Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Принсипњои њуќуќи оилавї

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи давлатии оила | Никоњ: шартњо ва тартиби бастани он. Монеањои аќди никоњ | Беэътибории никоњ ва ќатъ гардидани никоњ | Ањдномаи никоњ: мазмун, шакл ва тартиби бастани он |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  4. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  5. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
  6. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї
  7. Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.

Моњиятан ќонунгузории оилавї аз меъёрњои Конститусия сарчашма мегирад ва ин меъёрњо на танњо асоси ќонунгузории никоњу оилавиро ташкил медињанд, балки принсипњои онро низ муайян мекунанд. Масалан, њуќуќи оилавї баробарњуќуќии мардону занонро дар муносибатњои оилавї дар назар дорад. Ин њолат њам дар њуќуќу ўњдадорињои онњо њангоми никоњ ва њам дар танзими бањсњо оид ба амволи умумї зоњир мешавад. Њам падар ва њам модар њуќуќу ўњдадорињои баробар доранд, сарфи назар аз он ки кўдак бо кадоме аз онњо зиндагї мекунад ва новобаста аз он ки кўдак дар никоњ ё ин ки берун аз он таваллуд шудааст.

Ѓайр аз ин, Конститутсия озодии шахсиятро дар мавриди аввал мегузорад. Ин озодї дар интихоби тарзу усулњои гуногуни рафтор зоњир мешавад. Ќонунгузории оилавї низ ба шахсиятњо имкониятњои истифодаи озодиро дар вазъиятњои гуногун: њангоми дохил шудан ба никоњ, њангоми њалли масъалањои бањсноки оилавї, дар интихоби навъњои тарбия ва таълими кўдакон фароњам меорад.

Дар ќисми 1 моддаи 19 Конститутсия сабт шудааст, ки «њар кас кафолати њифзи судї дорад». Њуќуќи оилавї низ чунин вазифа дорад, яъне њар як узви оила барои таъмини њуќуќњои худ аз имконияти њифзи судї бемонеа истифода бурда метавонад. Дар солњои пеш њангоми сар задани бањсњои байни њамсарон дар мавриди тааллуќмандї ва бо кадоме аз њамсарон зиндагї кардани кўдак онњо аз њифзи маъмурии њуќуќњояшон истифода мебурданд, алњол бошад, ќонунгузор имкониятњои васеи истифода аз њимояи судиро пешбинї кардааст.

Инчунин дар Конститутсия дахлнопазирии шахсї эълон шудааст. Дар њуќуќи оилавї ин идея низ истиќбол шуда, таъкид мешавад, ки ягон кас њуќуќи дахл кардан ба корњои оилавиро надорад. Масалан, њангоми пеш омадани масъалаи ќатъи никоњ на суд ва на маќомоти сабти асноди њолатњои шањрвандї наметавонанд садди ин хулосаи њамсарон гарданд.

Дар мамлакати мо тибќи Конститутсия њар кас њукуќи озодона баён кардани афкори худро дорад. Таъсири ин меъёри конститутсионї дар як ќатор моддањои Кодекси оила низ ба назар мерасад. Дар ќонуни оила зикр мешавад, ки њангоми муњокимаи масъалањои оилавї њар узви оила њуќуќи озодона баён намудани фикру мулоњизаи худро дорад. Њангоми дахолат ба манфиатњои кўдак ў низ метавонад мавќеи худро муайян кунад, њам дар мурофиаи судї ва њам дар баррасии маъмурї фикри кўдак шунида мешавад. Зиёда аз ин, њангоми баровардани ќарор дар маќомоти васоят ва парасторї ризоияти кўдак гирифта мешавад, агар синни ў ба 10-солагї расида бошад. Њамин тавр, мулоњизахои болоро хулоса карда истода, принсипњои зерини њуќуќи оилавиро, ки тавассути онњо муносибатњои оилавї ба танзим дароварда мешавад, номбар кардан мумкин аст:

- баробарњуќуќии зану мард дар њалли њама масъалањои оилавї;

Ин баробарњуќуќї на танњо њангоми аз аќди никоњ гузаштан, балки баъд аз ин њам нигоњ дошта мешавад. Онњо њуќуќи баробари шахсї ва молумулкї пайдо мекунанд.

- баробарњуќуќии шањрвандон дар муносибатњои оилавї сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон ба дин;

Дар љумњуриамон дар ваќти аќди никоњ ба муносибатњои оилавї, аз рўи аслу насаб, мавќеи иљтимої ва молу мулкдорї, мансубияти нажодї ва миллї, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъ ва характери касбу кор, љои зист ва дигар њолатњо ба ягон тарз, бевосита ё бавосита мањдудкунии њуќуќ, муќаррар намудани афзалиятњои бевоситаю бавосита роњ дода намешавад.

- муњофизат ва њавасманд намудани модарї;

- ѓамхорї дар њаќќи фарзандон ва њимояи манфиати онњо;

Водидон вазифадоранд, ки фарзандонашонро дар рўњияи ахлоќи нек тарбия намуда, дар бораи саломатї ва рушди љисмонию маънавии онњо ѓамхорї кунанд.

- якканикоњї;

Моњияти ин принсип дар он зоњир мешавад, ки њар кас фаќат дар як никоњ буда метавонад. Агар ин принсип риоя нашавад, никоњ беэътибор дониста мешавад.

- озодона ва ихтиёрї бастани никоњ;

- роњ надодан ба дахолати беруна ба масъалањои оила;

- дар зери назорати давлат бекор кардани никоњ;

- афзалияти манфиати кўдак ва аъзои корношоями оила;

- роњ надодан ба ягон навъи табъиз нисбат ба њар як узви оила;

- роњ надодан ба мањдудиятњои маљбурии њуќуќњои оилавї;

- њуќуќ ба њифзи судї;

- аз љињати моддї ва маънавї масъули њамдигар будани волидон ва фарзандон;


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 47 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Уќуќ ба њимояи модарї ва кўдакї| Тавсифи ќонунгузории оила

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)