Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.

Муносибатњои мањсул ва алоќаманди муносибатњои мењнатї аз се гурўњ иборатанд. | Услуби њуќуќи мењнатї гуфта, маљмўи тарзу василањои њуќуќиеро меноманд, ки тавассуташон танзими муносибатњои мењнатї сурат мегирад. | Системаи њуќуќи мењнатї њамчун | Предмет, услуб ва системаи илми њуќуќи мењнатї | Пас аз КМ ЉТ њалќаи навбатиро дар силсилаи санадњои меъёрии њуќуќї, ќонунњое ташкил медињанд, ки бањри танзими њуќуќии љанбањои алоњида ва мушаххаси мењнат пешбинї шудаанд. | Онунгузории умумї ва махсус оид ба мењнат. Ягонагї ва тафриќа дар танзими муносибатњои мењнатї | Ва нисбати доираи шахсон | Саволу супоришњо барои худсанљї | Уќуќи мењнатї | Принсипи таъмини њуќуќи корманд ба суѓуртаи иљтимої. |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Авобгарї барои шарикї дар љиноят
  3. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  4. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  5. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  6. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  7. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.

Њамчун Ќонуни асосї, Конститутсияи ЉТ дорои ќувваи олии њуќуќї буда, меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Тамоми дигар ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќї дар асос ва дар мутобиќат бо Конститутсияи ЉТ ќабул шуда, дар сурати хилофи Конститутсияи ЉТ буданашон, эътиборї њуќуќї надоранд.

Дар Конститутсияи ЉТ њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, баробарии њама дар назди ќонун ва суд муќаррар шудаанд. Конститутсияи ЉТ њамагуна мањдудсозии њуќуќу озодињоро аз рўи аломати иљтимої, нажодї, миллї, забонї, љинсї, эътиќодї динї, вазъи иљтимої ва дигар аломатњо манъ намудааст.

Тибќи моддаи 35 Конститутсияи ЉТ њар кас њуќуќ ба мењнат, интихоби озодонаи касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї, њуќуќ ба музд ба андозаи на каматр аз њадди аќали музди мењнат дорад. Моддаи мазкур манъ будани њама гуна мањдудият дар муносибатњои мењнатї, њуќуќ ба музди баробар барои иљрои кори якхела, манъ будани мењнати занон ва ноболиѓон дар корњои вазнин, зеризаминї ва шароиташон зарарнокро эълон доштааст.

Дар моддаи 37 Конститутсияи ЉТ њуќуќи шањрванд ба истироњат муайян шудааст, ки он бо роњи муќаррар намудани њафта ва рўзи корї, рухсатии њарсолаи мењнатї, рўзњои њарњафтаинаи истироњат таъмин карда мешавад.

Конститутсияи ЉТ (моддаи 28) њуќуќи шањрвандон ба муттањид шудан, аз љумла њуќуќ ба таъсис додани иттифоќњои касабаро ба маќсади њифз аз њукуќи манфиатњои ќонуниашон муќаррар намудааст.

Дар моддаи 39 Конститутсияи ЉТ аз боби таъминоти иљтимоии шањрвандон дар пиронсолагї, њангоми беморї, маъюбї, гум кардани ќобилияти корї ва дигар мавридњое, ки ќонун муайян намудааст, сухан меравад.

Меъёрњои овардашуда мустаќиман амалкунандаанд. Онњо моњият, мазмун ва тартиби ќабули дигар ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќиро муайян менамоянд.

Тибќи муќаррароти ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи ЉТ санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эътирофшуда, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд.

Ба зумраи санадњои байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эътирофшуда, ки манбаъи танзими мењнат ба њисоб мераванд, Эъломияи умумии њуќуќи инсон аз 10 декабри соли 1948, Муоњидаи байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 ва 64 Конвенсияю (Созишномаю) Тавсияњои Созмони байналмилалии мењнат1 мањсуб мегарданд.

Эъломияи умумии њуќуќи инсон аз 10 декабри соли 1948, Муоњидаи байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1996 аз зумраи санадњои байналмилалии универсалие мебошанд, ки њамчун манбаъи муњими танзими муносибатњои мухталифи љамъиятї, аз љумла муносибатњои мењнатї хизмат менамоянд.

Моддаи 23 Эъломияи умумии њуќуќи инсон, њуќуќи њар як инсонро ба мењнат, ба интихоби озодонаи кор, ба шароитњои одилона ва мусоиди мењнат, ба њимоя аз бекорї, ба музди баробар њангоми иљрои кори баробарќиммат бидуни њељ гуна мањдудият, ба подоши одилона ва ќаноатбахши мењнат, ба созмон додан ва шомил гаштан ба иттифоќњои касаба бањри њимояи манфиатњои хеш ва моддаи 24 Эъломия бошад, њуќуќи њар як инсонро ба истироњат ва фароѓат эълон доштаанд.

Дар Муоњидаи байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї манъи мањдудсозии њукуќ, баробарњуќуќии зану мард, њуќуќ ба мењнат ва ба шароитњои мусоиди мењнат, њуќуќ ба истироњат, њуќуќ ба таъминоти иљтимої, њуќуќ ба сатњи кофии њаёт, њуќуќ ба муттасил бењтар намудани шароитњои мењнат ва дигар њуќуќњо муќаррар шудаанд.

Конвенсия (Созишнома) ва Тавсияномањои СБМ санадњои асосї ва муњимтарини танзими байналмилалї-њуќуќии мењнат буда, эътибори њуќуќї ва тартиби татбиќашон тафовут дорад.

Баъди аз љониби лоаќал ду давлати узви СБМ тасдиќ (эътироф) гаштани конвенсияи дар Конференсияи байналхалќии ин созмон ќабулшуда, конвенсия эътибори созишномаи бисёрљонибаи байналхалќиро пайдо мекунад. Давлати тасдиќнамудаи (эътирофнамудаи) конвенсия бошад, муваззаф мешавад, ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиашро ба конвенсия комилан мутобиќ гардонида, мунтазам дар хусуси чорањои ќабулнамуда љињати татбиќи конвенсияи тасдиќшуда (эътирофшуда) ба СБМ њисобот дињад (моддаи 22 Оинномаи СБМ).

Тавсияномаи СБМ дар тафовут аз конвенсияи СБМ шартномаи байналмилалї набуда, тасдиќнамоиро (эътирофнамоиро) таќозо намекунад, балки таманно, изњори нигарониест аз давлатњо бобати ворид намудани меъёрњои дахлдор ба ќонунгузории миллї.

Конвенсия ва тавсияномањои аз љониби давлатњои узви СБМ тасдиќшуда (эътирофшуда) ба њељ ваљњ ќонунгузории дар мамлакат амалкунандаро бар зиёни њуќуќу манфиатњои ќонунии кормандон таѓйир дода наметавонанд. Њамзамон санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнати давлатњои тасдиќнамудаи (эътирофнамудаи) конвенсия низ наметавонанд хилофи конвенсия бошанд. Дар акси њол, тибќи муќаррароти ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи ЉТ меъёрњои конвенсия ва дигар санадњои њуќуќии байналмилалї мавриди амал ва татбиќ ќарор мегиранд. Њамчунин, агар дар санадњои њуќуќии байналмилалии тасдиќшуда (эътирофшуда) нисбат ба санадњои меъёрии њуќуќии миллї оид ба мењнат имтиёзу афзалиятњои бештаре барои кормандон муќаррар шуда бошанд, пас ќоидањои санадњои њуќуќии байналмилалї татбиќ мегарданд.

Санадњои њуќуќии байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эътирофшуда пас аз интишорї расмиашон мавриди амал ќарор мегиранд (ќисми 4 моддаи 10 Конститутсияи ЉТ).

Айни њол Љумњурии Тољикистон зиёда аз 64 Конвенсия (Созишнома) ва Тавсияномањои СБМ эътироф намудааст, аз љумла: Конвенсияи №111 оид ба мањдудсозии њуќуќ дар соњаи мењнат ва касб; Конвенсияи №45 оид ба татбиќи мењнати занон дар корњои зеризаминї; Конвенсияи № 110 соли 1951 оид ба баробарии музди мењнати мардњо ва занон барои кори баробарќиммат; Конвенсияи №103 соли 1952 оид ба муњофизати модарї; Конвенсияи №74 соли 1964 оид ба мањдудсозии мењнати шабонаи кўдакон ва наврасон дар корњои ѓайрисаноатї; Конвенсияи №90 соли 1948 оид ба мењнати шабонаи наврасон дар саноат; Конвенсияи 138 оид ба синну соли аќалї барои ќабул ба кор зарур; Конвенсияи №52 соли 1936 оид ба рухсатињои њарсолаи боподош; Конвенсияи соли 1935 оид ба кўтоњ намудани ваќти корї то чил соат дар як њафта; Конвенсияи №47 соли 1949 оид ба њифзи музди мењнат; Конвенсияи №122 соли 1964 оиди сиёсат дар соњаи шуѓлмандї; Конвенсияи 87 оид ба озодии иттињодияњо ва њимояи њуќуќ ба ташкилот ва ѓайра.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 79 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Уќуќи мењнатї| Дар силсилаи санадњои меъёрї-њуќуќї оид ба мењнат мавќеи марказиро КМ ЉТ аз 15 маи соли 1997 ишѓол менамояд, ки аз 11 маи соли 1997 мавриди амал ќарор дода шудааст.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.009 сек.)