Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила

Принсипњои њуќуќи оилавї | Тавсифи ќонунгузории оила | Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ | Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ | Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он |


Читайте также:
  1. Иттифоќњои касаба ташкилотњои ихтиёрии љамъиятї буда, ба маќсади њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатї, иљтимої-иќтисодии мењнаткашон таъсис дода мешаванд.
  2. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  3. Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон.
  4. Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он
  5. Система ва намудњои андоз дар Љумњурии Тољикистон.

УЌУЌИ ОИЛАВЇ

1. Њуќуќи оилавї ва вазифањои он

Оила сохтори ибтидоии њар гуна љомеа, зинаи аввалини ташаккули он ба шумор меравад. Пайдоиши оила, чунон ки олимони њафриётшинос ва мардумшинос исбот кардаанд, таърихи 10-12 њазорсоларо дар бар мегирад. Пайдоиш ва инкишофи обшинањои авлодї њамчун мањсули асосии иќтисоди истеъмолї ба замони гузариш ба неолит (тахминан њазорањои VII - III то милод) рост меояд. Заминаи инкишофи тадриљии ин обшинањоро муносибатњои хешутабории якчанд насл ташкил медоданд ва аз ин рў ин сохти ќадимаро сохти авлодї меномиданд. Бояд гуфт, ки мањз дар замони неолит табаќањои гуногуни иљтимої пайдо шуда, онњо бавуљудої ва рушди муназзами синфњо, давлат ва њуќуќро таъмин карданд.

Баъдан дар асрњои XVII - XVIII дар даврони ављи ташаккули сохти сармоядорї таваљљўњи ањли љомеа ба оила њамчун институти мустаќили иљтимої хеле зиёд гардид. Мувофиќи аќидаи њуќуќшиносони ин давра, оила дар натиљаи никоњ ба вуљуд меояд ва никоњ бошад, навъи хоси шартномае мебошад, ки дар он њуќуќу ўњдадорињои њамсарон на аз љониби худашон, балки аз тарафи давлат муќаррар мегардад. То ибтидои асри XX њамсарон дар оила њуќуќи баробар надоштанд, танњо шавњар соњибихтиёри корњои оила ва ягона соњибмулки амволи он мањсуб мегардид.

Танњо баъди љанги дуюми љањонї афкори љомеа ба масъалаи оила таѓйир ёфт, аз нигоњи илми њуќуќ никоњ њамчун шартномаи шањрвандони баробарњуќуќ баррасї гардид. Акнун дар замони мо навъњои гуногуни оилањоро ба мушоњида гирифтан мумкин аст, ки дар натиљаи никоњњои ба таври расмї баќайдгирифташуда ва бе ќайди давлатї (никоњњои воќеї ё шањрвандї) ташкил шудаанд, оилањои серфарзанд, оилањое, ки танњо аз модару кўдак иборатанд, њатто оилањои якљинса (дар баъзе давлатњои Скандинавия) ба як њодисаи муќаррарї табдил ёфтааст.

Дар сарзамини Шарќ, чунон ки аз сарчашмањои таърихї ва њукуќї маълум мешавад, њанўз дар даврони Зардушт, таќрибан дар асри IX пеш аз милод ба муносибатњои мардону занон дар заминаи њуќуќ таваљљўњ карда мешуд. Ташкили оила дар ањди Зардушт кори муќаддас њисоб меёфт ва пойдрии ахлоќу маънавиёти љомеаро аз устувории оилањо вобаста медонистанд. Чунончи, дар замони Сосониён, ки оини оташпарастї дини давлатї мањсуб мешуд, ихтиёран дохил шудан ба никоњ шарти асосии бунёди оила њисоб меёфт. Масалан, дар Ќонунномаи Сосониён сабт шуда буд, ки «инсон набояд духтари хешро зидди иродааш ба шавњар дињад». Синни расидан ба балоѓат аз 15 солагї эътироф мешуд.

Тамаддуни исломї, ки тўли 1400 сол ба аксарияти халќњои Шарќ нафаќат њамчун дин, балки њамчун намунаи тарзи зист ва маънавияту ахлоќ хизмат карда меояд, ба муносибатњои њуќуќии оилавї меъёрњои наве ворид кард, ки ба устувор нигоњ доштани оилањо мусоидат мекунанд. Бисёр арзишњои ахлоќию маънавї, аз љумла садоќати њамдигарии зану шавњар, масъули тарбияи фарзандон будани волидон ва баръакс, нигањбонии фарзандон аз волидони эњтиёљманд, муќаддас донистани падару модар аз ќабили арзишњое мебошанд, ки мустањкамии оилањоро таъмин мекунанд.

Бењуда нест, ки тибќи фармудањои дини ислом падарро ќиблагоњ мегўянд ва ризоияти падарро баробари ризоияти худо мењисобанд. Маќоли машњури «падар розї – худо розї», ё худ њикмати «бињишт зери пои модарон аст» гувоњи он аст, ки багумон дар ягон тамаддуни дигар маќому мартабаи падару модар ин ќадар баланд бошад. Аз нигоњи арзишњои умумибашарї низ оила як љомеаи хурди ташаккули шахсиятњо эътироф мешавад. Ба ќавли В.А.Сухомлинский «оила ин њамон муњити ибтидоиест, ки ба инсон накўкориро меомўзад».

Бояд дар назар дошт, ки оиладор шудан, пеш аз њама, маънои аз њуќуќу ўњдадорињои оилавї бархурдор будани њар як шахс ва иљро намудани онњоро дорад. Дар ќонунгузории ЉТ таърифи њуќуќии оила дода нашудааст, вале дар истинод ба нуќтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариќи зайл додан мумкин аст: оила - иттифоќи озод, ихтиёрона,баробарњуќуќ ва чун ќоида якумраи зану шавњараст, ки ба муњаббату эњтироми тарафайн бо маќсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи њама шартњои дар ќонун зикршуда ва умумияти маънавию хољагї, инчунин њуќуќу ўњдадорињоро байни аъзои оила ба вуљуд меорад ва дар тањти њимояи давлат ќарор дорад. Вазифањои асосии оила - репродуктивї (ба вуљуд овардани насли солим), тарбиявї, хољагидорї (иќтисодй), маънавияти ба њам созгори аъзои оила ва дастгирии моддию маънавии байнињамдигарї мебошад.

Дар фањмиши соддаву муќаррарї њуќуќи оилавї маљмўи меъёрњои њуќуќиест, ки муносибатњои байни аъзои оиларо ба танзим медарорад. Аъзои оила гуфта, њамсарон, волидон ва фарзандонро дар назар доштан лозим аст, ки онњоро маљмўи њуќуќу ўњдадорињои амволї ва ѓайриамволї ба њам алоќаманд месозад. Дар фањмиши васеъ бошад, њуќуќи оилавї маљмўи меъёрњои њуќуќї буда, муносибатњои шахсї ва молумулкиеро, ки бо сабаби никоњ, таваллуди кўдак, фарзандхонї, хешутаборї, ба тарбия гирифтани кўдак, байни шањрвандон, шањрвандону шахсони њуќуќї, шањрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим менамояд.

Вазифањои њуќуќи оилавї аз њалли масъалањои зерин иборат аст: мустањкам кардани оила, ки ба арзишњои ахлоќии љомеа асос ёфтааст, никоњи ихтиёрии зану мард, дўстї ва эњтироми њамдигарии аъзои оила, њифзи манфиати модару кўдак ва таъмини шароити арзанда барои инкишофи кўдакон, барњам додани таассубу хурофот ва урфу одатњои зарарноки замони гузашта, парвариши эњсоси баланди масъулият дар назди оила.

Њуќуќи оилавї мисли дигар соњањои њуќуќ мавзўи омўзиши худро дорад. Мавзўи омўзиши њуќуќи оилавї маљмўи муносибатњои чамъиятиеро фаро мегиранд, ки дар натиљаи бастан ё бекор кардани никоњ, таваллуди кўдак, хешї, фарзандхонї, парасторї, васоят пайдо мешаванд, таѓйир меёбанд ва ќатъ мегарданд.

Ин муносибатњо хислати хоси худро доранд ва онњо имконият медиханд, ки муносибатњои њуќуќи оилавї аз дигар намудњои муносибатњои њуќуќї, аз љумла аз муносибатњои њуќуќи гражданї фарќ карда шаванд. Масалан, субъекти њуќуќи оилавї танњо шањрвандоне ба шумор мераванд, ки доираи онњоро ќонун муайян кардааст (њамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ѓ.) Субъектони муносибатњои њуќуќи оилавї доимо характери љиддї, инфиродї ва ивазшаванда доранд. Ѓайр аз ин, муносибати байни субъектони њуќуќи оилавї бардавом ва эътимоднок мебошанд.

 

Саволњо:

1) Пайдоиши оила ба кадом давра мансуб аст ва хусусиятњои он давраро бо истифода аз маводи фанни таърих шарњ дињед. 2) Никоњ њамчу навъи шартнома гуфта Шумо чиро мефањмед? 3) Ташкили оила дар ањди Зардушт чї гуна бањо дода мешуд? 4) Чаро њуќуќу ўњдадорињои зану шавњар аз љониби давлат муќаррар мешавад? 5) Таърифи оиларо бигўед. 6) Фањмиши сода ва мураккаби њуќуќи оилавї аз њам чї фарќ доранд? 7) Вазифањои њуќуќи оилавї аз њалли кадом масъалањо иборат аст? 8) Мавзўи омўзиши њуќуќи оилавї чист? 9) Субъектони њуќуќи оилавиро номбар кунед.

 

 

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила

Муносибатњои оилавї-њуќуќї, ки бо меъёрњои махсуси њуќуќ танзим мешаванд, албатта, аз таъсири меъёрњои њуќуќи конститутсионї бебањра намемонанд, чунки њуќуќи оилавї, пеш аз њама, ба меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон такя мекунад, ки онњо дар навбати худ сарњади таъсири њуќуќро ба соњаи оилавию њуќуќї муайян мекунанд.

Дар ќисми 1 моддаи 34 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сабт шудааст, ки «модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд». Ин меъёри Конститутсия аз давлати Тољикистон андешидани чорабинињои гуногунро вобаста ба устувории оилањо, њавасмандкунии модарї, њифзи манфиатњои њамаи аъзои оила ва махсусан модару кўдак ва муњайё намудани шароитњои кафолатдињандаи иљрои њуќуќи оилавии шањрвандонро таќозо мекунад. Ин њолат инчунин дар њуќуќи оилавии Тољикистон татбиќ гардидани муќаррароти дахлдори як зумра санадњои њуќуќи байналхалќї, аз ќабили Эъломияи умумии њуќуќи инсон (1948), Эъломияи њуќуќи кўдак (1959), Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак (1989)- ро ба њукми тасдиќ медароранд.

Дар ин њуљљатњо зарурати зоњир намудани ѓамхорињои махсус, таваљљўњ ва кўмак ба модарон, муњайё намудани шароити арзандаи иљтимої барои инкишофи мўътадили кўдакон таъкид мешавад. Њамчунин ин меъёрњои Конститутсия исбот мекунад, ки давлат ба ўњдаи худ як силсила ўњдадорињоро вобаста ба њуќуќи модару кўдак ба ўњда мегирад.

Дар ќисми дуюми моддаи 34 Констутсияи ЉТ зикр мешавад, ки «падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу ќобили мењнат барои таъмини падару модар масъуланд». Ин меъёр чунин маънї дорад, ки њам падару модарон дар тарбия ва парвариши њамаљонибаи фарзандон ва њам фарзандон барои нигоњубини волидон дар айёми пиронсолагї ва корношоямиву эњтиёљмандї масъулият ва љавобгарии баробар доранд.

Ѓайр аз моддаи номбурда, боз дар якчанд моддањои дигари Конститутсия оид ба ўњдадории давлат дар назди оила сухан меравад ва ин меъёрњои конститутсионї аз характери иљтимоии Љумњурии Тољикистон тибќи ќисми дуюми моддаи 1 Конститутсия гувоњї медињанд.

Њамин тавр, яке аз хусусиятњои хоси давлати иљтимої дар он зоњир мегардад, ки давлат дар хизмати љомеа ќарор гирифта, ихтилофот ё худ нобаробарињои иљтимоиро ба њадди аќал расонида, як силсила ўњдадорињоро ба зимма мегирад, аз љумла, њифзи мењнат ва саломатии одамон, андозаи кафолатноки музди мењнат, таваљљўњ ба маорифу тиб, дастгирии давлатии масоили оила, модару кўдак, ашхоси маъюбу куњансол, инкишофи њамасолаи низоми хадамоти иљтимої, аз ќабили нафаќа, кўмакпулињо, кафолатњои дигари њифзи иљтимоии ањолї ва ѓайра.

Таљрибаи 16-солаи истиќлоли Тољикистон ба хубї исбот кардааст, ки чунин маќоми конститутсионї – њуќуќии давлати Тољикистон навъе аз пайравї ба самтњои инкишофи давлатњои ѓарбї набуда, асоси амиќи таърихиву фарњангї ва тамаддунї дорад.

Њанўз дар тамаддуни ориёї оилаву оиладорї як рукни муќаддаси љомеа мањсуб ёфта, тарбияи рўњиву љисмонии фарзандон дар чорчўбаи оила љиддан таъкид мешуд. Эњтиром кардани волидон ва кўмаки иљтимої ба модарони серфарзанд арзишњое мебошанд, ки дар китоби муќаддаси аљдодиамон – «Авесто» зикр шудааст. Њатто ривояте аз замони ориёї омадааст, ки аз эњтироми хосаи мардон бархурдор будани занон гувоњї медињад: њар субњ марди хона баъд аз зиёрати офтоб аввал дасти зан мебўсид ва бад-ин восита эњтироми самимонаи хешро ба ў ифода мекард. Имрўз чунин одат дар саросари давлатњои Ѓарб ривољ дорад ва як рукни тамаддуни ѓарбї эътироф мешавад. Ё худ бастани шартномаи никоњ ќабл аз издивољ, ки айни замон дар мамолики Ѓарб хеле маъмул аст, дар асл баромади ориёї дорад. Дар натиљаи тањќиќоти муаррихону њафриётшиносон муайян шудааст, ки њанўз дар асри VIII ќабл аз милод дар Суѓди бостонї бастани шартномаи никоњ дар њукми анъана будааст. Дар фарњанги исломї низ маќоми зан ва оилаву оиладорї хеле баланд аст ва тарбияи фарзандон танњо дар муњити оилаи солим раво дониста мешавад.

Њамин тавр, дастгирии њамаљонибаи давлатии оила дар сиёсати иљтимоии Њукумати Љумњурии Тољикистон бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон мавќеи муњим дошта, ин сиёсат, аз як тараф, аз суннатњои тўли асрњо ташаккулёфтаи фарњанги асили тољикї ва аз тарафи дигар, таљрибаи пешќадами мамолики пешрафтаи олам сарчашма гирифтааст.

Яке аз омилњои самарабахши пешбурди сиёсати иљтимої дар мавриди оила њамин аст, ки дар низоми ќонунгузории давлат ќабл аз њама дар Конститутсияи Тољикистон ва Кодекси оила муњимтарин принсипу усулњои ба оила алоќаманд дарљ шудаанд, чунончї, тањти њимояи давлат ќарор доштани оила ва њуќуќу ўњдадорињои волидон нисбати њифзи манфиати фарзандон ва баръакс, ўњдадории фарзандони болиѓ барои нигоњубини волидон (моддањои 64 ва 88-и Кодекси оила). Бо маќсади таъмини иштироки зан дар њаёти љамъиятї ва идоракунии давлат Фармони Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон «Дар бораи баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа» (аз 3.12.1999) ирсол гардид, ки барои тањкими минбаъдаи ќонунгузорї љињати болорафти мавќеи зан дар љомеа ва дастгирии давлатии оила такони љиддї бахшид. Баъд аз интишори фармони мазкур ќабул шудани Барномаи давлатии «Самтњои асосии сиёсати давлатї оид ба таъмини њуќуќу имкониятњои баробари мардон ва занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2001-2010», инчунин Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо» (аз 1.03.2005), њамроњ шудани Тољикистон ба якчанд санадњои муњими байналњалќї, аз ќабили Эъломия оид ба бартараф кардани њамагуна шаклњои табъиз нисбат ба занон ва Эъломия дар бораи њуќуќњои сиёсии зан, Эъломияи њуќуќи кўдакон ва ѓайра њалли мушкилоти оила дар пешбурди сиёсати иљтимої танзими њамешагї пайдо кард.

Дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалии Рањмон ба Маљлиси Олии ЉТ аз 20 апрели соли 2006 омадааст, ки «Њукумати Тољикистон њар сол барои пардохти беш аз 20 намуди кўмакпулињо ба оилањои камбизоат аз њисоби буљети давлатї беш аз 40 миллион сомонї људо мекунад».

Яке аз муњимтарин хусусияти Конститутсияи соли 1994 дар он зоњир мешавад, ки аз як тараф, бењтарин анъанањо ва арзишњои демократии дар таљрибаи давлатњои мутаммадини љањон ташаккулёфтаро таљассум карда, аз сўи дигар, эълом медорад, ки тибќи ќисми 3 моддаи 10 санадњои њуќуќии байналмилалї љузъи таркибии низоми ќонунгузории мамлакат ба њисоб мераванд. Бо њамин љузъи љомеаи љањонї будани Тољикистон ба таври ќонунї собит мегардад.

Ин гуна њолат боиси он шудааст, ки дар њама соњањои муносибатњои љамъиятї, аз љумла њуќуќи оила талаботу муќаррароти як силсила асноди њуќуќи байналхалќї марбут ба муносибатњои оилавї, аз љумла Эъломияи умумии њуќуќи башар, Эъломияи њуќуќи кўдак, Эъломияи давлатњои аъзои ИДМ «Дар бораи кўмаки њуќуќї ва муносибатњои њуќуќї оид ба парвандањои гражданї, оилавї ва љиноятї» ва ѓайра, ки равияњои њозиразамони њалли мушкилоти оила ва тарзу усулњои нигањдориву устувории онро инъикос менамоянд, ба эътибор гирифта шудаанд.

Чунончї, муњимтарин масъалањое, ки ба танзими муносибатњои оилавї робитаи устувор доранд, аз ќабили ихтиёрї будани никоњ, озодии талоќ, якканикоњї, баробарии њамсарон дар оила, эътибори баланди кўдакон дар оила ва зоњир намудани ѓамхорї барои инкишофи њамаљонибаи онњо, њимояи афзалиятноки њуќуќу манфиатњои аъзои корношоями оила масъалањое њастанд, ки дар Кодекси оилаи њоло амалкунанда мутобиќ ба Эъломияи њуќуќи башар ва дигар санадњои байналмилалї марбут ба њуќуќи инсон баррасї гардидаанд.

Конститутсияи Точикистон њамчун њуљљати аз њама баландэътибори њуќуќї консепсияи њозиразамони њуќуќу озодињои инсонро инъикос мекунад ва ин сифати Ќонуни асосї шароити мусоидро барои рушди њама соњањои њуќуќ ва махсусан њуќуќи оила ба вуљуд овардааст. Аз ин нуќтаи назар, барои инсон њамчун мављуди шањрвандї муњайё шудани имконияти васеъ барои татбиќи њуќуќњои иќтисодию иљтимої дар заминаи меъёри конститутсионї оид ба баробарии њама шаклњои моликият, дастрасии баробар ба ресурсњои моддию молиявї ва бо назардошти принсипи «амал кардан то сарњаде, ки ќонун манъ кардааст», ќонунгузор дар њама соњањои ќонунгузорї меъёрњо ва институтњои навро љорї намудааст.

Ин њолат махсусан дар соњаи њуќуќи оилавї аз њама бештар ба чашм мерасад, зеро оила мансуб ба њаёти шахсї буда, бидуни устувории он аз љомеаи солим ва бештар аз ин – муносибатњои ќавии иљтимої сухан гуфтан имкон надорад. Муњимтар аз њама, татбиќи њамаљонибаи њуќуќи оила яке аз рукнњои асосии ташаккули љомеаи шањрвандист ва љомеаи шањрвандї дар пояи њаёти муназзами хусусии ашхос метавонад рушд кунад.

Таърих гувоњ аст, ки тўли 70 соли даврони шўравї њаёти шахсии одамон, аз љумла њаёти оилавї зери таъсири шадиди њизбию давлатї ќарор дошт ва ин њолат, пеш аз њама, дар натиљаи норасої, беэътибории њуќуќ ва риоя нагаштани ќонуният зоњир мегашт.

Тавассути рўи кор омадани кнститутсияи демократї вазъи њуќуќии шахсият дар оила ба танзим дароварда шуданд, ё ба ибораи дигар, пањлўњои мухталифи њолати шахсият аз лињози њуќуќ ба эътибор гирифта шуданд. Мундариљаи њолати њуќуќии шахсият дар оила, чунонки маълум аст, ба ду омили муњим – сохти иќтисодї ва режими сиёсї вобаставу алоќаманд аст. Ба эътибори Конститутсия режими сиёсї демократї эътироф шудааст, ки дар чунин шароит низоми њама соњањои ќонунгузорї, аз љумла ќонунгузории оилаву никоњ низ ба арзишњои демократї такя мекунад.

Њамин љињат аст, ки дар Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, ки 13 ноябри соли 1998, яъне баъди чор соли ќабули Конститутсия ќабул шудааст, меъёрњо ва институтњои нав ворид шуданд, ки ба љумлаи онњо – ањдномаи никоњ, созишномаи пардохти алимент, афзалият доштани њуќуќи кўдак дар оила, муоинаи тиббии никоњшавандагонро номбар кардан мумкин аст. Њар яке аз ин меъёрњо моњияти амиќи иљтимої дошта, ба консепсияи муосири њуќуќу озодињои инсон комилан мувофиќ мебошанд.

Њамзамон суннатњои миллї, ба эътибор гирифтани расму оинњои асрњо ташаккулёфтаи аљдодї аз ќабили насабгузорї, муќаррар кардани синни никоњї, бо назардошти ахлоќ ва маънавият бартараф сохтани монеањои никоњ дар сиёсати оиладорї мавќеи муњим пайдо намудаанд. Њамин тавр, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар рушди ќонунгузории оилаву никоњ ва танзими муносибатњои дохилиоилавї наќш ва ањамияти аввалиндараља дорад.

Дар Конститутсия зикр ёфтани муњимтарин принсипу усулњои ба оила алоќаманд, аз љумла – асоси љамъият будани оила ва тањти њимояи давлат ќарор гирифтани он, тањти њимояи махсус ва дастгирии давлат будани кўдак, инчунин масъул будани волидон дар тарбияи фарзандон самти инкишофи њуќуќи оила ва ќонунгузории соњаи мазкурро муайян кардаанд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад, ки њуќуќу озодии инсон арзиши олї мебошанд. Аммо ин гузориш хушку холї набуда, давлат масъулияти худро назди шањрвандон дар мавриди бунёди шароити арзанда барои инкишофи озодонаи шањрвандон эътироф мекунад ва њуќуќњои фитрии инсон, аз љумла њаёт, шаъну эътибор ва дахолатнопазирии шахсиятњоро тањти њимояи худ ќарор медињад. Њамчунин Конститутсия риоя ва њифзи њуќуќу озодињои шањрвандонро њамчун вазифаи асосии давлат (тибќи м.5) эътироф кардааст. Ин муќаррарот бевосита ба соњаи њимояи њуќуќњои оилавии шањрвандон низ дахл дорад.

Бояд тазаккур дод, ки њуќуќи шахсият дар соњаи муносибатњои њуќуќию оилавї яке аз рукнњои асосии маќоми њуќуќии шахс ба шумор меравад. На њама пањлўњои њуќуќи шахс дар оила дар Ќонуни асосї инъикос шудаанд, ки моддаи 33-и Конститутсия гувоњи ин аст. Дар ин модда њуќуќи њар фард ба бунёди оила, озодона ба никоњ даромадани мардону заноне, ки ба синни никоњї расидаанд, инчунин баробарњуќуќии њамсарон дар муносибатњои оилавї ва ќатъи он зикр шудааст. Аммо дар ин маврид Кодекси оила меъёри махсус – риояи шартњои аќди никоњ (аз љумла, синни никоњї, розигии тарафњо, набудани монеањои акди никоњ)-ро пешбинї кардааст, ки онњо мебоист дар матни њамин модда зикр мешуданд, ё ба ќонуни соњавї њавола мегардиданд.

Бояд зикр намуд, ки њифзи њуќуќњои оилавии шањрвандон дар якчанд даврањои њаёт амалї мешавад: давраи тоникоњї, ваќте ки механизмњои асосии аќди никоњ ба кор дароварда мешаванд, дуюм, дар давраи њаёти якљояи њамсарон, ваќте ки сухан дар бораи њифзи њуќуќњои шахсї ва амволии њамсарон меравад, сеюм, дар љараёни баррасии парвандањо оид ба ќатъи никоњ, чорум, дар љараёни баррасии парвандањо вобаста ба њифзи њуќуќи кўдакон ва тарбияи онњо.

Њар яке аз ин даврањо хусусиятњои хосе доранд, ки ба инобат гирифтани онњо ба њалли мусбати муноќишањои оилавї мусоидат хоњанд кард. Масалан, дар давраи тоникоњї Кодекси оилаи Тољикистон меъёрњои махсус оид ба њимояи њуќуќи њамсаронро пешбинї кардааст, аз ќабили меъёрњое, ки аќди никоњро манъ мекунанд, ба таври ройгон гузаронидани муоинаи тиббї, баррасии судии масъалањое, ки ба кам кардани синни никоњї ё мањдуд кардани мўњлати ќайди ниоњ дахл доранд, ё ќайди никоњ бе пешбинии мўњлати якмоњаи интизорї.

Дар давраи њаёти якљояи њамсарон бошад, институти ањдномаи никоњ ва масъулияти њамсарон аз рўи ўњдадорињо пешнињод шудааст.

Нињоят дар давраи ќатъи никоњ Кодекси оила меъёрњое дорад, ки барои ба таъхир андохтани талоќ мусоидат мекунанд ва њамзамон њуќуќи њамсаронро ба ин амали табиї мањдуд намесозанд.

Њамин тариќ, ќонунгузории оилаву никоњ дар партави Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мунтазам инкишоф ёфта, ба он равона шудааст, ки њама пањлўњои њаёти шахсии шањрвандон, аз љумла муносибатњои оилавї низ аз нигоњи њуќуќ ба нафъи рушди солими љомеа танзим гарданд.

 

Саволњо:

1) Ба ёд биёред, ки давлати иљтимої чист ва чї гуна хусусиятњо дорад? 2) Њуќуќи оилавї аз кадом меъёрњои Конститутсия сарчашма мегирад? 3) Дар кадом санадњои њуќуќии байналхалќї оид ба њифзи давлатии оила сухан меравад? 4) Оила аз нигоњи оини оташпарастї ва дини ислом чї гуна эътибор дорад? 5) Њифзи њуќуќњои оилавї дар кадом даврањои њаёти инсон амалї мешавад?

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 222 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат| Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.016 сек.)