Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Имтиёзњо дар бахши андоз.

Пайдоиши андозбандї ва хусусияти миллии он дар таърихи давлат ва њуќуќи тољикон | З) Аз 91 то 120 адад – 2 шутури сесола. | Ба ањли зима, њарчанд фаќир ва мискин бошанд. | Инкишофи минбаъдаи андозбандї дар ЉТ | Мавќеи андозњо дар љодаи таъмини дороии давлат | Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї | Навъњои андоз дар ЉТ | Мавзўи 3. Унсурњои асосии андоз | Андозсупоранда | Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз. |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої
  3. Мафњум ва намудњои имтиёзњо дар бахши андоз.
  4. Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд
  5. Тарзњои ба њисоб гирифтани манбаи андоз.

Имтиёзњои дар бахши андоз афзалиятњое, ки мутобиќи Кодекси андоз ё шартномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки дорои муќаррароти вобаста ба андозбандї мебошанд, ба гурўњњои алоњидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароњам оварда шудаанд, аз љумла бе ягон таъсири манфи ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар њаљми камтар, ё дар мўњлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.

Чунин навњои имтиёз аз андоз љой дорад:

1.Озод кардан аз андоз. Масалан, аз андозбанди аз фоидаи шахсони њуќуќї инњо озоданд:

- ташкилотњои дини, эњсонкори, буљети, созмонњои байнињукумати ва байнидавлатии (байналмилалии) ѓайритиљорати, ба истиснои фоидае, ки онњо аз фаъолияти соњибкори мегиранд. Њамзамон чунин ташкилотњо бояд бањисобгирии људогонаи фаъолияти асоси (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соњибкориро пеш баранд;

- маблаѓгузаронињои ройгон ва амволи ройгон, аъзоњаќќињо, хайрия ва грантњое, ки ташкилотњои љайритиљорати мегиранд;

- Бонки миллии Тољикистон ва муассисањои он;

- суди сањмияњое (дивидендњое), ки корхонањои резиденти аз корхонањои резиденти мегиранд;

- корхонањое, ки дар онњо дар як ваќт дар соли њисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медињанд, ва;

б) на камтар аз 50% маблаѓњои музди мењнат ва дигар таъминоти моддї, аз љумла натурали, барои эњтиёљоти маъюбон сарф карда шудааст;

6) корхонањои наве, ки дар соњаи истењсоли молњо таъсис меёбанд, дар соли баќайдгирии давлати ва аз соле, ки баъди соли баќайдгирии ибтидоии давлати фаро мерасад, њангоми аз љониби муассиси онњо бо назардошти њаљмњои њадди аќали инвеститсияњои муќаррарнамудаи ќонунгузори ба фонди оинномавии чунин корхонањо ворид намудани њаљмњои дар поён зикргардидаи инвеститсияњо ба мўњлати:

- 2 сол, агар њаљми инвеститсияњо баробари то 500 њазор доллари ИМА бошад;

- 3 сол, агар њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 500 њазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

- 4 сол, агар њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

- 5 сол, агар њаїми инвеститсияњо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад. Њангоми њисоби мўњлати (давомнокии) озодкуни аз андоз аз фоида (таътили андоз) мутобиќи њамин банд аз нав баќайдгирии корхона, таѓйирёбии моликони корхона, таѓйирот дар шакли ташкилию њуќуќи ва монанди ин дигар чунин таѓйирот ба инобат гирифта намешавад[8].

2. Таѓир додани мўњлати пардохти андоз. Таѓйир додани мўњлати пардохти андоз, љарима ва фоизњо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўњлати мутобиќи Кодекси андоз муќаррарнамудаи пардохти андоз, љарима ва фоизњо, аз љумла пардохтњои љори, ба мўњлати нисбатан дертар гузарондани он ба њисоб меравад. Батаъхиргузори танњо нисбати он ўњдадорињои андоз анљом дода мешавад, ки мўњлати пардохташон расидааст. Батаъхиргузори метавонад доир ба як ё якчанд андоз фароњам оварда шавад. Маблаѓи андоз, љарима ва фоизњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, то рўзи ба охир расидани давраи батаъхиргузори њамчун баќияпули ба њисоб намеравад ва нисбати он тадбирњои ситонидани маљбурии андоз, љарима ва фоизњо, ба истиснои њисоби фоиз, татбиќ намегарданд. Батаъхиргузори андозсупорандаро, ба истиснои њолатњои дар бандњои 1 ва 2 ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ пешбинишуда, аз љавобгарии њисоби фоизњо нисбати маблаѓњои ба таъхир гузошташудаи андозњо то ба охир расидани давраи батаъхиргузори озод наменамояд. Батаъхиргузори андозсупорандаро аз иљрои ўњдадорињои дар мўњлатхои муќарраршуда пешнињод намудани эъломия ва дигар њисоботи муќарраршуда ба маќомоти андоз нисбати андозњое, ки ба таъхир гузошта шудаанд, озод намекунад. Дар давраи батаъхиргузори љараёни мўњлатњои даъво, ки Кодекси андоз муќаррар кардааст, ќатъ мегардад. Пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда аз моње, ки баъди моњи давраи батаъхиргузори фаро мерасад, оѓоз мегардад. Њамзамон андозсупоранда дар баробари пўшонидани маблаѓи ўњдадорињои андози ба таъхир гузошташуда ўњдадор аст ба буљет тамоми маблаѓњои ўњдадорињои љории андозро пардозад. Њангоми пардохт ба буљет маблаѓњои барои иљрои ўњдадорињои андоз равонашуда аввал барои пўшонидани ўњдадорињои љории андоз ва ќисми боќимонда барои пўшонидани ўњдадорињои андозњои ба таъхир гузошташуда истифода мешаванд. Батаъхиргузори метавонад ба шахсе фароњам оварда шавад, ки барои он манфиатдор (шахси манфиатдор) буда, аќаллан яке аз чунин асосњо мављуд бошад:

а) дар натиљаи офати табий, садамаи технологи ва дигар њолатњои таъсири ќуввањои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;

б) сари ваќт аз буљет маблаѓгузори нашудани ин шахс ё сари ваќт напардохтани маблаѓи фармоиши давлатї, ки аз љониби ин шахс иљро шудааст;

в) аз љониби ин шахс гузаронидани корњои илмию тадќиќоти ё таљрибавию конструктори;

г) аз љониби ин шахс анљом додани фаъолияти љоринамои ё инноватсиони, аз љумла офаридани технологияњои нав ё такмили технологияњои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.

Батаъхиргузории такрории пардохти андоз, љарима ва фоизњо бе пурра пўшонидани маблаѓњои андози ќаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои њолатњои мављудияти асосњои пешбининамудаи бандіои 1) ва 2) ќисми 10 моддаи 90 КА ЉТ, манъ аст. Ќарор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозњои умумидавлати бо пешнињоди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, ки бо маќоми ваколатдори давлати ва Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон мувофиќа шудааст, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад. Ќарор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозњои мањалли бо пешнињоди маќомоти дахлдори молия ва андози шањр (ноњия) аз љониби раиси шањри (ноњияи) дахлдор ќабул карда мешавад.

3. Кам кардани меъёри андоз. Бо назардошти ќисми 7 моддаи 2 Кодекси андози ЉТ таѓйир додани меъёри андози пешбининамудаи Кодекси андоз метавонад бо роњи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси андоз ва нисбати андозњои мањалли бошад дар асоси ќарорњои Маљлисњои мањаллии вакилони халќи дахлдор анљом дода шавад.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 125 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандї.| Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.012 сек.)