Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї

Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї | Субъекти њуќуќи маъмурї | Амчун субъекти њуќуќи маъмурї | Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї | Уќуќи маъмурї | Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он | уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  4. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
  5. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї
  6. Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.

Уќуќи маъмурї

Хусусияти муњими давлати њуќуќбунёд дар волоияти њуќуќ ва ќонуни њуќуќї, воќеї будани њуќуќу озодињои инсон зоњир мешавад ва ин ду аломати давлати њуќуќбунёд танњо дар сурати таќсими њокимият имконпазир мегардад. Њамин тавр, принсипи таљзияи њокимият дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мустањкам шудааст, ки мувофиќи он «њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї мегардад».

Дар амал татбиќ ёфтани ин принсип боиси он гардид, ки њар як шохаи њокимият дар низоми давлатдорї мавќеи хоси худро пайдо намуд, аз љумла њокимияти ќонунгузор ба парламент, маќоми олии намояндагї ва ќонунгузор – Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (иборат аз ду маљлис – Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон) тибќи моддаи 48 Конститутсия мутааллиќ дониста шуд. Њокимияти иљроияро Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон тибќи бобњои 4 ва 5 Конститутсия амалї мекунанд ва њокимияти судї ба судњои љумњурї, ки низоми мустаќил доранд, мансуб мебошад.

Дар мамлакат њам парламент ва њам Президент интихобї буда, санадњои Президентро дар хусуси таъини аъзои Њукумат парламент тасдиќ мекунад, њайати Суди конститутсионї, Суди Олї ва Суди Олии иќтисодї бо пешнињоди Президент аз љониби Маљлиси миллї интихоб ва бозхонда шуда, судяњои дигар зинањои судї бошанд, аз тарафи Шўрои адлия пешбарї ва аз љониби Президент таъин мегарданд.

Њокимияти судї низ мустаќил буда, њуќуќу озодии шахсиятњо, манфиати давлат, созмону муассисањо ва ќонунияту адолатро њифз менамоянд.

Њамкорї ва муносибати њар як шохаи њокимият ба он нигаронида шудаанд, ки асосњои њуќуќии бунёди давлати демокративу иљтимої фароњам оварда шавад. Дар љараёни ќонунгузорї Президент ва Њукумат иштирок мекунанд, аъзои Њукумат баъди љонибдории Маљлиси Олї таъин мегарданд. Лоињаи буљети тањиянамудаи Њукуматро Маљлиси намояндагон тасдиќ менамояд. Ин гуна алоќаву муносибатњо на танњо барои боздории фаъолияти шохањои гуногуни њокимият, балки барои тавозун ва муќовимати онњо низ шароит фароњам меорад.

Бояд ёдовар шуд, ки принсипи таљзияи њокимият дар конститутсияњои аксар давлатњои сохташон демократї бо тарзу усулњои гуногун инъикос ёфтааст. Масалан, дар Амрико тибќи Конститутсия парламент ва Президент алоњида интихоб мешаванд ва Суди Олї бошад, ин ду шохаи њокимиятро тањти назорат ќарор мегирад. Дар Англия, Германия ва Италия парламент интихоб гардида, он Њукуматро бевосита ташкил мекунад. Дар Франсия бошад, парламент ва Президент интихобї буда, сарвари Њукуматро Президент таъин мекунад, аммо Њукумат дар назди парламент масъул мебошад. Чунонки аз ин нигоњи мухтасар ба таљрибаи давлатдории баъзе кишварњои мутамаддини љањон, ки принсипи таљзияи њокимиятро амалї сохтаанд, маълум мешавад, Љумњурии Тољикистон дар ин самт бо назардошти роњи интихобшудаи бунёди давлати њуќуќиву иљтимої дурусту боварибахш ќадам менињад.

Њамин тариќ, њокимияти иљроия бо роњи раъйпурсї бо ќабул намудани Конститутсияи љумњурї аз 6 ноябри соли 1994 асосњои конститутсионии худро ташаккул дод ва дар низоми шохањои њокимияти давлатї пазируфта шуд.

Албатта, маќсад аз тањлили мухтасари татбиќи принсипи таљзияи њокимият дар љумњурї он аст, ки бевосита ба яке аз соњањои маъмули њуќуќ – њуќуќи маъмурї алоќа дорад. Он гурўњи махсуси муносибатњои љамъиятие, ки њуќуќи маъмурї ба танзим медарорад, мањз дар соњаи идоракунии давлатї, яъне дар љараёни ташкил ва фаъолияти низоми њокимияти иљроия дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба вуљуд меоянд.

Ѓайр аз ин, њуќуќи маъмурї дар доираи мавзўи худ, пеш аз њама, рељаи муайяни њуќуќиро ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти иљроияро фароњам меорад ва сониян, рафтори дигар иштирокчиёни муносибатњои идоракуниро танзим месозад. Чунон ки аз ин таъриф маълум мешавад, њуќуќи маъмурї дар миёни дигар соњањои њуќуќ ќисмати мустаќили низоми њуќуќро ташкил дода, он аз меъёрњои њуќуќ иборат буда, як намуди хоси муносибатњои љамъиятиро ба танзим медарорад, ки баъзе олимони назарияи њуќуќ ин муносибатњоро «муносибатњои идоравї ё худ идоракунї» номидаанд.

Албатта, предмети њар як соњаи њуќуќ муносибатњои ин ё он соњаи иљтимоист, ки ба воситаи меъёрњои њамон соњаи њуќуќ танзим мешаванд. Сабаби муносибатњои идоракунї гуфтан дар он аст, ки њуќуќи маъмурї дорои маљмўи меъёрњои њуќуќиест, ки бевосита муносибатњои љамъиятиро дар соњаи њокимияти иљроия, яъне идоракунии давлатї ба танзим медарорад.

Предмети њуќуќи маъмурї ин доираи муайяни муносибатњои љамъиятиест, ки ба воситаи меъёрњои њамон соњаи њуќуќ ба танзим дароварда мешавад. Бояд гуфт, ки доираи инмуносибатњо хеле васеъ аст.

Ин доираи муносибатњоро ба таври умумї муносибатњои ташкилї меноманд, ки ба таркиби он фаъолияти асосии идоракунии давлатї – иљроиявию амрдињї дохил мешавад. Муносибатњои ташкилиро њамчун предмети танзими маъмурию њуќуќї ба чор навъ људо мекунанд: 1) муносибатњои ташкилию идоракунї дар соњаи амалигардонии њокимияти иљроия (идоракунии давлатї); 2) муносибатњои ташкилї дар њама зинањои низоми идоракунии умумї ва соњањои фаъолияти давлатї; 3) муносибатњои ташкилию назоратии умумидавлатї ва 4) муносибатњои ташкилии маъмурию адлиявї.

Њамаи ин 4 навъи муносибатњо аз рўи меъёрњои маъмурию њуќуќї танзим мешаванд, ки ин меъёрњо дар навбати худ аз рўи мундариља ба:

- ўњдадоркунанда;

- манъкунанда,

- ваколатдоркунанда;

- њавасмандкунанда људо мешаванд. Аксарияти меъёрњои њуќуќи маъмурї ўњдадоркунанда мебошанд, яъне ба субъектњои њуќуќи маъмурї иљрои амалњои муайянро њатмї мешуморанд Масалан., меъёрњо оид ба ваколати маќомоти давлатї ва хизматчиёни он, меъёрњо оид ба тартиби кор бо арзу шикоят ва мурољиатњои шањрвандон ва ѓайрањо.

Тавассути меъёрњои манъкунанда бисёр амалњои номатлуб пешгирї карда мешавад, масалан, меъёрњое, ки таркиби њуќуќвайронкунињои маъмуриро ташкил медињанд. Ба меъёрњои ваколатдоркунанда меъёрњое дохил мешаванд, ки њуќуќу ваколатњои муайянро ба маќомот, шахсони мансабдор ва шањрвандон пешнињод мегардонанд. Хусусияти меъёрњои њавасмандкунанда дар андешидани чорањои гуногуни њавасмандї аз љониби субъектњои дахлдори њуќуќи маъмурї зоњир мешавад.

Муносибатњои њуќуќи маъмурї ин муносибатњои љамъиятие мебошанд, ки тавассути меъёрњои њуќуќи маъмурї танзим мешаванд ва меъёрњои њуќуќи маъмурї шарти асосии пайдоиши муносибатњои њуќуќии маъмурист. Бояд таъкид намуд, ки навъњои муносибатњои њуќуќии маъмурї хеле зиёд ва гуногунанд. Масалан, аз рўи характер ин меъёрњо ба моддї ва мурофиавї људо мешаванд.

Аз љињати хусусияти муносибатњои иштирокчиён ба уфуќї (масалан, байни вазоратњо ва муассисањои тобеи онњо), амудї (масалан, байни ду вазорат, муассисањои сохтории њамаи дигар маќомоти њокимияти иљроия дар муносибатњои байнињамдигариашон), аз рўи давомияти амал – ба таъљилї, кўтоњмўњлат ва бемўњлат, аз рўи њаљм ва мавќеашон дар низоми танзими маъмуриву њуќуќї – ба умумї, соњавї ва байнисоњавї људо мешаванд. Албатта, њамаи ин меъёрњо ба иштирокчиёни бевоситаи муносибатњои њуќуќи маъмурї дахл доранд, ки дар поён дар ин бора муфассал сухан хоњем ронд.

Сарчашмањои њуќуќи маъмурї санадњои меъёрие мебошанд, ки дорои меъёрњои маъмуриву њуќуќї мебошанд. Пеш аз њама, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчун санади волотарини њуќуќї сарчашмаи асосии њуќуќи маъмурї ба њисоб меравад.

Дар љои дуюм њамчун сарчашмаи њуќуќи маъмурї ќонунњои конститутсионї эътироф мешаванд (масалан, Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи Њукумати Љумњурии Тољикистон» аз 12 маи соли 2001; Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» аз 17 маи соли 2004 ва ѓайра).

Дар љои сеюм ќонунњои љорї ќарор доранд, ки ба вазъи њуќуќии маќомоти гуногуни њокимияти давлатї бахшида шудаанд (масалан, Ќонуни ЉТ «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» аз 23 маи соли 1998).

Дар байни сарчашмањои њуќуќи маъмурї кодексњо љои махсусро ишѓол мекунанд (масалан, Кодекси ЉТ «Дар бораи њуќуќвайронкунињои маъмурї», Кодекси гумрукии ЉТ, Кодекси замини ЉТ ва ѓайрањо).

Сарчашмањои дигари њуќуќи маъмурї фармонњои Президенти ЉТ, санадњои меъёрии Њукумати ЉТ, санадњои меъёрии вазоратњо, кумитањои давлатии ЉТ, дигар идорањои давлатии сатњи љумњурї ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ба шумор мераванд, ки меъёрњои муайянро дар соњањои алоњидаи муносибатњои љамъиятї дар бар мегиранд.

 

Саволњо:

1) Бигўед, ки маќсади асосии принсипи таљзияи њокимият аз чї иборат аст? 2) Њуќуќи маъмурї кадом гурўњи муносибатњои љамъиятиро танзим мекунад? 3) Муносибатњои идоракунї гуфта кадом навъи муносибатњо дар назар дошта мешавад? 4) Меъёрњои њуќуќи маъмурї ба чанд навъ људо мешаванд ва чї гуна вазифањо доранд? 5) Навъњои муносибатњои њуќуќи маъмуриро шарњ дињед. 6) Сарчашмањои њуќуќи маъмурї кадомњоянд?

 

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 60 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
авобгарии љиноятии ноболиѓон| Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)