Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мазмуни шартномаи мењнатї.

Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї | Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1. | Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд | Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої | Маќомоти шарикии иљтимої | Шартномањои коллективї ва созишномањо | Накардани онњо | Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї. |


Читайте также:
  1. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  2. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  3. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  4. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  5. Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад.
  6. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї

Дар асоси моддаи 30 КМ ЉТ мазмуни шартномаи (ќарордоди) мењнатиро созишномаи тарафњо, инчунин санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќї оид ба мењнат, аз љумла созишномаи генералї, соњавї ва шартномаи коллективї муайян мекунанд.

Дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї бояд љои кор (ташкилот ва ё воњидњои муайян), вазифаи мењнатии корманд, рўзи оѓози кор, мўњлати амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њаљми музди мењнат, давомнокї ва низоми ваќти корї, давомнокии рухсатии мењнатї ва дигар шароитњои мењнат нишон дода шавад.

Сатњи њуќуќњо ва кафолатњои мењнатии кормандонро, ки санади ќонунгузорї ва дигар санади меъёрии њуќуќї муќаррар намудаанд, њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї паст кардан мумкин нест.

Мазмуни њамагуна шартнома, аз љумла шартномаи мењнатиро шартњои шартнома ташкил медињанд, ки њуќуќу ўњдадорињои тарафњои онро муайян месозанд. Шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї ба ду гурўњ људо мешаванд: якум, шартњои дар ќонун муќарраршуда ва бо таќозои ќонун ба шартнома (ќарордод) воридшаванда; дуюм, шартњои бо созиши љонибњо ќабулшуда ва дар шартномаи (ќарордоди) мењнати инъикосшаванда. Гурўњи дуюми шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар навбати худ ба шартњои зарурї ва иловагї људо мешаванд.

Шартњо оид ба риояи интизоми мењнат, муносибати эњтиёткорона ба амволи корфармо, аз љониби корфармо таъмин намудани њифзи мењнати кормандон амсоли шартњое мебошанд, ки дар ќонун пешбинї шуда, аз љоииби тарафњои шартнома мавриди муњокима ќарор додани онњо маънї надорад. Ва иљрои чунин шартњо амри воќеъ мебошад.

Шартњо дар хусуси љои кор, вазифаи мењнатии корманд (касб, ихтисос, мансаб), рўзи оѓози кор, мўњлати амали шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њаљми музди мењнат, давомнокї ва низоми ваќти корї, давомнокии рухсатии мењнатї, ки дар ќисми 2 моддаи тафсиршаванда оварда шудаанд, аз зумраи шартњои зарурии шартномаи (ќарордоди) мењнатї буда, дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї инъикос намудани онњо њатмист.

Муайян намудани љои кор танњо бо ишора ба муассисаи мушаххас ё воњиди таркибии он (сех, лаборатория, шўъба, филиал, намояндагї ва ѓайра) мањдуд намегардад. Дар матни шартномаи (ќарордоди) мењнатї, инчунин номи пурра, љои воќеъшавї ва суроѓаи ташкилот инъикос бояд шавад. Агар ба њайси кордињанда ашхоси воќеї баромад кунад, дар ин сурат ному насаби пурра ва суроѓаи хонаи ў нишон дода мешавад.

Дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї дар баробари шартњои дар боло зикршуда, шартњои иловагиро низ љой додан имкон дорад. Шартњои иловагї гуфта, он шартњои шартномаи (ќарордоди) мењнатиро меноманд, ки ба амри воќеъ будани басташавии он таъсир расонида наметавонанд, масалан, шарт дар бораи мўњлати санљиш, бо манзил таъмин намудани корманд, пардохти харољотњои иќомат дар мењмонхона, људо намудани ќитъаи боѓ, автомобил ва ѓайра. Њамин тариќ, ба шартномаи (ќарордоди) мењнатї, њамагуна шартњоро ворид намудан мумкин аст, ба шарте ки онњо вазъи кормандро дар ќиёс ба ќонунгузории мењнатї, созишномаю шартномањои коллективї бадтар насозанд.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 61 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.| Намудњои алоњидаи шартномаи мењнатї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.006 сек.)