Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Пас аз КМ ЉТ њалќаи навбатиро дар силсилаи санадњои меъёрии њуќуќї, ќонунњое ташкил медињанд, ки бањри танзими њуќуќии љанбањои алоњида ва мушаххаси мењнат пешбинї шудаанд.

Муносибатњои мањсул ва алоќаманди муносибатњои мењнатї аз се гурўњ иборатанд. | Услуби њуќуќи мењнатї гуфта, маљмўи тарзу василањои њуќуќиеро меноманд, ки тавассуташон танзими муносибатњои мењнатї сурат мегирад. | Системаи њуќуќи мењнатї њамчун | Предмет, услуб ва системаи илми њуќуќи мењнатї | Уќуќи мењнатї | Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад. | Ва нисбати доираи шахсон | Саволу супоришњо барои худсанљї | Уќуќи мењнатї | Принсипи таъмини њуќуќи корманд ба суѓуртаи иљтимої. |


Читайте также:
  1. Андоз аз фоидаи ташкилотњои тиљоратї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  4. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  5. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  6. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  7. Дар силсилаи санадњои меъёрї-њуќуќї оид ба мењнат мавќеи марказиро КМ ЉТ аз 15 маи соли 1997 ишѓол менамояд, ки аз 11 маи соли 1997 мавриди амал ќарор дода шудааст.

Њамчун намунаи ќонунњои мазкур, ки феълан мавриди амал ќарор доранд, ќонунњои зайлро овардан мумкин аст:

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муњофизати мењнат дар Љумњурии Тољикистон» аз 24 декабри соли 1991;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќњо ва кафолатњои фаъолияти онњо» аз 12 марти соли 1992;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи иљтимоии маъюбон дар Љумњурии Тољикистон» аз 24 декабри соли 1991;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шарикии иљтимої ва созишномаю шартномањои коллективї» аз 25 ноябри соли 1992;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї» аз 1 августи соли 2003.

Танзими муносибатњои мењнатї ва муносибатњои ба онњо алоќаманд на танњо таввасути ќонунњо, инчунин тавассути санадњои зериќонунї низ сурат мегирад.

Ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти њокимияти мањаллї аз зумраи санадњои зериќонунї мебошанд.

Ба сифати намунаи санади зериќонунї ќарори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Оиди мавриди амал ќарор додани Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон» аз 15 маи соли 1997 – ро овардан мумкин аст.

Тибќи моддаи 70 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ ба Президенти мамлакат њуќуќи дар доираи салоњият баровардани фармон дода шудааст.

Бояд дар назар дошт, ки на њама фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон хусусияти меъёриро доро буда, њамчун манбаъи танзимкунандаи муносибатњои мењнатї ва муносибатњои ба онњо алоќаманд баромад менамоянд (масалан, фармонњои Президенти ЉТ дар хусуси ба вазифа тайин ва аз вазифа озод кардан, додани рутба, мукофотонидан ва ѓайра).

Дар баробари чунин фармонњо, Президенти ЉТ фармонњое низ мебарорад, ки хусусиятї меъёрї дошта, манбаъи њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї, мањсуб мегарданд (масалан, Фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон «Оид ба давомияти рухсатињои асосї ва иловагии мењнатї» аз 1 сентябри соли 1997 ва аз 25 декабри соли 1997, фармонњо дар бораи муќаррар намудани андозаи њадди аќали музди мењнат ва ѓайра).

Арорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон низ аз љумлаи санадњои зериќонунї буда, бояд ба Конститутсия, Конунњои љорї ва фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон мутобиќат дошта бошанд.

Тибќи Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон пањлўњои мухталифи мењнати кормандон њаллу фасл мешаванд, чунончї: тартиби пешбурди дафтарчаи мењнатии кормандон; муќаррар намудани шарту шароитњои дар ду (чанд) љой кор кардан; муайян намудани номгўи кормандони рўзи кори ѓайримуќарраридошта; муайян намудани шароити пешнињод ва давомнокии рухсатињо барои собиќаи кори тўлонї; тарифкунонии кор аз рўи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кору касби кормандон ва Маълумотномаи тахассусии мансабњои роњбарон, мутахассисон ва хизматчиён; муќаррар намудани шакл ва низоми музди мењнати кормандони муассисањои буљетї; муайян намудани фонди захиравии музди мењнат, асосњо ва тартиби истифодаи он; муайян намудан кафолатњо ва љуброни харољоти сафари хизматии берун аз Тољикистон ва ѓайра.

Дар танзими њуќуќии муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои ба онњо алоќаманд, наќши муайянро санадњои меъёрии маќомоти њокимияти мањаллї мебозанд.

Санадњои меъёрии маќомоти њокимияти мањаллї одатан ба намудњои гуногуни иловапулињои шањрвандони минтаќањои дахлдор, ваќти оѓоз ва анљоми кори ташкилот ва муассисањои соњаи савдо, наќлиёт, хизматрасонї дахл доранд.

Дар радифи манбаъњои танзимкунандаи муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои ба онњо алоќаманд, созишномањои генералї, соњавї (тарифї), минтаќавї (вилоятї, ноњиявї, шањрї) ќарор доранд, ки таљассумгари шарикии иљтимоии кормандон, корфармоён ва маќомоти дахлдори њокимияти давлатї дар шароити иќтисодї бозаргонї мебошанд.

Яке аз манбаъњои муњим ва маъмули танзими муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои ба онњо алоќамандро санадњои дохилии (локалии) меъёрии ташкилотњо дар бахши мењнат ташкил медињанд.

Санадњои дохилии (локалии) меъёрї оид ба мењнат, санадњое мебошанд, ки дар доираи салоњият аз љониби корфармо мустаќиман, инчунин дар якљоягї ё дар мувофиќа бо маќомоти ваколатдори намояндагии кормандони ташкилот ќабул шуда, амалашон дар доираи ташкилот мањдуд мегардад.

Наќши санадњои дохилии (локалии) меъёрї оид ба мењнат дар танзими муносибатњои мењнатї баѓоят муњим аст.

Санадњои дохилии (локалї) меъёрї ќабл аз њама муќаррароту нишондоди санадњои меъёрии эътибори баландтари њуќуќидоштаро дар њудуди ташкилот ба амал мебароранд.

Дуюм, њамзамон бо амалї намудани нишондодњои санадњои эътимоди баландтари њуќуќидошта, санадњои дохилии меъёрї оид ба мењнат вазифаи тафсилот ва мушаххасгардонии муќаррароти ќонунњоро мутобиќи шароитњои ташкилот иљро менамоянд. Сеюм, санадњои зикршуда ќодиранд норасогии њуќуќро бартараф сохта, дар сурати набудани санадњои аз љониби маќомоти давлатї ќабулшаванда, танзими ибтидоии њуќуќиро дар њудуди ташкилот таъмин намоянд. Чорум, санадњои дохилии меъёрї оид ба мењнат имтиёзу афзалиятњои иловагии иљтимої – мењнатиро барои кормандони ташкилот муќаррар карда метавонанд.

Шартномањои коллективї, ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, љадвали рухсатињо, созишномањо оид ба њифзи мењнат, низомномањо оид ба музди мењнат ба боз чанде дигар аз санадњо аз ќабили санадњои дохилии (локалии) меъёрї мебошанд.

Мафњум, мазмун, тайинот, тартиби ќабул ва амали њар яке аз санадњои дохилии зикршуда дар бобњои минбаъда тавзењ дода шудаанд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 58 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Дар силсилаи санадњои меъёрї-њуќуќї оид ба мењнат мавќеи марказиро КМ ЉТ аз 15 маи соли 1997 ишѓол менамояд, ки аз 11 маи соли 1997 мавриди амал ќарор дода шудааст.| Онунгузории умумї ва махсус оид ба мењнат. Ягонагї ва тафриќа дар танзими муносибатњои мењнатї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)