Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Хизматчии давлатї – субъекти њуќуќи маъмурї

Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї | Субъектони (иштирокчиёни) њуќуќи маъмурї | Маќомоти идоракунии корхона, муассиса ва ташкилоти давлатї дохил мешаванд. | Шахсони љисмонї њамчун субъектони њуќуќи маъмурї | Субъекти њуќуќи маъмурї | Онунгузории Љумњурии тољикистон оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї ва принсипњои он | уќуќвайронкунии маъмурї ва љазои маъмурї |


Читайте также:
  1. Амчун субъекти њуќуќи маъмурї
  2. Асосњои ба вуљуд омадан, таѓйир ёфтан ва ќатъ гаштани муносибати њуќуќии мењнатї
  3. Вазифањо ва предмети њуќуќи маъмурї. Сарчашмањои њуќуќи маъмурї
  4. Внутреннее бытие как субъективность и как акт трансцендирования. Франк и Хайдеггер
  5. Вопрос 38. Философия субъективного идеализма
  6. Глава 6 Субъективная парадигма в исследовании способностей.
  7. Дайте понятие, назовите объективные и субъективные признаки хищения.

 

Мафњуми «хизматчии давлатї» дар ќонунгузории мо нав аст. Дар адабиёти њуќуќї тањти ин мафњум иљрои фаъолияти мењнатии хизматчиёни ташкилотњои давлатї мувофиќан бо вазифањои ишѓолнамуда, ки барои амалї намудани вазифаи давлатї расонида мешуданд, фањмида мешуд. Акнун тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» аз 13 ноябри соли 1998 ба категорияи хизматчиёни давлатї он шахсоне дохил карда мешаванд, ки мансабњои давлатиро дар маќомоти давлатї ишѓол мекунанд. Вазифањои давлатї ба категорияњои зерин људо карда мешаванд:

1. Категорияи олї – вазифањои олии давлатї дар Љумњурии Тољикистон;

2. Категорияи якум – вазифањои асосии давлатии хизмати давлатї;

3. Категорияи дуюм – вазифањои пешбари давлатии хизмати давлатї;

4. Категорияи сеюм – вазифањои калони давлатии хизмати давлатї;

5. Категорияи чорум – вазифањои хурди давлатии хизмати давлатї.

Ањамияти хизмати давлатї бо он муайян мешавад, ки масъалаи асосии давлатї – масъалаи кадрњо, дар навбати аввал роњбарон аст. Дар моддаи 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» принсипњои зерини хизмати давлатї муќаррар карда шудаанд:

1) волоияти Конститутсия ва Ќонунњои Љумњурии Тољикистон;

2) садоќат ба халќи Тољикистон;

3) гуманизм ва адолати иљтимої;

4) афзалияти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;

5) демократизм ва ошкорбаёнї;

6) бењизбї ва характери дунявї;

7) профессионализм, салоњиятнокї, бошарафї;

8) ќонуният, масъулияти шахсї, интизомнокї;

9) зери назорат будан ва њисобот додани хизматчии давлатї;

10) њифзи њуќуќї ва иљтимоии хизматчиёни давлатї;

11) ихтиёрї ва њуќуќи баробари шањрвандон ба хизмати давлатї.

Ѓайр аз ин, дар ќонуни мазкур махсусан зикр мешавад, ки дар маќомоти давлатї ва дастгоњњои он ташкил ва фаъолияти њизбњои сиёсї, ташкилотњои динї, ѓайр аз иттифоќњои касаба роњ дода намешавад.

Њангоми муайян кардани статуси маъмурї – њуќуќии хизматчиёни давлатї фањмиши дурусти ањамияти њуќуќї ва таснифи вазифањои давлатї наќши муњим мебозад. Вазифаи давлатї категорияи ташкилї – њуќуќии хоси хизматчиён аст, дигар гурўњи ањолї аз рўи ихтисос кор мекунанд (масалан, коргарон дар саноат, духтурон дар муассисањои табобатї ва ѓ.).

Дар ќонуни мазкур њуќуќу ўњдадорињои умумии хизматчиёни давлатї сабт шудааст. Онњо ќоидањои умумии рафтор ва амали хизматчиёни давлатї, шароит ва андозаи характери ташкилидоштаро зоњир мекунанд, ки барои амалисозии салоњият аз рўи вазифаи ишѓолнамуда мувофиќат мекунанд. Масалан, хизматчии давлатї новобаста аз салоњияти мушаххас аз рўи вазифа њуќуќ дорад:

- шиносої бо њуљљатњое, ки њуќуќу ўњдадорињои ўро аз рўи вазифа муќаррар мекунанд, шароити пешравї дар хизмат, инчунин шароити ташкилї – техникї, ки барои иљрои вазифа заруранд;

- гирифтани маълумот барои иљрои кор;

- бо тартиби муќарраршуда дидани корхонаву муассисањо новобаста аз шакли моликият;

- ќабули ќарор ва иштирок дар тањияи он;

- бо ташаббуси худ иштирок кардан дар озмун барои ишѓоли вазифаи холї;

- такмили ихтисос аз њисоби буљети дахлдор;

- таъмини нафаќа бо назардошти собиќаи корї дар хизмати давлатї;

- муттањидшавї дар иттифоќњои касаба ва ѓ.

Ѓайр аз њуќуќу ўњдадорї ба хизматчиёни давлатї ќонуни мазкур як ќатор мањдудиятњо низ пеш мегузорад, ки маќсади онњо устувории ахлоќии хизматчї аст. Масалан, ба хизматчии давлатї ѓайр аз фаъолияти илмиву эљодї ва педагогї ба дигар кори муздаш баланд даромадан манъ аст.

Вай њуќуќ надорад, ки узви маќомоти идоракунии ташкилоти тиљоратї бошад, ресурсњои давлатї ва иттилоотии хизматиро бо маќсади ѓайрихизматї истифода барад, барои иљрои вазифаи хизматї тўњфањо ќабул кунад, аз њисоби шахсони њуќуќї ва љисмонї ба сафарњои хизматї равад, дар бонкњои хориљї суратњисоб дошта бошад ва ѓайра.

Кафолатњои давлатї барои иљрои фаъолияти пурсамари хизматчии давлатї хеле муњим мебошанд. Дар ќонун як зумра кафолатњо номбар шудаанд, ки онњоро давлат ба ўњда гирифтааст. Аз љумла:

- шароити мусоиди кор;

- музди мењнат ва дигар пардохтњо тибќи ќонун;

- рухсатии њарсолаи пардохтшаванда;

- кўмаки бепули тиббї ба хизматчї ва ањли оилаи ў, аз љумла баъди нафаќа;

- суѓуртаи њатмии давлатї;

- њифзи ў ва ањли оилааш аз зўроварї, тањдид ва дигар амалњои ѓайриќонунї њангоми иљрои кор ва ѓайра.

 

Саволњо:

1) Мафњуми хизматчии давлатиро аз нигохи њуќуќи маъмурї шарњ дињед. 2) Принсипњои хизмати давлатиро номбар намоед ва гўед, ки онњо дар фаъолияти корї чї ањамият доранд? 3) Хизматчии давлатї аз рўи вазифа чї гуна њуќуќњо дорад? 4) Чаро нисбат ба хизматчиёни давлатї дар ќонун як ќатор мањдудиятњо пеш гузошта шудааст? 5) Кафолатњои давлатї барои иљрои фаъолияти хизматчии давлатї кадомњоянд?

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 86 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Амчун субъекти њуќуќи маъмурї| Уќуќи маъмурї

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.007 сек.)