Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.

Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон | З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ | Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат | Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї | Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Имтиёзњо дар бахши андоз. | Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз. |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Имтиёзњо дар бахши андоз.
  3. Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
  4. Назорат бар дурустии истифодабарии МНК њангоми анљом додани њисобњои пулї бо ањолї
  5. Реља ва бањисобгирии ваќти корї. Мафњуми рељаи ваќти корї. Рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда.
  6. Таќсимоти рўзи корї ба ќисматњо. Бањисобгирии ваќти корї.

Тарзњои бањисобгирии манбаи андоз маљмўи усулњои муњосиботи аст. Андозсупоранда вазифадор аст бањисобгирии даромадњо ва харољотњоро дар асоси маълумотњои бо њуљљатњо асоснокшуда аниќ ва сариваќт пеш барад ва даромадњо ва харољотњоро ба даврањои њисоботии дахлдоре, ки дар зарфи он онњо гирифта ё пардохта шудаанд, вобаста ба усули бањисобгирии тибќи боби 23 КА ЉТ истифодашаванда љињати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба роњ монад.

Тањти усули бањисобгири, ки андозсупоранда, истифода мебарад, њамаи омилњои ваќт ва тартиби бањисобгирии маблаѓњои воридшуда ва харољот, ба монанди истифодаи усули бањисобгири дар асоси кассави ё дар асоси њисобу замкунї, усули бањисобгирии харољоти истењсоли ва дигар харољоти сармоя фањмида мешавад.

Андозсупоранда вазифадор аст бањисобгирии њамаи амалиёти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оѓоз, љараён ва ба охиррасии он имконият медињанд, таъмин намояд. Даромади (фоидаи) андозбандишаванда бояд тибќи њамон усули бањисобгири, ки андозсупоранда дар њисоботи муњосибави истифода мебарад, бо ислоњоти зарури барои риояи муќаррароти Кодекси андоз, њисоб карда шавад. Андозсупоранда метавонад бо маќсади андозбанди бањисобгириро тибќи усули кассави ё тибќи усули њисобу замкуни ба роњ монад, ба шарте агар андозсупоранда дар давоми соли андозбанди њамон як усулро истифода барад. Андозсупоранда бояд бањисобгириро тибќи усули њисобу замкуни дар соли андоз пеш барад, агар:

-амалиёти вай дар соли гузашта назар ба њаљми амалиёти андозбандишаванда, ки барои баќайдгири бо маќсади андоз аз арзиши иловашуда муќаррар гардидааст, 5 маротиба зиёд шуда бошад; ё

-вай мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќи барои бањисобгирии муњосибави тибќи усули ќайди дубора вазифадор бошад.

Андозсупорандае, ки барои бањисобгири аз рўи усули њисобу замкуни тибќи муќаррароти ќисми 5 моддаи 182 КА ЉТ бори аввал вазифадор шудааст, бањисобгириро тибќи усули њисобу замкуни бояд барои њамаи солњои минбаъда низ пеш барад. Бонкњо, ширкатњои кредити ва ташкилотњои амонатии кредитии хурд вазифадоранд бањисобгириро тибќи усули њисобу замкуни аз оѓози фаъолияти худ пеш баранд. Ташкилотњои ќарзи хурд ва фондњои ќарзи хурд барои маќсадњои андозбанди њисобро аз оѓози фаъолияти худ, сарфи назар аз муќаррароти моддаи 182 КА ЉТ, тибќи усули кассавї пеш мебаранд. Барои шахси воќеи талаботи бањисобгири тибќи усули њисобу замкуни танњо нисбати даромад ва тарњњои вобаста ба фаъолияти соњибкори татбиќ мегардад. Дар сурати таѓйир ёфтани усули бањисобгири, ки андозсупоранда истифода мебарад, таѓйирёби нисбати бахисобгирии даромад, харољот ва дигар унсурњое, ки ба маблаѓи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли таѓйир додани усули бањисобгири дохил карда шаванд, то ин, ки њељ яке аз ин унсурњо сарфи назар нагарданд ё дубора ба њисоб гирифта нашаванд. Нисбати супорандагони андоз аз арзиши иловашуда даромаду харољот бе андоз аз арзиши иловашуда ба њисоб гирифта мешавад, ба истиснои харољоте, ки нисбати он ба њисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иљозат дода намешавад.

Аз ин муќаррарот бармеояд, ки 3 тарзи бањисоб гирифтани манбаи андоз љой дорад:

1. усули бањисобгири кассавї;

2. усули њисобу замкунї;

3. усули бањисобгирии харољоти истењсолї ва дигар харољоти сармоя.

1. Усули (принсипњои) бањисобгирии даромадњо ва харољотњо тибќи усули кассавї. Андозсупорандае, ки тибќи усули кассави бањисобгириро пеш мебарад, бояд мутобиќи моддањои 184 ва 185 Кодекси андози ЉТ даромадро дар санаи гирифтани он њисоб карда, тарњи харољотњоро дар санаи амали намудани он анљом дињад.

-лањзаи гирифтани даромад дар њолатњои људогона бо истифодаи усули кассавї. Агар андозсупоранда маблаѓњои пули гирад, лањзаи гирифтани маблаѓњои пулии наќд ва њангоми пардохти ѓайринаќди бошад, лањзаи ба суратњисоби бонкии вай ё дигар суратњисобе, ки вай ихтиёрдори карда метавонад ё њуќуќи аз он гирифтани маблаѓњои мазкурро дорад, лањзаи гирифтани даромад ба њисоб меравад. Дар сурати бекор кардан ё пўшонидани ўњдадории молиявии андозсупоранда, аз љумла њангоми њисоббаробаркунии байнињамдигари, лањзаи гирифтани даромад лањзаи бекор кардан ё пўшонидани ўњдадори ба њисоб меравад.

-лањзаи харољот намудан дар њолатњои људогона бо истифодаи усули кассавї. Лањзаи харољот намудан лањзаи аз тарафи андозсупоранда воќеан анљом додани харољот ба њисоб меравад. Агар андозсупоранда маблаѓњои пули супорад, лањзаи харољот намудан лањзаи пардохти маблаѓњои пули наќд ба њисоб рафта, њангоми пардохти ѓайринаќдї бошад, лањзаи харољот намудан ин лањзаи аз тарафи бонк гирифтани супоришномаи андозсупоранда дар бораи гузаронидани маблаѓњои пули (дар њолате, ки дар суратњисобњои бонкии андозсупоранда маблаѓњои кофи мављуд бошанд) дониста мешавад. Њангоми бекор кардан ё пўшонидани ўњдадории молияви дар назди андозсупоранда, аз љумла њангоми бањисобгирии байнињамдигари, лањзаи харољот намудан лањзаи бекор кардан ё пўшонидани ўњдадории молияви дониста мешавад. Њангоми пардохтани фоизњо тибќи ўњдадории ќарз ё додани маблаѓ барои иљораи амвол, агар мўњлати ўњдадори ё шартномаи иљора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблаѓи фоизњои пардохташуда (пардохти иљора), ки амалан барои давраи андоз нигоњ дошта мешавад, маблаѓи фоизњое (пардохти иљорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.

2. Усули (принсипњои) бањисобгирии даромадњо ва харољотњо њангоми истифодаи усули њисобу замкунї. Андозсупорандае, ки тибќи усули њисобу замкуни бањисобгириро пеш мебарад, бояд даромаду харољотро мутобиќи моддањои 187 ва 188 Кодекси андози ЉТ мутаносибан аз лањзаи гирифтани њуќуќ ба даромад ё пайдо шудани ўњдадории пардохт, сарфи назар аз ваќти воќеии гирифтани даромад ё иљрои пардохт, ба њисоб гирад.

-лањзаи гирифтани даромад њангоми истифодаи усули њисобу замкунї. Њуќуќи гирифтани даромад њангоме пайдошуда ба њисоб меравад, ки агар маблаѓи дахлдор бояд бегуфтугў ба андозсупоранда пардохта шавад ё андозсупоранда тамоми ўњдадорињояшро тибќи муомилот ё шартнома иљро кардааст. Агар андозсупоранда корро иљро кунад ё хизмат расонад, њуќуќи гирифтани даромад дар лањзаи иљрои нињоии кор ё хизматрасонии дар муомилот ё шартнома пешбинишуда, ба даст овардашуда ба њисоб меравад. Агар ањд ё шартнома иљрои кор ё хизматрасониро марњала ба марњала пешбини намояд, њуќуќи гирифтани даромад дар њар марњала дар лањзаи нињоии иљрои кор ё хизматрасонии ин марњала пайдо мешавад, агар моддаи 190 Кодекси андози ЉТ тартиби дигаре пешбини накарда бошад. Агар андозсупоранда даромад гирад ё њуќуќи гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иљора додани амволро дошта бошад, њуќуќи гирифтани даромад дар лањзаи ба охир расидани мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора бадаст овардашуда њисоб мешавад. Агар мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад тибќи ин даврањои андоз мутобиќи тартиби њисоби он таќсим карда мешавад.

-лањзаи харољот намудан њангоми истифодаи усули њисобу замкунї. Лањзаи харољот намудан вобаста ба ањд (шартнома) лањзаи иљрои њамаи шартњои зайл њисобида мешавад:

а) њангоми аз тарафи андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ўњдадории молияви;

б) њангоми ба ќадри кифоя даќиќ бањо додан ба њаљми ўњдадории молиявї;

в) агар њамаи тарафњои дар ањд ё шартнома иштирокдошта воќеан тибќи ањд ё шартнома ўњдадорињояшонро иљро кунанд ва маблаѓои дахлдор бечунучаро пардохта шаванд.

Вобаста ба шартњои дар ќисми 1 моддаи 188 КА ЉТ зикршуда ўњдадории молияви маънои ўњдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиќи ањд (шартнома) ќабул кардааст ва тарафи дигари дар ањд (шартнома) иштирокдошта бо маќсади иљрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пули ё шакли дигар ба андозсупоранда пешнињод намояд. Њангоми пардохти фоизњо тибќи ўњдадории ќарз ё пардохт барои амволи ба иљора гирифташуда лањзаи харољот намудан лањзаи ба охир расидани мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора њисобида мешавад. Агар мўњлати ўњдадории ќарз ё шартномаи иљора якчанд давраи андозро дар бар гирад, харољот тибќи ин даврањои андоз мувофиќи тартиби њисоби он таќсим карда мешавад.

3. Усули бањисобгирии харољоти истењсолї ва дигар харољоти сармоя. Тартиби бањисобгирии захирањои молию модди. Бањисобгирии захирањои молию модди бо маќсадњои андозбанди танњо тибќи муќаррароти амалкунандаи бањисобгирии муњосиботи, ки дар асоси ќонунгузории оид ба бањисобгирии муњосиботи тањия гардидаанд, ба анљом расонида мешавад. Њангоми бањисобгирии захирањои молию модди андозсупоранда вазифадор аст, ки арзиши молњои истењсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси харољоти истењсоли (арзиши асли) ё нархи хариди онњо муайян карда мешавад, дар њисоботи андоз нишон дињад. Аз он љумла, андозсупоранда вазифадор аст ба арзиши ин молњо харољоти нигоњдори ва интиќоли онњоро њамроњ кунад. Њангоми ба њисоб гирифтани захирањои молию модди андозсупоранда њаќ дорад, ки арзиши мол ё мањсулоти нуќсондор, маънан кўњнашуда ё аз мўд баромадаро, ки аз њамин сабаб ё бо сабабњои шабењ бо нархи зиёдтар аз харољоти барои истењсоли (нархи хариди) онњо сарфшуда фурўхтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онњоро фурўхтан мумкин аст, бањо дињад. Нисбати молњое, ки андозсупоранда оид ба онњо бањисобгирии инфироди пеш намебарад, вай њаѕ дорад, ки барои бањисобгирии захирањои молию модди яке аз се усулњои зеринро истифода барад:

а) усули ФИФО, ки мутобиќи он дар давраи њисоботи дар аввал молњои дар аввали давраи њисоботи ба захирањои молию модди дохилгардида, фурўхташуда (истифодашуда) њисоб карда шуда, баъд молњое, ки дар давоми давраи њисоботи истењсол (харида) шудаанд, мувофиќи навбати истењсол (харид) њисоб карда мешаванд;

б) усули ЛИФО, ки мутобиќи он дар давраи њисоботи дар аввал молњое, ки охирин истењсол (харид) шудаанд, фурўхташуда (истифодашуда) њисоб карда мешаванд;

в) усули бањо додан тибќи арзиши аслии миёна.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 111 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Андозсупоранда| Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.008 сек.)