Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва намудњои назорати андоз

Андоз аз амволи шахси воќеї | Низоми андозбандии шахси воќеии соњибкор | Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз. | Паст кардани меъёри андоз | Таѓийр додани мўњлати супоридани андоз | Низоми махсуси андозбандї дар Љумњурии Тољикистон. | А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад. | Минтаќањои озоди иќтисодї. | А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї). | Хусусияти андозбандї њангоми иљроиши Созишнома оид ба таќсими мањсулот. |


Читайте также:
  1. А. Андозе, ки тибќи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
  2. А. Минтаќаи дорои андозбанди имтиёзнок(оффшорї).
  3. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  4. Азо: маќсад ва намудњои он
  5. Андоз аз амволи шахси воќеї
  6. Андоз аз арзиши иловашуда
  7. Андоз аз даромади шахси воќеї

Назорати андоз яке аз самтњои муњимтарини назорати молиявии давлатї аст. Афзалияти назорати андоз ба унвони самти фаъолияти назоратї дар навбати аввал ба ањамияти андозњо ва бољњо чун сарчашмањои даромадњои буљети љумњуриявї, вилоятї ва мањалї марбут аст. Аз рўи теъдоди шахсони назоратшаванда низ назорати андоз мавќеи асосиро ишѓол мекунад.

Назорати андоз ба навъи назорати молиявию хољагидорї таалуќ дорад. Самти мазкури фаъолияти назоратї бо назорати молиявии давлатї чун љузъ ба кулл мутаносиб аст. Назорати андоз аз дигар самтњои назорати молиявии давлатї бо объект (ашё), мўњтаво, шаклњо ва методњо, њайёти маќомоти назораткунанда ва шахсони зери назорат ќарорёфтаи худ фарќ мекунад[79]. Илова ба ин самти мазкур њадафњо ва вазифањои вижаи худро дорад.

Объекти назорати андоз, чун анвои муносибати пули љанбаи ошкоро дошта, ки дар љараёни гирифтани андозњо, бољњо ва ба љавобгарї кашидани вайронкунандагони ќонуни андоз ба миён меоянд, муайян кардан мумкин аст. Муносибати марбут ба љорї кардани андозњо ва бољњо, эътироз ба санадњои маќомоти андоз, фаъолияти (бефаъолиятї) шахсони мансабдори онњо объекти назорати судї ё назорати прокурорї мебошанд.

Ашёи назорати андозро дар навбати аввал сари ваќт ва пурра иљро шудани вазифањои марбут ба андози андоздињандагон нисбат ба давлат ва маќомоти њокимияти мањаллї, муайян кардан лозим аст. Аммо њамзамон бояд ба назар гирифт, ки илова ба пардохти андозњо ба шумури вазифањои асосии ташкилотњои андоздињанда тибќи моддаи 38 КА ЉТ инчунин бо тартиби муќарраршуда ба њисоб гирифтани даромадњо (харољот), объектњои ќобили андозбандии худ ва ба маќомоти андоз ва шахсони мансабдори онњо пешнињод кардани санадњое, ки барои њисоббарорї ва пардохти андоз заруранд, таалуќ доранд. Бо дарназардошти ин, ќонунияти тартибдодани санадњои нахустини њисобдорї, регистрњои њисобгирї ва њисо њисоботдињии мусоњибавї (андоз), инчунин муътамадї ва пуррагии маълумоти дар бар гирифтаи онњо дар бораи объектњои ќобили андозбандї низ ашёи назорати андозњоро ташкил медињанд.

Њайати субъектњои назорати андозро моддаи 118 КА ЉТ муайян месозад, ки мутобиќи он ба онњо, пеш аз њама, маќомоти андоз таалуќ доранд. Салоњитњои назорати маќомоти андозро инчунин маќомоти гумрук ва маќомоти фондњои давлатии ѓайрибуљетї доранд. Салоњиятњои људогона барои анљом додани санљишњои андоздињандагон ба души маќомоти дигар низ, монанди Агентии назорати давлатии молиявї ва корупсияи ЉТ, Вазорати молияи ЉТ, Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ вогузор шудаанд.

Субъектњои зери назорати ќарорёфтаи андоздињандагон, пардохткунандагони бољњо, агентњои андоз ва бонкњо њисоб мешаванд.

Њадафи асосии назорати андоз эъљоди низоми мукаммали андозбандї ва расидан ба чунин сатњи иљроиши (дистсиплинаи андоз), миёни андоздињандагон, агентњои андоз ва шахсони дигар мебошад, ки вайронсозињои ќонуни андоз ѓайриимкон ё миќдори онњо кам аст. Илова ба њадафи асосии назорати андоз њадафњои људогонаи самтњои онро зикр кардан зарур аст. Масалан, њадафи назорат аз болои харољоти шахсони воќеї муайян кардани таносуби харољоти калоне, ки онњо анљом медињанд бо даромадњое, ки ба даст меоранд, мебошад ва њадаф аз назорат аз болои риоя кардани ќоидањои истифодабарии мошинањои назоратию кассавї таъмин намудани пуррагии њисобгирии даромади воситањои пулї дар ташкилотњо аст.

Вазифањои назоратии андоз ба шумури зеранд:

- љазои њатмии вайронкунандагони ќонун дар бораи андоз ва бољњо;

- таъмин намудани њисоббарории дурустї, сариваќтї ва пурраи андозњо ва бољњо ба буљет (фондњои ѓайрибуљетии давлатї);

- пешгирї кардани вайронсозињои ќонун дар бораи андоз ва бољњо ва инчунин љуброн кардани зараре, ки дар натиљаи иљро накардани вазифањои худ аз љониби андоздињандагон (агентњои андоз) ва шахсони дигар ба давлат расонда мешавад.

Мўњтавои назорати андоз дар бар мегирад:

- санљиши иљро кардани вазифањои худ аз љониби шахсони воќеї ва ташкилотњо дар мавриди њисоббарорї ва пардохти андозњо;

- санљиши ба ќайди андозгузоштан ва иљро кардани вазифањои марбут ба он аз љониби андоздињандагон;

- санљиши дурустии пешбурдани њисобгирии муњосибавї (андоз), сариваќтии пешнињод кардани декларатсияњои андоз ва муътамадии маълумоти дар онњо љой дошта;

- санљиши таносуби харољоти калони шахсони воќеї бо даромадњои онњо;

- санљиши иљро кардани вазифањои худ аз љониби агентњои андоз дар мавриди њисоббарорї, нигоњдорї аз андоздињандагон ва ба буљети марбут (фонди ѓайрибуљетии давлати) интиќол додани андозњо ба бољњо;

- санљиши аз љониби андоздињандагон ва шахсони дигар риоя кардани тартиби протсесуалї, ки дар ќонуни андоз пешбинї шудааст;

- санљиш аз љониби бонкњо риоя кардани вазифањое, ки дар ќонуни андоз пешбинї шудааст;

- санљиши дурустии истифода кардани мошинањои назоратию кассавї њангоми анљом додани муносибати пулї бо ањолї;

- пешгирї ва ќатъ кардани вайронсозињои ќонун дар бораи андоз ва бољњо;

- ошкор сохтани гурўњњои проблемавии андоздињандагон;

- ошкор сохтани вайронкунандагони ќонуни андоз ва ба љавобгарї кашидани онњо;

- љуброн кардани зарарњои моддї, ки ба давлат дар натиљаи аз љониби андоздињандагон (агентњои андоз) ва шахсони дигар иљро накардани вазифањое, ки дар ќонун андоз пешбини шудаанд, расидаанд.

Бо вижагињои зиёд низ шаклњо ва методњои назорати андоз фарќ мекунанд. Зери шакли назорати молиявї (андоз) роњњои ифодаи мушаххас ва ташкили амалиётњои назоратї фањмида мешаванд. Чунин шаклњои асосии назорати молиявї мављуд аст: ревизия, санљиш, назорат (надзор)[80]. Фарќ байни онњо дар он аст, ки ревизия тамоми (ё ќариб тамоми) пањлўњои фаъолияти объекти назоратро фаро мегирад, санљиш аз рўи доираи муайяни масъалањо ва мавзўъ (тематика) бо роњи шиносої бо тарафњои муайяни фаъолият гузаронида мешавад. Назорат аз љониби маќомоти назораткунанда аз болои субъектњои хољагидор дар мавриди аз тарафњи онњо риоя шудани ќоидањо нормативњои муќарраршуда гузаронда мешавад.

Шакли асосии анљом додани назорати андоз санљиш мебошад. Назорати (надзор) андоз амалан аз љониби маќомоти прокуратура анљом дода мешавад. Истифодаи чунин шакли назорати ба монанди ревизия дар чањорчўби фаъолияти маќомоти андоз ва дигар маќомоти назораткунанда низ истисно нест.

Зери методњои назорати андоз услубњо, роњњо ва воситањои анљом додани он фањмида мешаванд. Методњои назоратии андоз вобаста ба санадї ё амалї буданашон фарќ мекунанд. Мутобиќи ба назорати андози санадї услубњои зеринро људо кардан мумкин аст:

- санљиши формалї, мантиќї ва арифметики санадњо;

- бањои юридикии амалиёти хољагидорї, ки дар санадњо инъикос шудаанд;

- санљиши мутаќобил дар он асос, ки амалиёти зери санљиш ќарор ёбанд дар санадњои мушобењи контрагент ва дар санадњо ва сабтњои њисобгирии дигар инъикос шудааст;

- тањлили иќтисодї.

Назорати андози амалї истифодаи чунин методњо ба монанди саби андоздињандагон. Тањќиќи санадњо, гирифтани баёноти (бозпурсии шоњидон), боздиди биноњо (территорияњо) ва ашёњо, инвентаризатсия, љалби мутаххасис, муќоисаи маълумот дар бораи харољоти шахсони воќеї бо даромадњои онњо экспертиза ва экстраполятсияро дар назар дорад. Методи охирини номбурда дар њуќуќи маќомоти андоз ба муайян кардани маблаѓи андозњое, ки бояд аз љониби андоздињандагон ба буљет (фондњои ѓайрибуљетї) аз тариќи пардохт дар заминаи иттилооти дар бораи андоздињандагон ва инчунин маълумотњои дар бораи андоздињандагони мушобењи дигар дар ихтиёр доштаи онњо, асос меёбад.

Муассири назорати андоз аз интихоби дурусти шаклњо, методњо, роњњо (услубњо) ва намудњои назорати андоз вобаста аст. Таовуни оптималии онњо, ки имкон медињанд бо камтарини саъйю кўшиш ва дар кутоњтарин муњлат натиљањои бењтарин њангоми анљом додани назорати андоз ба даст оварда шаванд, одатан дар методикањои марбут таќвият меёбанд. Дар маљмўъ мањз онњо асоси методии назорати андозро ташкил мекунанд.

Бо дарназардошти њамаи ин гуфтањо, назорати андозро чун муњимтарин самти назорати молиявї, ки фаъолияти субъектњои дорои салоњияти марбутаро истифодаи шаклу методњои махсус ва эљоди низоми мукаммали андозбандї ва дастёбии чунин сатњи иљроишро (дистсиплинаи андоз) миёни андоздињандагон ва агентњои андоз дар назар дорад, ки вайрон кардани ќонуни андоз ѓайриимкон ё миќдори онњо кам аст.

Таснифи назорати андозро аз рўи намудњо метавон дар асосњои гуногун анљом дод.

Вобаста ба замони гузарондани назорати андоз нисбат ба амалиёти молиявию хољагидории санљидашаванда назорати андози пешакї, љорї (фаврї) ва минбаъда мављуд аст.

Назорати андози пешакї пеш аз анљом додани амалиёти молию хољагидории санљидашаванда гузаронида мешавад. Аз ин рў он имкон медињад, ки вайронсозињои ќонун дар бораи андозњо ва бољњо пешгирї шаванд. Назорати пешакї, илова ба ин, барои кўмаки соњибкорон дар ташкили њисобгирї ва њисоботдињї равона карда шудааст ва њадаф аз он ошкор сохтани вайронкорињо нест. Назорати пешакї, дар асоси назорати андози дохилие, ки дар ташкилотњо гузаронда мешавад, мебошд.

Назорати љорї ё фаврї аз љониби маќомоти андоз дар љараёни анљом додани амалиёти молиявию хољагидории андоздињандагон амалї мегардад ва санљиши дурустии инъикоси онњоро дар њисобгирии муњосибавї (андоз) дар назар дорад. Мисоли назорати фаврї назорат аз болои њаљми истењсол ва фурўши спирти этилї, мањсулоти спиртдор ва тамоку дар постњои андоз шуда метавонанд.

Назорати минбаъда ба санљиши амалиёти молию хољагидории тайи муддати замони сипаришуда таалуќ дорад. Ин шакли назорат дар асоси тањлили декларатсияњои андоз, њисобот ва балансњо анљом дода мешавад. Бо дарназардошти даврї будани андозбандї мањз назорати минбаъдаро аз њама маъмумтарин эътироф кардан мумкин аст, ки њангоми ба охир расидани давраи њисоботи муайян гузаронда мешавад. Аз љумла санљишњои комералии андоз таињо дар шакли назорати минбаъда гузаронда мешаванд. Зеро мутобиќи ба моддаи 143 КА ЉТ чунин санљишњо дар заминаи декларатсияњои андоз ва санадњои аз љониби андоздињандагон пешнињодшуда, ки барои њисоббарорї ва пардохти андоз асос шуда метавонанд ва инчунин дигар санадњо дар бораи фаъолияти андоздињандагон, ки дар дасти маќомоти андоз ќарор доранд, гузаронда мешаванд.

Аз рўи объекти худ назорат комплексї ва мавзўи (тематикї) ва аз рўи љанбаи чорабинињои назоратї - наќшавї ва ногањонї мешавад.

Назорати комплексї назорате аст, ки масъалањои дурустии њисоббарорї, људокунї, пардохт ва интиќоли њамаи намудњои андозњоро, ки нисбати онњо андоздињандагон вазифањои марбута доранд, фаро мегирад. Назорати тематикї ба санљиши дурустии њисоббарорї, нигоњдорї, пардохт ва интиќоли намудњои људогонаи андоз, истифодаи имтиёзот ва ѓайра мањдуд мешавад. Масалан, санљишро дар хусуси пардохти њаќќи суѓурта назорати тематикї шумурдан мумкин аст.

Назорати наќшавї ба барномарезии муайян вобаста аст, назорати ѓайринаќшавї (нигоњњонї) дар њолати ногањон ба миён омадани зарурат гузаронида мешавад. Ќонуни андоз фаъолияти маќомоти андозро дар ќисмати анљом додани назорати андози ногањонї мањдуд намесозад. Аммо шакли назорати наќшавиро шакли бартаридоштаи фаъолияти назорати маќомоти андоз шумурдан лозим аст.Санљишњои ѓайринаќшавї, яъне ногањонї танњо дар мавриди зарурї анљом дода мешаванд.

Вобаста ба методи санљиши санадњо, назорати андоз ба умумї ва интихобї таќсим мешавад.

Назорати андози умумї ба санљиши тамоми санадњо ва сабњои дар регистрњои њисобгирии муњосибавї тайи муддати замони тўлонї асос меёбад ва назорати андози инти санљиши ќисмати санадњои нахустинро тайи як ё чандин моњ дар назар мегирад. Одатан, агар санљиш интихобї вайронсозињои љиддиро ошкор созад, он гоњ баъди он санљиши умумї гузаронда мешавад.

Вобаста ба мањали баргузорї назорати андози камералї ва сайёри мављуд аст. Тафовути ин ду намуд назорат дар мањали баргузории санљиш мебошад.

Назорати камералї ва сайёр ба ќадри кофї дар ќонуни андоз возењ муайян шудаанд. Чунонки мутобиќ ба моддаи 57 КА ЉТ, санљишњои комералї санљишњое номида мешаванд, ки дар мањали љойгирии маќоми андоз гузаронда мешаванд. Санљишњои сайёр бо азимат ба мањали љойгирии андоздињанда гузаронда мешаванд[81]. Санљишњои сайёр муассират мебошанд, зеро ки ба маќоми андоз имкон медињанд методњои гуногуни фаъолияти назоратиро истифода кунанд ва мутаносибан иттилооти бештар дар бораи фаъолияти молиявию хољагидории андоздињанда ба даст оранд. Бартарии назорати комералї дар он аст, ки он ба маќоми андоз имкони бо сарфи камтарини ваќт ва саъйю кўшиш санљидани теъдоди зиёди андоздињандагонро дар асоси декларатсияњои андоз ва санадњои дигари пешнињодкардаи онњо медињад.

Вобаста ба ногузирї барои андоздињанда, назорати андоз ба ѓайрииљборї (ибтикорї) ва иљборї људо мешавад.

Аз рўи ќоидаи умумї назорати андоз иљборї нест. Мутобиќ ба моддаи 118 КА ЉТ, маќомоти њаќ доранд андоздињандаро њарчи ќадар тўлонї дар чунин њолатњо насанљанд, агар: андоздињанда санадњоеро, ки барои њисоббарорї ва (ё) пардохти андозњо ва бољњо заруранд, сари ваќт пешнињод кунад; санљиши охирин вайронсозии ќонун дар бораи андозњо ва бољњоро ошкор насохта бошад; афзоиши андозаи амволи ташкилот тасдиќи санадї дошта бошанд; санадњо ва иттилооте, ки пайдоиши воситањои андоздињандаро зери шубња гузоранд, вуљуд надошта бошанд; Бо вуљуди ин, дар баъзе њолатњо назорати андоз ногузир аст. Масалан, назорати андози иљборї дар њолати гузарондани санљиши дурустии њисоббарорї, пуррагї ва сариваќти пардохти андозњо ва бољњо ба буљет аз љониби ташкилот бо сабаби барњам хурдан, басташудани филиал (намояндагї) ё ќатъ шудани њаќќи моликият ба амвол сурат мегирад.

Аз рўи гузаронидан дар назорати андоз санљишњо нахустин ва такрорї фарќ мекунанд. Тахустин чорабинињои назоратиро эътироф кардан мумкин аст, ки онњо нисбати ягон андоздињанда барои нахуст дар тўли соли таќвими гузаронда мешаванд. Аммо санљиши такрорї дар он њолатњо рўй медињад, ки тайи ин муддат ду ва зиёдтар санљишњо андози сайёр аз рўи њамон як андозњое, ки ќобили пардохтанд ё аз љониби андоздињанда дар њамон як муддат пардохта шудаанд.

Ќонуни андози амалкунанда њуќуќи маќомоти андозро дар гузарондани санљишњои сайёри такрорї мањдуд мекунад. Мутобиќи КА ЉТ аз љониби маќомоти андоз гузарондани санљишњои такрории сайёр манъ карда шудааст, ба истиснои њолатњое, ки чунин санљиш ба сабаби таљдиди сохтор ё барњам хурдани ташкилоти андоздињанда (пардохткунандаи бољ - ташкилот) ё аз љониби маќоми болоии андоз аз тариќи назорат аз болои фаъолияти маќоми андозе, ки санљишро анљом додаст, гузаронда мешавад. Санљиши такрории сайёр андоз ба тариќи назорат аз болои фаъолияти маќоми андоз аз љониби маќоми болои андоз дар асоси ќарори доимноки ин маќом гузаронда мешавад.

Бо дарназардошти сарчашмањои маълумот, тавсия мешавад, ки назорати андоз ба санадї (мустанад) ва амалї тасниф шавад.

Назорати андози санадї бар омўзиши маълумот дар бораи объекти ќобили санљиш, ки дар санадњои њисоб љорї дарљ шуданд, асос меёбад. Назорати андози амалї тамоми сарчашмањои иттилоот ва далелњо, аз љумла шањодати шоњидон, натиљањои тафтишот, хулосањои коршиносон ва ѓайраро ба њисоб мегирад.

Назорати андози мутаќобила низ мављуд аст. Он ваќте сурат мегирад, ки њангоми гузарондан санљишњои андози камералї ва сайёр маќомоти андоз маълумот ва санадњоро дар бораи фаъолияти андоздињанда (пардохткунандаи бољ) аз шахсоне ба даст меоранд, ки бо ў фаъолият анљом медињанд ё як тавре бо ў иртибот доранд.

Субъектњои назорати андоз инњо мебошанд: назорати маќомоти молиявї, назорати маќомоти андоз, назорати маќомоти гумрук, назорати маќомоти фондњои давлатии ѓайрибуљетї[82].

Ба иловаи назорати андоз, ки аз љониби маќомоти марбутаи давлати анљом дода мешавад, инчунин назорати андози дохилиро низ зикр кардан мумкин аст, ки аз љониби роњбарон, муњосибњо ё ревизорњои ташкилоти андоздињанда анљом дода мешавад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 119 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мањфум ва хусусияти ўњдадори андоз| Гузаронидани санљишњои камералї ва сайёр ва ба расмият даровардани онњо

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.011 сек.)