Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Тавсифи ќонунгузории оила

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила | Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї | Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ | Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Ниг.: Ќонунгузории ветеринарї. Маљмуи њуљљатњои меъёрию њуќуќї оид ба ветеринарї. Љилди 1-ум (бо забонњои тољикї, русї ва англисї). Душанбе: «Эљод», 2004.-С.448
  3. Тавсифи ќонунгузории љиноятї

Санади муњимтарини меъёриву њуќуќие, ки муносибатњои оилавиро ба танзим медарорад, Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон аст.Кодекси нави оилаи ЉТ, ки дар он дигаргунињои муњими таи солњои охир дар муносибатњои оилавї бавуљудомада инъикос ёфтаанд, 13 ноябри соли 1998 дар иљлосияи Маљлиси Олї ќабул шуда, аз 8 фаслу 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Дар Кодекси оила зикр шудааст, ки ин санади њуќуќї бо маќсади устувории оилањо, танзими муносибатњои оилавї дар пояи эњтирому муњаббат, ёрии байнињамдигарї ва масъулияти тамоми аъзои оила дар њаёти якљояи оилавї, озод будани муњити оила аз дахолати ашхоси беруна ба корњои дохилии оила, иљрои њатмии њуќуќу ўњдадорињои њар яке аз аъзои оила дар назди њамдигар ва инчунин имконияти њимояи судии онњо асос меёбад. Бо назардошти ислоњоти њуќуќие, ки дар љумњурї сурат мегирад, дар Кодекси оила меъёрњои сифатан нави њуќуќї ѓунљоиш ёфтаанд, ки устуворї ва пешрафти оилањоро дар шароити нави иљтимоии љумњурї таъмин мекунанд.

Эътибори баланди ин њуљљат дар он зоњир мешавад, ки ќабл аз њама дар он таљрибаи ислоњоти ќонунгузории оилавии мамлакатњои дуру наздики хориљї, равияњои њозиразамони њалли проблемањои оила, роњњои нигањдорї ва устувории он бо назардошти шароити нави иќтисодию иљтимоии даврони гузариш ба иќтисоди бозаргонї ва рушди љумњурї бо роњи демократия ва бунёди давлати њуќуќию дунявї инъикос ёфтааст.

Маќсади асосии Кодекси нави оила дар муќаррар намудани муносибатњои њуќуќие зоњир мешавад, ки ба ќаноатмандии пурраву њамаљонибаи манфиати шахсиятњо, муњайё кардани шароит барои таъмини њаёти бошарафона ва инкишофи озодонаи њар узви оила, тарбияи кўдакон мусоидат мекунанд.

Бори аввал дар Кодекси нави оила меъёрњо ва институтњои нав – ањдномаи никоњ, њуќуќи кўдакон дар оила, созишнома оид ба пардохти алимент ворид карда шудаанд. Новобаста аз мавќеи баъзе гурўњњои динї, ки бисёрникоњиро ќонунї дидан мехостанд ва ин зуњуротро таќозои шароити нави иљтимої ва воситаи ба эътидол овардани љомеа маънидод менамуданд, дар Кодекси нави оила якканикоњї муќаррар гардида, принсипи конститутсионии баробарии иттифоќи зану мард дар асоси якканикоњї ба њукми тасдиќ дароварда шудааст.

Бори нахуст дар Кодекси оила анъанаи миллии ањолии мањаллї вобаста ба доштани насаб (моддаи 58) ба эътибор гирифта шуда, бо назардошти хусусиятњои миллї синни никоњї аз 17-солагї муќаррар гардидааст. Танњо дар њолатњои истисної суд хуќуќ дорад, ки синни никоњиро ба мўњлати на бештар аз як сол кам кунад (ќ.2, 3 моддаи 13). Дар моддаи 14 панљ њолате номбар мешавад, ки монеаи аќди никоњ мегарданд: байни шахсоне, ки яке аз онњо дар никоњи дигари баќайдгирифташуда ќарор дошта бошад; байни бародарону хоњарони айнї ва угай, байни фарзандќабулкунандагон ва фарзандхондашудагон, байни шахсоне, ки суд яке аз онњоро бо сабаби бемории рўњї ё сустаќлиаш ѓайри ќобили амал эътироф кардааст; байни шахсоне, ки суд яке аз онњоро бо сабаби сўиистифодаи нўшокињои спиртї ё маводи нашъадор дорои ќобилияти мањдуди амал эътироф кардааст. Дар ќонунгузории оила институти муоинаи тиббии шахсони излдивољкунанда (моддаи 15) љорї шудааст. Принсипи таъмини њимояи афзалиятноки њуќуќу манфиатњои кўдакон, яъне кўшиши эътирофи кўдак њамчун субъекти мустаќили њуќуќ (боби 14) ањамияти љиддї пайдо мекунад. Њангоми вайрон шудани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии кўдак ў метавонад барои дифои њуќуќњояш ба маќомоти васояту парасторї ва ё суд баробари расидан ба синни 14-солагї мурољиат намояд (моддаи 57).

Меъёрњое дар Кодекси оила пурќувват шудаанд, ки ба масъалаи мањрум кардани њуќуќњои падарї ва модарї дахл доранд (моддањои 69-70). Созишнома оид ба пардохти алимент (моддањои 100-105) ва индексатсияи андозаи алимент (моддаи 106), инчунин њуќуќи фарзандони болиѓи тањсилкунанда ба алимент (моддаи 86) меъёрњои њуќуќии тамоман нав мањсуб мешаванд.

Кодекси нави оила ду низоми фарќкунанда – ќонунї ва шартномавиро барои амволи њамсарон муайян карда, ба њамсарон имконият муњайё мекунад, ки худашон яке аз ин низомњоро интихоб карда, муносибатњои амволиашонро муќаррар намоянд. Моњиятан меъёри нави њуќуќї – ањдномаи никоњ пешбинї шудааст, ки мавзўи хос – амволи њамсаронро дар бар мегирад (моддањои 40-45). Ба ин навгонии њуќуќї боби алоњида (бобби 8) бахшида шудааст ва он масъалањои њалталаби муносибатњои амволии њамасаронро дар шароити кунунї инъикос мекунад.

Саволњо:

1) Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон кай ќабул шудааст ва аз чанд бобу модда иборат аст? 2) Дар Кодекси оила кадом институтњо ва меъёрњои нав љорї шудаанд? 3) Синни никоњї аз чандсолагист ва кадом маќомот метавонад онро кам кунад? 4) Ибораи «кўдак њамчун субъекти мустаќили њуќуќ» - ро шарњ дињед. 5) Кадом моддањои Кодекси оила ба масъалаи мањрум кардани њуќуќњои падарї ва модарї дахл доранд?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 113 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Принсипњои њуќуќи оилавї| Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.012 сек.)