Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Мафњум ва ањамияти шартномаи мењнатї.

Саволу супоришњо барои худсанљї | Муносибати њуќуќии мењнатї ва хусусиятњои он | Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад. | Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї | Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї | Муносибатњои њуќуќии иљтимої-шарикї1. | Мафњум ва низоми шарикии иљтимої дар бахши муносибатњои мењнатї ва дигар муносибатњои љамъиятии ба онњо алоќаманд | Корфармоён дар бахши шарикии иљтимої | Маќомоти шарикии иљтимої | Шартномањои коллективї ва созишномањо |


Читайте также:
  1. Атъшавии шартномаи мењнатї бинобар њолатњои ба иродаи љонибњои он вобаста набуда.
  2. Ба расмият даровардани ќатъшавии шартномаи мењнатї.
  3. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корманд.
  4. Бекор намудани шартномаи мењнатї бо ташаббуси корфармо.
  5. Корманд шахсе мебошад, ки дар муносибатњои мењнатї бо корфармо дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатии басташуда ќарор дорад.
  6. Мазмуни шартномаи мењнатї.
  7. Мафњум ва аломатњои хоси андозњо. Функсияњои андозњо. Тафовути андозњо аз дигар пардохтњои њатмии молиявї

Мутобиќи моддаи 26 КМ ЉТ Шартномаи (ќарордоди) мењнатї - созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибќи он корманд вазифадор аст корњоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараљањои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии мењнатї иљро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои њамин кор ба корманд музд дињад ва шароити мењнатро, ки санадњои ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќи оид ба мењнат ва созишномањои тарафњо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Њуќуќ ба мењнат яке аз муњимтарин њуќуќњои иљтимої -иќтисодии њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон мањсуб мегардад. Тибќи моддаи 35 Конститутсияи ЉТ њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї њаќ дорад. Њуќуќ ба мењнат маънои онро дорад, ки њар як фард озодона ќобилияти мењнатии худро ба амал бароварда, ба он ихтиёрдорї менамояд ва њељ касро ба мењнати иљборї љалб намудан мумкин нест, ба истиснои мавридњое, ки ќонун муайян кардааст.

Дар гузаштаи на чандон дур роњу василаи анќариб ягонаи ихтиёрдории озодона аз ќобилияти мењнатї, интихоби озодонаи касбу кор ва билохир пиёда сохтани њуќуќ ба мењнат, шартномаи мењнатї ба њисоб мерафт. Феълан, ки дар радифи ташкилотњои давлатї теъдоди зиёди ташкилотњои ба моликияти хусусї асосёфта, соњибкории инфиродї рўи кор омада, фаъолият доранд, њар кас имкон пайдо намудааст, на танњо тавассути шартномањои (ќарордодњои) мењнатї, инчунин тавассути шартномањои гражданї - њуќуќї оид ба татбиќи мењнат кору фаъолият намояд.

Аниќан муайян накардани намуди шартнома (шартномаи мењнатї ё шартномаи њуќуќии гражданї оид ба мењнат) аз љониби тарафайн боиси минбаъд рух додани низои байни онњо гаштанаш мумкин аст ва барои посух додан ба шањрванд дар хусуси то чї андоза асоснок ва њаќќонй будани иддаои ў, ќабл аз њама, зарурати муайян намудани хусусияти муносибатњои мењнатї ва табиати њуќуќии онњо ба миён меояд.

Хусусият ва табиати њуќуќии муносибатњои мењнатї бошад, ба намуд ва моњияти њуќуќии шартнома, ки асоси пайдоиши ин муносибатњоро ташкил медињад, марбут аст. Аз ин рў, њудудгузорї миёни шартномаи мењнатї ва шартномањои гражданї-њуќуќї оид ба татбиќи мењнат ањамияти назариявї ва амалиро касб менамояд.

Якчанд шартномањои граждании њуќуќї мављуданд, ки ба татбиќи мењнат иртибот доранд.

Тибќи шартномаи пудрат як тараф (пудратчї) ўњдадор мешавад, бо супориши тарафи дигар (фармоишгар) кори муайянеро анљом дињад, онро дар мўњлати муайян ба фармоишгар супорад ва фармоишгар бошад, ўњдадор мешавад, ки корро ќабул намуда, њаќќи онро пардозад (моддаи 714 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон)1.

Аз муќаррароти моддаи 714 КГ ЉТ чунин ба назар мерасад, ки предмети шартномаи пудратро гўё иљрои кори муайян ташкил медода бошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Предмети шартномаро на иљрои кори муайян, балки тайёр кардан ё коркарди ашё ё натиљаи иљрои кор ташкил медињад, ки инъикоси худро дар модцаи 715 КГ ЉТ ёфтааст.

Дигар шартномаи гражданї-њуќуќї, ки ба мењнат иртибот дорад, хизматрасонии пулакї мебошад, ки тибќи он бо супориши фармоишгар иљрокунанда вазифадор аст, хизмате расонад (амали муайян ё фаъолияти муайянро анљом дињад), ки дорои шакли ашёї набошад ва фармоишгар ўњдадор аст арзиши онро пардозад (моддаи 797 КГ ЉТ). Предмети шартнома бошад, аз хизматрасонии алоќа, тиббї, байторї, бозбинї, машваратї, иттилоотї, оид ба таълим, фарњангї, сайёњї ва ѓайра иборат аст. Одатан хизматрасонии пулакї хусусияти якдафъагї дошта, подоши он ќабл ё баъд аз расонидани хизмат сурат мегирад.

Шартномаи супориш бошад, шартномаест, ки тибќи он як тараф (вакил) аз ном ва аз њисоби тарафи дигар (ваколатдињанда) иљро кардан ё ба љо овардани амали муайяни њуќуќиро ўњдадор мешавад (моддаи 912 КГ ЉТ). Аз таърифи шартномаи мазкур чунин бармеояд, ки вакил иљрои кор ё амали муайяни њуќуќиро на бо таќозои функсияи мењнатї, балки бо назардошти ањди гражданї, илова ба ин, на аз ном ва на барои худ, балки аз ном ва барои ваколатдињанда анљом медињад.

Дар шартномаи комиссия, ки яке аз намудњои шартномаи њуќуќї-гражданї мањсуб мегардад, як тараф (комиссионер) ўњдадор мешавад бо супориши тарафи дигар (комитент) бо подошпулї як ё якчанд ањдро бо номи худ, вале аз њисоби комитент анљом дињад (моддаи 927 КГ ЉТ). Дар шартномаи мазкур ба њайси предмети он на кори муайян, балки анљоми як ё якчанд ањд баромад мекунад.

Ба сифати яке аз шартномањои гражданї-њуќуќии ба шартномаи мењнатї њамљаворро шартномаи идораи ба боварї асосёфтаи амвол мањсуб мешавад, ки тибќи он як тараф (муассиси идора) ба тарафи дигар (сардори ваколатдор) барои мўњлати муайян љињати идораи ба боварї асосёфта амвол медињад ва тарафи дигар ўњдадор мешавад, ки идораи ин амволро ба манфиати муассиси идора ё шахси зикрнамудаи ў (бадастоварандаи фоида) анљом дињад (моддаи 943 КГ ЉТ).

Ќобили тазаккур аст, ки нисбати шартномаи идораи ба боварї асосёфтаи амвол дар адабиёти юридикї1 фикри љолибе иброз шудааст, ки тибќи он бастани чунин шартнома бо роњбарони љамъиятњои сањомї ва алалхусус ташкилотњои давлатї номатлуб дониста мешавад. Мо комилан љонибдори ин аќидаем. Зиёда аз он, ба андешаи мо, бастани шартномаи идораи ба боварї асосёфтаи амвол бо роњбарони ташкилотњои давлатї ва корпоративї на ин, ки амали номатлуб, балки амали мутлаќо зиёдатї ва нолозим мебошад. Барои ваколатдор намудани роњбарон љињати идораи ба боварї асосёфтаи амволи ташкилотњои давлатї ва корпоративї шартномаи (ќарордоди) мењнатии байни онњо ва муассисон (соњибмулкон) басташуда кофист. Идораи амвол аз љониби роњбарон яке аз њуќуќу ўњдадории онњо мањсуб мешавад, ки дар доираи муносибатњои њуќуќии мењнатиашон бо муассисон (сохибмулкон), ки ба њайси кордињанда баромад менамоянд, амалї мегардад.

Дар баробари тањќиќи бархе шартномањои гражданї-њуќуќї, ки ба татбиќи мењнат иртибот доранд, тањќиќ ва муайян намудани объект, предмет ва мазмуни шартномаи (ќарордоди) мењнатї зарур меояд.

Тибќи моддаи 26 КМ ЉТ шартномаи мењнатї гуфта, созишномаи байни корфармо ва кормандонро меноманд, ки мутобиќи он корманд вазифадор аст корњоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараљањои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии мењнатї иљро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои њамин кор ба корманд музд дињад ва шароити мењнатро, ки санадњои ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї оид ба мењнат ва созишномањои тарафњо муайян намудаанд, таъмин намояд.

Аз таърифи шартномаи (ќарордоди) мењнатї, пеш аз њама, чунин хулоса бармеояд, ки он хусусияти мутлаќо шахсї дорад. Аз ин рў, иваз намудани коркун бо дигар шахс номумкин аст.

Дуюм, шартномаи мењнатї љараёни мењнатро танзим менамояд. Предмети шартномаи гражданї-њуќуќии ба мењнат иртиботдоштаро бошад, на љараёни мењнат, балки натиљаи он ташкил медињад.

Сеюм, кормандони шартномаи (ќарордоди) мењнатиро баста, муваззафанд корро танњо аз рўи касб, ихтисос ё вазифа бо дараљаи муайян иљро намоянд, ки чунин њолат ба шартномањои гражданї-њуќуќии ба мењнат иртиботдошта хос нест.

Чорум, кормандони шартномаи (ќарордоди) мењнатиро баста, ба њайати шахсии ташкилот шомил шуда, ўњдадор мешаванд, ба тартиботи дохилии мењнатии ташкилот итоат намоянд (моддаи 26 КМ ЉТ) ва њангоми вайрон намудани интизоми мењнат ба љавобгарии интизомї кашида шуданашон мумкин аст. Аз рўи шартномањои гражданї-њуќуќї бошад, шањрвандон метавонанд корро дар даври барояшон ќулай иљро намоянд, ё хизматеро расонанд.

Панљум, њаќи мењнат аз рўи шартномаи (ќарордоди) мењнатї на танњо барои натиљаи кор, балки барои ваќти коркардадодашуда пардохта мешавад. Њамзамон пардохти даврии (такроршавандаи) музди мењнат, баќои он дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї кафолат дода мешавад. Аз рўи шартномаи гражданї-њуќуќї бошад, њаќ мутлаќо барои натиљаи кор дода мешавад.

Шашум, корфармо ўњдадор аст љараёни мењнатро ташкил намуда, барои кормандон шароитњои мусоид ва бехатари мењнатро фароњам оварад.

Њафтум, кордињанда њуќуќ дорад аз корманд риояи ќатъии ќоидањои тартиботи дохилии мењнатиро талаб намояд. Тибќи шартномањои гражданї-њуќуќї оид ба татбиќи мењнат бошад, тарафњо ўњдадорињои шартномавиашонро ба таври мухторият иљро менамоянд.

Њаштум, муносибатњои мењнатии дар асоси шартномаи (ќарордоди) мењнатї бавуљудомада хусусияти устувор, бардавом ва пойдорро доро буда, иштирокчиёнашон аз доираи васеи њукукњое, ки ба љонибњои шартномањои гражданї-њуќуќї оид ба татбиќи мењнат хос нестанд, бархурдоранд. Масалан, тибќи моддаи 4 КМ ЉТ давлат барои њар як корманд кафолати хукуќњои зайлро муќаррар намудааст:

бањравар шудан аз хадамоти ройгон љињати интихоби касб, бозомўзї ва такомули тахассус;

мусоидати ройгон дар интихоби кори муносиб ва бокортаъминкунї мутобиќи ќобилият ва омодагии касбї;

шароити мењнати љавобгўи талаботи бехатарї ва гигиенї буда;

истироњат бо роњи муќаррар намудани давомияти ваќти корї, рўзњои њарњафтаинаи истироњат, рухсатии њарсолаи боподош, рўзњои кўтоњи корї барои як ќатор ихтисос ва корњо;

иштирок дар идора намудани ташкилот;

љуброни харољоти моддї барои кўчидан ба љои нави истиќомат ва кор;

муттањид шудан дар иттифокњои касаба ва дигар созмонњои ифодагари манофеи кормандони коллективњои мењнатї;

корпартої;

кўмакпулї тибќи суѓуртаи иљтимої дар њолатњои муваќќатан гум кардани ќобилияти мењнатї ва дигар њолатњои муќаррарнамудаи ќонун;

њимоя аз бекорї ва ѓайра.

Тибќи моддаи 5 КМ ЉТ бошад, корфармо њуќуќ дорад ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоњияти худ ќарорњо ќабул намояд, шартномањои (ќарордоди) мењнатї бандад ва онњоро бекор намояд, шумораи барои иљрои кор зарурии кормандонро муайян кунад, дар доираи салоњияти худ санадњои дохилии (локалии) меъёрии барои кормандон њатмиро ќабул намояд, аз кормандон иљрои ќоидањои тартиботи дохилии мењнат, дигар ќоидањо ва муќаррарот, инчунин созишномањои мењнатиро талаб намуда, дар сурати аз љониби корманд вайрон кардани интизоми мењнат ўро ба љавобгарии интизомї кашад, якљоя бо дигар корфармоён бањри њимояи манфиатњои касбии хеш иттињодияи љамъиятї ташкил дињад ва ба чунин иттињодияњо шомил гардад.

Азбаски шартномањои (ќарордодњои) мењнатї дар ќиёс бо шартномањои гражданї-њуќуќї оиди татбиќи мењнат, доираи васеътари њуќуќ ва кафолатњои њифзи манфиатњои кормандонро пешбинї менамоянд, дар амалия ташкилотњои тиљоратї ва соњибкорони инфиродї кўшиш ба харљ медињанд, бо шањрвандон на шартномањои (ќарордодњои) мењнатї, балки шартномањои гражданї-њуќуќї банданд1.

Дар иртибот бо ин таъкиди якчанд нуќтаи муњимро зарур мешуморем.

Он тавре ки тазаккур дода будем, Конститутсияи ЉТ принсипи озодии мењнатро эълон доштааст, ки асосан тавассути бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї амалї мегардад. Дар навбати худ, озодии мењнат ва озодона бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї якчанд љанбаро доро мебошанд.

Љанбаи аввал ва муњимтарин он аст, ки озодии шартномаи (ќарордоди) мењнатї танњо он ваќт љой дошта метавонанд, ки агар иродаи тарафњои шартнома (ќарордод), бахусус корманд њангоми бастани он дучори њељ гуна фишор, тазйиќ, фиреб, иштибоњ ё гумроњсозї нагашта бошад.

Дуюм, њангоми бастани шартномаи (ќарордоди) мењнатї, тарафњои он озод буда, дорои њуќукњои баробаранд. Сеюм, шахс њуќуќи интихоби озодона ва мустаќилонаи бастани ин ё он намуди шартномаро (шартномаи мењнатї ё гражданї-њуќуќии ба мењнат иртиботдошта) доро мебошад. Аз ин рў, маќомоти баррасикунандаи бањсњои мењнатї, аз љумла маќомоти судиро лозим меояд, ки њангоми баррасии бањсњо оид ба муайян намудани тааллуќмандии шартнома ба њуќуќи мењнатї ё њуќуќи гражданї, ба нуќтањои фавќуззикр даќиќан таваљљўњ намоянд. Тафовути шартномаи (ќарордоди) мењнатї аз шартномањои њуќуќї-граждании ба мењнат иртиботдошта бо навиштањои боло мањдуд намешавад. Дар њуќуќи гражданї чунин муќаррароте љой дорад (моддаи 187 КГ ЉТ), ки тибќи он риоя нашудани шакли ањд боиси беэътибории он гаштанаш мумкин аст. Аммо дар њуќуќи мењнатї ин масъала бо дигар ранг сурат мегирад. Дар моддаи 28 КМ ЉТ омадааст, ки «ба кор ќабул намудан бо фармони (амри) роњбари ташкилот ё шахси ваколатдори ў ба расмият дароварда мешавад. Фармон (амр) ба корманд бо гузоштани имзо эълон карда мешавад». Лекин ќисми 4 моддаи мазкур меъёреро муќаррар намудааст, ки тибќи он амалан роњ додан ба кор боиси ба вуљуд омадани муносибатњои њуќуќии мењнатї гашта, маънои баста шудани шартномаи мењнатиро дорад. Пас, дар њуќуќи мењнатї риоя нашудани шакли хаттии шартномаи мењнатї боиси беэътибор донистани он шуда наметавонад. Корманд худ баста шудани шартномаи мењнатиро ба расмият дароварда наметавонад. Ба расмият даровардани шартномаи мењнатї вазифаи корфармо мебошад ва њамагуна иддао барои анљом надодани чунин амал ва барои воќеан ба кор роњ дода шудани кормандро на ба унвони корманд, балки ба унвони корфармо ирсол намудан зарур аст аст. Њамин тариќ, дар байни корфармо ва корманд љой доштани муносибатњои мењнатиро на танњо интишори фармон, инчунин мављуд будани дигар аснод, аз љумла аризаи корманд бо сабти ризояти корфармо, ведомости њаќдињї ва ѓайра собит месозад. Чунин хусусияти шартномаи мењнатї бањри њифзи њуќуќу манфиатњои корманд нигаронида шудааст.


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 112 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Накардани онњо| Онибњо ва тартиби умумии бастани шартномаи мењнатї.

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.01 сек.)