Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Рухсатињои бе подоши музди мењнат.

Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд. | Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо. | Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда. | Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї. | Намудњои ваќти корї. Ваќти кори мўътадил. Ваќти кори кўтоњшуда. Ваќти нопурраи кор. | Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда. | Рељаи чандирии ваќти корї. Кори бастї. | Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї. | Ваќти дамгирї | Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола. |


Читайте также:
  1. Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.
  2. Музди мењнат њангоми дуршавї аз шароитњои мўътадили мењнат.
  3. Низоми тарифии музди мењнат ва унсурњои он.
  4. Онунгузории умумї ва махсус оид ба мењнат. Ягонагї ва тафриќа дар танзими муносибатњои мењнатї
  5. Рухсатињои боподоши њарсола. Мафњум ва намудњои рухсатии боподоши њарсола. Тартиби пешкаш намудани рухсатињои боподоши њарсола.
  6. Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.

Моддаи 99. Рухсатии бемузди мењнат. Ба корманд, бинобар вазъи оилавї ва дигар сабабњои узрнок, мутобиќи аризааш рухсатии бе музди мењнат дода мешавад, ки давомнокии онро мувофиќаи баїни корманд ва корфармо муайян мекунад. Рухсатии бе музди мењнат мувофиќи аризаи корманд ба таври њатмї ба инњо дода мешавад:

1) ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, шахсони ба онњо баробаркардашуда, инчунин ба нафаќахўрони коркунанда - њар сол то 14 рўзи таќвимї;

2) ба падару модарон ва њамсарони хизматчиёни њарбие, ки дар натиљаи захм, контузия ё осебе, ки њангоми њимояи кишвар ба онњо расидааст, ё дар натиљаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд - њар сол то 14 рўзи таќвимї;

3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моњ дар як сол;

4) ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кўдак, маросими бастани аќди никоњ, вафоти хешовандон - то 7 рўзи таќвимї;

5) ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоњубин мекунанд (бе додани вараќаи корношонмии мењнатї ё њуљљати ивазкунандаи он) - то 14 рўзи таќвимї;

6) ба кормандоне, ки мувофиќи хулосаи тиббї барои табобат роњхати санаторию истироњатї доранд, ки мўњлати он аз давомнокии рухсатии мењнатї зиёд аст - ба мўњлати ваќти нарасида (бо иловаи ваќти рафту омад), агар њамаи мўњлати рухсатии мењнатї истифода шуда бошад, ба мўњлати пурраи роњхат (бо иловаи ваќти рафту омад);

7) ба кормандоне, ки барои супоридани имтињоноти дохилшавї ба муассисањои олї, миёнаи махсуси таълимї иљозат дода шудаанд - мутобиќан 15 ва 10 рўзи таќвимї, ѓайр аз ваќти рафту омад ба мањалли љойгиршавии муассисаи таълимї;

8) ба шахсони ба аспирантура дохилшаванда ва дар он бе људошавї аз истењсолот тањсилкунанда барои ваќти рафту омад ба мањалли љойгиршавии муассисаи мазкур дар давраи супоридани имтињони дохилшавї, номзадї ва кори рисолавї;

9) дар дигар њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва шартномањои коллективї пешбинї намудаанд.

Рухсатињои дар бандњои 1-3-юми ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда дар даврае дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиќа кардааст. Узрнок будани сабабњои дода шудани рухсатии мењнатии иљтимоиро корфармо бањо медињад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективї тартиби дигар муќаррар нашуда бошад.

Моддаи мазкур рухсатињои бемаошро ба 2 намуд таќсим мекунад. Якум он рухсатињое, ки бо салоњдиди корфармо пешнињод мешаванд ва дуюм, рухсатињое, ки пешнињодашон вазифаи корфармо мебошад. Лекин дар њарду маврид асоси пешкаш намудани чунин рухсатињо аризаи корманд мегардад. Имконияти додани рухсатии бемаоши дар ќ. 1 моддаи тафсиршаванда зикршуда, ба корманд аз узрнок будани сабабњои дар аризаи корманд нишон додашуда вобаста аст. КМ ЉТ давомнокии рухсатињои бемаоши мутобиќи ќисми 1 моддаи 99 пешбинишударо, мушаххасан муайян накардааст. Давомнокии чунин рухсатињои бемаош ва миќдори онњо бо мувофиќаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад (агар давомнокии онњо бо шартномаи коллективї муайян нашуда бошад). Ќайд кардан зарур аст, ки ваќти рухсатињои бемаоши давомнокиашон аз 15 рўзи таќвимї зиёда ба собиќаи корие, ки барои гирифтани рухсатии асосии пардохташавандаи њарсола њуќуќ медињанд, дохил карда намешаванд (ниг., ба ќисми 2 моддаи 91 КМ ЉТ ва тафсири он). Бояд дар назар дошт, ки њатмї будани пешкаши рухсатињои бемузд дар баробари њолатњои дар бандњои 1-8 муќаррар шуда, инчунин дар дигар мавридњо, низ љой дошта метавонад. Масалан барои: занњо њангоми доштани ду ва зиёда фарзанди то 14 сола (ё фарзанди маъюби то шонздањсола) бо хоњиши онњо, њар сол ба муддати на камтар аз 14 рўз (ниг., ба моддаи 171 КМ ЉТ ва тафсири он) ва барои нигоњубини тифл то ба синни сесола расиданаш (аз он то 1,5 сола шудани тафл бо пардохти кўмакпулї ба маблаѓи як њадди аќали маоши дар Љумњурии Тољикистон муќарраршуда аз рўи суѓуртаи давлатии иљтимої)1. Агар зан то 1.5 сола шудани кўдак ба кор шурўъ кунад, он гоњ пардохти кумакпулї ќатъ карда мешавад.

Аз чунин рухсатї метавонанд падари тифл, бибї, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воќеан нигоњубин мекунанд, пурра ё ќисман истифода баранд (нигар, ба ќисми 3 моддаи 165 КМ ЉТ ва тафсири он). Рухсатии бемаош инчунин мувофиќи хињиш ба шахсоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онњо мебошанд (нигар ба моддаи 166 КМ ЉТ ва тафсири он), шахсоне, ки кўдакро бе модар тарбия мекунанд (нигар, ба моддаи 173 КМ ЉТ ва тафсири он), ва ба хизматчиёни давлати ба муддати на бештар аз 60 рузи таќвимї дода мешаванд (моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї», аз 13 ноябри соли 1998, бо таѓйироту иловањо аз 3 майи соли 20022. Ба корманд додани рухсатии бемаош мувофиќи ќисми дуюми моддаи 99 КМ ЉТ ўро аз њуќуќи гирифтани рухсатии бемаош тибќи ќисми якуми њамин Кодекс мањрум намесозад. Масалан корманди маъюби гурўњї 1, 2, 3 мувофиќи банди 3 ќисми дуюми моддаи 99 КМ ЉТ дар як сол то 2 моњ њуќуќи гирифтани рухсатии бемаош дорад. Ў инчунин метавонанд, бо дигар сабабњои узрнок ва ё вазъи оилавї мувофиќи ќисми якуми моддаи 99 њамин Кодекс дар асоси ариза ба рухсатии бемаош барояд. Рухсатии бемаош дар асоси аризаи хаттии корманд ва фармони (амри) корфармо бо нишон додани сабаби ба рухсатї рафтан, давомнокии он, рўзи ба рухсатї рафтани корманд ва рўзи ба охир расидани ин гуна рухсатї, дода мешавад. Корманд метавонад дар њама лањза ба кор баромада, мўњлати дар ариза нишондодашударо риоя накунад.

Моддаи 991. Рухсатии муваќќатии бемузд ё ќисман музднок. Бо сар задани зарурати муваќќатан боздоштани кор ё њангоми кам шудани њаљми кор ба муддати на зиёда аз як моњ корфармо, бо маќсади пешгирї намудани озодкунии кормандон аз рўи ихтисори шумора ё штат, њуќуќ дорад бо ризоияти корманд (кормандон) ба ў (онњо) рухсатии бе нигоњдорї ё ќисман бо нигоњдории музди мењнат дињад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективї тартиби дигар пешбинї нашуда бошад. Андозаи музди мењнати пардохтшаванда дар ин сурат бо мувофиќаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи маоши корманд кам буда наметавонад.

Бинобар душворињои дорои хусусиятњои истењсолї, иќтисодї, технологї ё ташкилии ташкилот, бо ташаббуси корфармо ба рухсатии маљбурии бемаош ё ќисман бо нигоњдории музди мењнат фиристодани кормандон ба мўњлати на зиёда аз як моњ љой доштанаш мумкин аст. Аммо дар ин маврид ризоияти корманд њатмї мебошад. Чунин рухсатї бо маќсади пешгирї намудани озодкунии омавии кормандон бинобар ихтисори шумора ё штат љой дошта метавонад. Дар сурати ба корманд додани чунин рухсатї, андозаи музди мењнати ў дар мувофиќа бо корфармо муайян шуда, он аз андозаи маоши корманд камтар буда наметавонад.

БОБИ xi


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 116 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Рухсатињои эъљодї ва иљтимої.| Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)