Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Уќуќи маъмурї

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї | Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї | Субъекти њуќуќи маъмурї | Амчун субъекти њуќуќи маъмурї | уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  4. Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ манбаъи умда барои тамоми соњањои њуќуќ, аз љумла њуќуќи мењнатї мањсуб мегардад.
  5. Корфармо њамчун субъекти њуќуќи мењнатї
  6. Мазмуни муносибати њуќуќии мењнатї
  7. Мафњум ва усулњои танзими њуќуќии музди мењнат.

 

Ќобилияти субъекти њуќуќи маъмурї будани иттињодияњои љамъиятї комплекси њуќуќу ўњдадорињои ба онњо тааллуќдоштаро дар бар мегирад, ки дар муносибатњои њамдигарї бо субъектони њокимияти иљроия амалї мешаванд. Масъалањои нисбатан муњим вобаста ба иттињодияњои љамъиятї дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» аз 23 маи соли 1998 њал шудаанд. Ин ќонун мундариљаи њуќуќи шањрвандро ба муттањидї, кафолатњои давлатиро дар ин соња, статуси иттињодияњои љамъиятї, тартиби бунёди онњо, таѓйирёбї ва барњамдињии онњоро муќаррар месозад.

Давлат ба фаъолияти иттињодияњои љамъиятї роњбарї намекунад. Принсипи дахолат накардан ба фаъолияти њамдигарї амал мекунад. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ва шахсони мансабдори онњо ба кори иттињодияњои љамъиятї ва баръакс роњ дода намешавад. Маќомоти адлия иттињодияњои љамъиятиро ба ќайд мегиранд. Иттињодияи љамъиятї њаќ дорад, ки баќайдгириро анљом надињад, дар ин њолат вай шахси њуќуќї намегардад. Ин маќом мувофиќ будан ё набудани иттињодияро бо маќсадњои оинномавиаш назорат мекунад. Маќомоти молия масъалањои даромади иттињодия ва пардохти андозњоро назорат мекунад. Муњимтарин ўњдадории иттињодияњои љамъиятї риояи ќонунњост. Дар њолати вайрон кардани муќаррароти Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон бо ќарори суд фаъолияти иттињодияњои љамъиятї баста мешавад.

Тибќи моддаи 5 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар иттињодияњои љамъиятї» иттињодияњои љамъиятї аз њизбњои сиёсї, њаракатњои оммавї, иттифоќњои касаба, созмонњои занон, ветеранњо, маъюбон, љавонон ва кўдакон, иттињодияњои илмї, техникї, маданию маърифатї, тарбияи љисмонї ва варзиш, эљодї, фондњо, ассотсиатсияњо иборатанд.

Мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таъсис ва фаъолияти иттињодияњои љамъиятї, ки хусумати нажодї, миллї, иљтимої, динї ва љангиро тарѓиб менамоянд ё ба зўран сарнагун кардани сохти конститутсионї ва ташкили гурўњњои мусаллањ даъват мекунанд, манъ аст.

Иттињодияњои љамъиятї сарфи назар аз шаклњои ташкилию њуќуќї дар назди ќонун баробар мебошанд. Фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ба принсипњои ихтиёрї, баробарњуќуќї, худидорї ва ќонуният асос меёбад.

Бо созмонњои љавонон, кўдакон, созмонњои хайрия, ташкилотњои маъюбон давлат кўмаки моддию молиявї мерасонад.

Аз тарафи давлат бо маблаѓ таъмин намудани фаъолияти њизбњои сиёсї ва иттињодияњои љамъиятї, ки маќсадњои сиёсї доранд, манъ аст. Дар Љумњурии Тољикистон иттињодияњои љамъиятии байналхалќї, љумњуриявї ва мањаллї таъсис дода мешаванд ва амал мекунанд.

Ба иттињодияњои љамъиятии љумњуриявї чунин иттињодияњое тааллуќ доранд, ки фаъолияти онњо мувофиќи вазифањои оинномавї дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон ё аксарияти вилоятњо, шањрњо ва ноњияњои тобеи љумњурї амалї шуда метавонанд. Ба иттињодияњои љамъиятии мањаллї иттињодияњои вилоятї, шањрї, ноњиявї, шањрак ва дењот тааллуќ доранд.

Иттињодияи љамъиятї барои ба амал баровардани маќсадњои оинномавї њуќуќ дорад:

- дар бораи фаъолияти худ озодона маълумот нашр намояд;

- васоити ахбори умум таъсис дињад ва мувофиќи тартиби муќарраргардидаи ќонунгузории љорї фаъолияти ноширї кунад;

- аз рўи масъалањои гуногуни њаёти љамъиятї бо ташаббусњо баромад намояд, ба маќомоти њокимияти давлатї таклифњо пешнињод кунад;

- дар маъракањои интихоботї иштирок намояд;

- мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба фаъолияти истењсолию хољагї машѓул шавад.

Иттињодияњои љамъиятї дар сурати вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мувофиќи ин Ќонун ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд. Дар мавриди аз тарафи иттињодияњои љамъиятї содир шудани амалиёте, ки аз доираи маќсад ва вазифаи дар оинномаи он муайянгардида берун аст ё ќонунњои љорї ин њуќуќу манфиатњои ќонунии шахсони воќеї ва њуќуќиро вайрон мекунанд, ба маќомоти роњбарикунандаи ин иттињодияњои љамъиятї аз љониби маќоме, ки иттињодияњои љамъиятиро ба ќайд гирифтааст ва ё аз љониби прокурор огоњии хаттї дода мешавад. Огоњии хаттї то мурољиат кардан ба суд дар хусуси ќатъ намудани фаъолияти иттињодияњои љамъиятї дода мешавад.

 

Саволњо:

1) Кадом санади меъёриву њуќуќї фаъолияти иттињодияњои љамъиятиро ба танзим медарорад? 2) Чаро дахолати маќомоти њокимияти давлатї ва шахсони мансабдори онњо ба кори иттињодияњои љамъиятї манъ карда шудааст? 3) Иттињодияњои љамъиятї аз кадом ташкилоту муассисањо иборат шуда метавонанд? 4) Њуќуќњои иттињодияи љамъиятиро барои ба амал баровардани маќсадњои оинномавиашон номбар кунед. 5) Мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таъсис ва фаъолияти чї гуна иттињодияњои љамъиятї манъ карда шудааст?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 48 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї| Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)