Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Тавсифи ќонунгузории љиноятї

Авобгарї барои шарикї дар љиноят | Олатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд | Азо: маќсад ва намудњои он | авобгарии љиноятии ноболиѓон |


Читайте также:
  1. Авобгарии њуќуќї барои вайрон намудани ќонунгузории андоз.
  2. Мафњум, вазифањо ва принсипњои њуќуќи љиноятї
  3. Ниг.: Ќонунгузории ветеринарї. Маљмуи њуљљатњои меъёрию њуќуќї оид ба ветеринарї. Љилди 1-ум (бо забонњои тољикї, русї ва англисї). Душанбе: «Эљод», 2004.-С.448
  4. Тавсифи ќонунгузории оила

Аз нигоњи назарияи њуќуќи љиноятї ва Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ќонуни љиноятї ягона сарчашмаи меъёрњои љиноятиву њуќуќї ба шумор меравад. Ќонунгузории љиноятии амалкунандаро дар айни замон Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ташкил медињад, ки он аз тарафи Маљлиси Олии ЉТ 21 маи соли 1998 ќабул шуда, мувофиќи ќарори Маљлиси Олии ЉТ оид ба мавриди амал ќарор додани Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал ќарор дода шудааст,

Кодекси љиноятї санади бонизоми ќонунгузорї буда, ќабл аз њама асосњо ва принсипњои љавобгарии љиноятиро муќаррар мекунад, кирдорњои ба шахсияту љамъият ва давлат хавфнок ва љиноят эътирофшавандаро муайян намуда, намудњои љазо ва чорањои дигари хусусияти њуќуќи љиноятї доштаро муќаррар мекунад.

Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон аз ќисмњои умумї ва махсус иборат аст. Дар ќисми умумї КЉ ЉТ вазифа ва принсипњои ќонуни љиноятї, асосњои љавобгарии љиноятї (боби 1), амали ќонуни љиноятї дар замону макон (боби 2) инъикос шудааст. Махсусан дар фасли 2 мафњум ва намудњои љиноят, ашхосе, ки бояд ба љавобгарии љиноятї кашида шаванд, дар бораи гуноњ, љиноятњои нотамом ва хотимаёфта, њолатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд, мушаххас шудаанд.

Дар фасли 3 бошад, мафњум ва намудњои љазо ва таъини љазо муќаррар гардидааст. Дар фасли минбаълда њолатњои озод кардан аз љавобгарии љиноятї, озод кардан аз љазо, масъалањои авф, бахшиши љазо, доѓи судї ва сафедкунї, дар фасли 5-ум бошад, хусусиятњои љавобгарии љиноятї ва љазодињии ноболиѓон маънидод шудаанд. Дар фасли 6-ум сухан аз маќсад, асос, таъин кардан ва тартиби татбиќи чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї меравад.

Њамин тавр, ќисми умумии Кодекси љиноятї ба масоили умумии њуќуќи љиноятї дахл дорад. Ќисми махсус бошад, љиноятњоро ба таври мушаххас муайян намуда, барои содир намудани њар яке онњо љазои муайян муќаррар мекунад. Бояд зикр кард, ки меъёрњои њарду ќисми Кодекси љиноятї якдигарро пурра мекунанд. Меъёрњои ќисми умумї асосњои ба љавобгарии љиноятї кашида шудани шахсро муайян мекунанд, дар ќисми махсус бошад, таркибњои љиноятї мушаххас нишон дода мешаванд.

Њамин тавр, дар фасли 7-ум љиноятњо ба муќобили шахсият инъикос мешаванд, ки ба ин гурўњи љиноятњо – љиноятњо ба муќобили њаёт ва саломатї, ба муќобили озодї, обрў ва эътибори шахсият, ба муќобили озодии љинсї ва дахлнопазирии љинсї, ба муќобили њуќуќ ва озодињои конститутсионии шањрванд, ба муќобили оила ва ноболиѓон дохил карда шудаанд.

Дар фасли 8, ки «Љиноятњо ба муќобили амнияти љамъиятї ва саломатии ањолї» унвон дорад, љиноятњо ба муќобили амнияти љамъиятї, саломатии ањолї, бехатарии њаракат ва истифодаи наќлиёт гирд оварда шудаанд. Дар фасли баъдина љиноятњо ба муќобили анияти экологї ва муњити табиат зикр шудаанд.

Фасли 10 бошад, љиноятњо ба муќобили тартиботи љамъиятї ва ахлоќро дар бар мегирад. Дар фасли 11 силсилаи љиноятњо дар соњаи иќтисодиёт, алалхусус, љиноятњо ба муќобили моликият ва љиноятњо дар соњаи фаъолияти иќтисодї мушаххас шудаанд.

Фасли 12 љиноятњо ба муќобили амнияти иттилоотиро дар бар мегирад. Нињоят дар фасли 13 љиноятњо ба муќобили њокимияти давлатї зикр шудаанд, ки онњо иборат аз љиноятњо ба муќобили асосњои сохти конститутсионї ва амнияти давлатї, ба муќобили њокимияти давлатї, ба муќобили тартиботи идора ва ба муќобили адолати судиро фаро гирифтаанд. Фасли 14 љиноятњо ба муќобили хизмати њарбиро дар бар мегирад. Нињоят дар фасли охирин, яъне фасли 15 љиноятњо ба муќобили сулњу амнияти инсоният зикр шудаанд.

 

Саволњо:

1) Ќонунгузории љиноятии амалкунандаро кадом санади меъёриву њуќуќї ташкил медињад? 2) Ќисмњои умумї ва махсуси Кодекси љиноятии ЉТ аз њамдигар чї тафовут доранд? 3) Номгўи љиноятњоеро номбар кунед, ки дар ќисми махсуси КЉ ЉТ гирд оварда шудаанд.

 


Дата добавления: 2015-11-16; просмотров: 61 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Мафњум, вазифањо ва принсипњои њуќуќи љиноятї| Мафњум ва нишонањои љиноят

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.005 сек.)