рўзњои мувваќатан корношоямии ў ба мўњлати сафари хизматї дохил карда намешавад.

Моддаи 1173. Мўњлати дар сафари хизматї будан. Мўњлати воќеии дар сафари хизматї будан аз рўи ќайд дар шањодатномаи сафарии хизматї бо рўзи расидан ба мањал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.

Ба мўњлати зиёда аз 30 рўзи таќвимї ба сафари хизматї фиристодан танњо бо розигии корманд мумкин аст.

Рўзи рафтан ба сафари хизмати рузи ба роњ баромадани (омадани) ќатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи наќлиёт аз љои кори доимии ба сафари хизматї фиристодашаванда њисобида шуда, рўзи бозгашт - рўзи омадани наќлиёт ба љои кори доимї хисобида мешавад. Њангоми ба роњ баромадани наќлиёт то соати 24 рўзи рафтан ба шабонарўзи љорї њисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарўзи оянда дохил мешавад.

Ваќти тамомшавии кор дар рўзи рафтан тибќи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар њолати омадан то анљоми рўзи корї масьалаи ваќти њозир шудан ба кор дар худи њамин рўз бо њамин тартиб њал карда мешавад.

Агар корманд ба мањалњои гуногун ба сафари хизматї фиристонида шуда бошад, дар шањодатномаи сафари хизматї рўзи њар мањали будан ва рафтан аз он дар алоњидагї ќайд карда мешавад.

Њангоми дар рўзи истироњат ба сафари хизматї рафтан бо фармон (амр)-и маъмурият ба корманд баъди аз сафари хизматї омаданаш бо тартиби муќарраргардида дигар рўзи истироњат дода мешавад. Давомнокии сафари хизматии хизматчиёни давлатї берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз рўи мўњлати дар амри Президенти Љумњурии Тољикистон ва супориши Сарвазири Љумњурии Тољикистон нишондодашуда, муайян карда мешавад.

Мўњлати сафари хизматии кормандон, роњбарон ва мутахассисони барои иљрои корњои насбу васлкунї ва сохтмон ба сафари хизматї фиристонидашуда аз як сол зиёд буда наметавонад. Мўњлати сафари хизматии кормандони вазорату идорањо ва дигар маќомотњои идоракунии давлатї ва хољагидорї ба мамлакатњои ИДМ аз 5 рўз зиёд буда наметавонад. Ба ин мўњлат ваќти дар роњ будан дохил намегардад. Дар њолатњои алоњида дароз кардани мўњлати сафари хизматї ба мўњлати на бештар аз 10 рўз, ба шањрњои Москваю Санкт-Петербург ва пойтахти давлатњои ИДМ на бештар аз 5 рўз бо розигии хаттии вазирон, роњбарони идорањо ва ё муовинони онњо иљозат дода мешавад. Дароз кардани мўњлати сафари хизматї берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон дар њолатњои истисної бо пешнињоди асосноккардашудаи роњбарони вазорату идорањо бо иљозати Сарвазири Љумњурии Тољикистон ва ё муовинони ў роњ дода мешавад.

Њангоми тўл кашидани сафари хизматї дар хориља аз мўњлати муќарраргардида, харољотњои иловагї бо розигии Президенти Љумњурии Тољикистон ва ё Сарвазири Љумњурии Тољикистон пардохта мешаванд. (Нигар ба Дастуруламали Вазорати молия ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон аз 18 июли соли 2003).

Моддаи 119. Љуброни харољоти корманд њангоми ба мањалли дигар ба кор ќабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан. Барои кормандон, шахсоне, ки тањсилро хатм намуда, ба мањалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роњхат аз љойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиќаи пешакї, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор ќабул шудаанд, чунин љубронњо муайян мешаванд:

1) арзиши роњкирои корманд, шахсоне, ки тањсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онњо (зану шавњар, кўдакон ва падару модари зану шавњар, ки дар нигоњубини онњо ќарор дошта, якљоя њамроњи онњо омадаанд) ба њамон шароите, ки корманд ба сафари хизматї фиристода мешавад;

2) харољоти кашонидани чизу чора бо наќлиёти автомобилї ё роњи оњан (исгифодаи умумї) дар њачми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи тањсил ва то 150 килограмм барои њар як њамсафари аъзои оила (тибќи созишномаи тарафњо метавонад харољоти кашонидани моликият дар њаљми зиёдтар пардохта шавад);

3) харољоти шабонарўзї барои њар як рўзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизматї пешбинї шудааст;

4) ёрдампулии якваќта барои худи корманд, шахси хатмкардаи тањсил ба андозаи музди моњонаи тарифї дар љойи нави кор ва ба њар як аъзои оила ба андозаи чоряки њиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи тањсил.

Ба корманд ва шахсоне, ки тањсилро хатм кардаанд, музди мењнат вобаста ба маоши тарифї дар љойи нави кор, барои рўзњои ба роњ баромадан ва дар љойи нави истиќомат љо ба љо шудан, њамчунин дар њолати дар роњ будан, аммо на зиёда аз шаш рўз дода мешавад.

Агар андозаи аниќи љубронеро, ки ба корманд њисобї мешавад, пеш аз мўњлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоњ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.

Арзиши роњкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онњо, њамчунин ёрдампулии якваќта ба онњо дар њолате њисобї карда мешавад, ки агар онњо ба љойи нави истиќомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онњо воќеан људо кардани манзил омада бошанд.

Мутобиќи талаботи моддаи 26 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи хизмати давлатї" дар сурати ба љои дигар ба кор гузаронидани хизматчии давлатї ба ў дар њаљми маоши вазифавии љои пештарааш кўмакпулии якваќта дода мешавад.

Кўмакпулии якваќта ба њар як аъзои оила, ки бо корманд њамроњ мебошанд, дар њаљми чоряки кўмакпулие, ки корманд мегирад, пардохта мешавад. Дигар љубронпулињои вобаста ба љои нави кор рафтани худи корманд ва аъзои оилаи ў мувофиќи тартиби умумї пардохта мешаванд.

Андозаи љуброни харољоти корманд њангоми ба мањалли дигар ба кор ќабул намудан, гузаронидан ва ба кор фиристодан аввалин маротиба бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ва Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон» аз 17 майи соли 2004 муќаррар карда шудааст. Мувофиќи ин меъёр арзиши роњкирои корманд, шахсоне, ки тањсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онњо, харољоти шабонарўзї барои њар як рўзи сафар ба андозаи харољотњои корманди ба сафари хизматї фиристодашаванда пардохта мешавад. (Нигар ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 75 аз 28 феврали соли 2003 ва № 213 аз 13 майи соли 2003 «Дар бораи пардохти харољоти сафарњои хизматии хизматчиёни давлатї ва кормандони корхонањо, идорањо ва муассисањои давлатї ба мамлакатњои хориљаи дуру наздик, инчунин дар дохили Љумњурии Тољикистон»).

Дар ин модда њаљми харољоти кашонидани чизу чора бо наќлиёти автомобилї ё роњи оњан пешбинї шудааст, ки он дар асоси созишномаи корфармою корманд дар њаљми зиёдтар пардохта шуданаш мумкин аст.

Арзиши роњкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онњо, инчунин ёрдампулии якваќтае, ки тибќи ин меъёр муќаррар гардидааст, њамон ваќт дода мешавад, ки агар онњо ба љойи нави истиќомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онњо воќеан људо гардидани манзил омада бошанд.

Моддаи1191. Љубронпулї барои рафтан ба кор бо мувофиќаи пешакї ба мањалли дигар. Њангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиќаи пешакї бо корфармо ба мањалли дигар ба вай тибќи муќаррароти моддаи 119 њамин Кодекс љубронпулї дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии якваќтае, ки фаќат бо созиши тарафњо пардохта мешавад.

Агар корманд ба мўњлати на зиёда аз як сол ба кор ба мањалли дигар гузаронида шавад ва ањли оилааш бо ў наоянд, он гоњ тибќи розигии тарафњо ба ў харољоти зисти муваќќатї дар љойи нав метавонад пардохта шавад ва њаљми љуброни харољот дар ин њолат бояд аз нисфи андозаи шабонарўзї зиёд набошад.

Андозаи аниќи љубронпулї бо розигии тарафњо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муќарраргаштаи кормандони ташкилотњое, ки аз буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд кам бошад.

Њангоми рафтани корманд ба мањалли дигар бо мувофиќа бо корфармо арзиши роњкирои ў ва аъзои оилааш, харољоти кашонидани чизу чорааш, харољоти шабонарўзї, ки дар моддаи 119 КМ ЉТ муќаррар шудаанд, пардохта мешавад.

Дар њолати ба мўњлати на зиёда аз як сол ба кори мањалли дигар гузаронидани корманд ва њамроњи ў нарафтани аъзои оилааш, дар асоси розигии тарафњо ба ў харољоти зисти муваќќатї дар њаљми нисфи харољоти шабонарўзї дар љойи нав љуброн карда мешавад. Дар њама њолат андозаи он аз авдозаи љубронпулии барои кормандони ташкилотњои аз буљети давлатї маблаѓгузоришаванда муќарраршуда, кам буда наметавонад.

Моддаи 1192. Њолатњои баргардонидани љубронњо њангоми ба мањалли дигар ба кор омадан. Љубронњое, ки пардохти онњо дар моддањои 119 ва 1191 њамин Кодекс пешбинї шудаанд, маќсаднок буда, масъулиятро барои онњо корфармое, ки ба ў корманд гузаронида мешавад, равона ё ќабул карда мешавад, ба зимма дорад.

Љубронњое, ки бо маќсади ба мањалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онњоро маблаѓгузорї кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурўъ накунад;

2) то тамомшавии мўњлати кор, ки ќонунгузорї дар бораи мењнат, шартномаи (ќарордоди) мењнатї пешбинї намудаанд ё шартњои гузаронидан, равон ё ќабул намудан ба кор пешбинї кардаанд, њангоми мављуд набудани мўњлати муайян бошад - то пурра шудани як соли кор бо хоњиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалњои гунањкорона озод шуда бошад, ки онњо мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои ќонунгузорї барои ќатъ гардидани шартномаи (ќарордоди) мењнатї асос шудаанд.

Њангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабњои узрнок саркашї намудан корманд вазифадор аст маблаѓњои гирифтаашро, ѓайр аз харољоти роњкиро, баргардонад.

Дар моддаи 1192 њолатњое пешбинї шудаанд, ки њангоми мављудияти онњо корманд ўњдадор аст љубронњои бо маќсади ба мањалли дигар ба кор омаданаш гирифтаро ба корфармо баргардонад.

Агар корманд маблаѓњои љуброниро вобаста ба кори мањалли дигар гирифта ба он љо наравад, ё раваду лекин корро бе сабаби узрнок шурўъ накунад, ё ин ки мўњлати шартномаи (ќарордоди) мењнатиро риоя накарда, яктарафа бо хоњиши худ таѓйир дињад ё амалњои гунањкорона содир намуда, аз кор озод шуда бошад, пас ў бояд маблаѓњои гарифтаашро ба корфармо баргардонад. Дар њолатњои бо сабабњои узрнок аз кор саркашї намудан ва ё ба кор наомадани корманд, ў вазифадор аст, ѓайр аз харољоти роњкиро, дигар маблаѓњои бо ин маќсад гирифтаашро ба корфармо баргардонад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 111 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Кафолатњо ва љубронпулињо њангоми фиристонидани кормандон ба сафари хизматї ва кўчидан љињати иљрои кор ба дигар мањал.| Танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)