Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

Сураи СОД1

Сураи НАМЛ1 | Сураи ҚАСАС1 | Сураи АНКАБУТ1 | Сураи РУМ1 | Сураи ЛУҚМОН1 | Сураи САҶДА1 | Сураи АҲЗОБ1 | Сураи Сабо1 | Сураи ФОТИР1 | Сураи Ёсин1 |


Читайте также:
  1. Сураи Ғофир1
  2. Сураи Қалам1
  3. Сураи Қамар1
  4. Сураи ҚАСАС1
  5. Сураи ҚИЁМАТ1
  6. Сураи ҚОФ1
  7. Сураи ҲАҶ1

 

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

 

1.Сод. Савганд ба Қуръони шарифи соҳиби панд,

2.Балки кофирон ҳамчунон дар саркашиву хилофанд.

3.Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз онҳо ба ҳалокат расонидем. Онон фарёд бароварданд, вале гурезгоҳе набуд.

4.Дар таъаҷҷуб шуданд аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон бархост. Ва кофирон гуфтанд: «Ин ҷодугаре дурӯғгуст.

5.Оё ҳамаи худоёнро худои якто гардонидааст? Ва ҳаройна, ин чизе аҷиб аст?»

6.Бузургонашон ба роҳ афтоданду гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши худоёни хеш пойдорӣ кунед, ки ҳаройна, ин аст чизе, ки аз шумо хоста шудааст.

7.Мо дар ин охирин ойин2чунин сухане нашунидаем ва ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чиз нест.

8.Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй ба ӯ нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд балки, ҳанӯз азоби моро начашидаанд.

9.Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост?

10.Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост? Пас, бо нардбонҳое худро ба осмон кашанд.

11.Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда.

12.Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од3ва Фиръавн, ки мардумро ба чаҳормех мекашид, паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд.

13.Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка4аз он ҷамоъатҳо буданд.

14.Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас (онҳоро) уқубати Ман воҷиб омад.

15.Инҳо низ ҷуз бонге сахт интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад.

16.Ва гуфтанд (ба тариқи истеҳзо): «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»

17. Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар!

18.ҳаройна, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд.

19. Ва паррандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд.

20. Фармонравоияшро устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.

21. Оё хабари он хусуматкунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд?

22. Бар Довуд дохил шуданд. Довуд аз онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун.

23. ҳаройна, ин бародари ман аст. ӯро наваду нӯҳ меш (гӯсфанд) аст ва маро як меш. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво бар ман ғалаба ёфтааст».

24. Довуд гуфт: «ӯ, ки меши туро аз ту мехоҳад, то ба мешҳои хеш бияфзояд, бар ту ситам мекунад ва ҳаройна, бисёре аз шарикон ҷуз касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инон низ андак ҳастанд, бар якдигар ситам мекунанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард.

25. Мо ин хатояшро бахшидем. ҳаройна, ӯро ба даргоҳи Мо тақарруб (наздикӣ) аст ва бозгаште некӯ.

26. Эй Довуд, ҳаройна, Мо туро халифаи рӯйи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Худо гумроҳ месозад. ҳаройна, онон ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд бурдаанд, ба азобе шадид гирифтор мешаванд.

27.Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ботил наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон аз (азоби) оташ.

28.Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон?.

29.Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд.

30.Сулаймонро бар Довуд ато кардем. Чӣ бандаи некӯе буд ва рӯй ба Худо дошт.

31.Он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ нишон доданд,

32.гуфт (Сулаймон): «ҳаройна, ман дӯстии ин аспонро (ба мисли дӯстдоштани мол) ба ёди Парвардигорам бигзидаам, то офтоб дар пардаи ғуруб (пӯшида) шуд (яъне намози аср қазо шуд),

33.он аспонро назди ман бозгардонед (вақте аспҳо баргардонида шуданд гуфт, ки ба Худо қасам, маро аз ёди Худо ғофил нахоҳед кард)». Пас, ба буридани соқҳо ва гарданашон оғоз кард (то ҳамаро дар роҳи Худо қурбон сохт).

34.Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро5афкандем ва ӯ рӯй ба Худо овард.

35.Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳаройна, ту бахшояндаӣ».

36.Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо, ки мехост, ба фармони ӯ мерафт.

37. Ва девонро, ки ҳам бинокор буданду ҳам шиновар.

38. Ва гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.

39.Ин атои беҳисоби Мост, хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор.

40.ҳаройна, ӯрост назди Мо тақаррубу (наздик шудану) бозгаште некӯ.

41. Ва аз бандаи Мо Айюб ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳаройна, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст.

42. Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шустушӯй ва сард барои ошомидан.

43.Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро (фарзандонро) ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарзе (панде).

44.«Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он (занатро) бизан ва савганди хешро машикан». ӯро (Аюбро) бандае собир ёфтем. ҳаройна, ӯ, ки ҳамвора рӯй ба даргоҳи Мо дошт, чӣ некӯ бандае буд!

45.Бандагони Мо Иброҳиму Исо ва Яъқуб, он мардони қудратманду бо илмро ёд кун!

46.ҳаройна, ононро хислати покдили бахшидем, то ёди қиёмат кунанд.

47.ҳаройна, онҳо дар назди мо баргузидагону неконанд.

48.Ва Исмоил ва Алясаъ ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз неконанд.

49.Ин Қуръон пандест ва ҳаройна, парҳезгоронро бозгаште некӯст;

50.биҳиштҳои ҷовидон, ки дари он ба рӯяшон кушода аст.

51.Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданӣ, ки бихоҳанд, металабанд.

52.Заноне ҳамсол аз он гуна, ки ҷуз ба шӯи хеш назар надоранд, назди онҳоянд.

53.Ин аст он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда додаанд.

54.ҳаройна, ин ризқи Мост, ки поён наёфтанист,

55.чунин аст. Ва ҳаройна, саркашонро бадтарин бозгаштҳост.

56.Ба ҷаҳаннам мераванд, ки бад ҷойгоҳест.

57.Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд.

58.Ва шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ.

59.Ин гурӯҳ бо шумо (эй гумроҳкунандаҳо) бар оташ дармеоянд. Хушомадашон мабод, ки албатта, ба оташ меафтанд.

60.Гӯянд (пайравон ба сарварон): «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»

61.Гӯянд (пайравон): «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»

62.Ва гӯянд (дӯзахиён ба ҳамдигар): «Чаро мардонеро, ки аз ашрор (бадкорон) мешумурдем, акнун намебинем?

63.Ононро ба масхара мегирифтем. Оё аз назарҳо дур мондаанд?»

64.Албатта, ин ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар чизест, ки ба ҳақиқат воқеъ шавад.

65.Бигӯ (эй Муҳаммад): «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам ва ҳеҷ худое ба ҷуз Худои яктои қаҳҳор нест.

66.Он пирӯзманду омурзанда, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост».

67.Бигӯ: «Ин хабаре бузург аст,

68.ки шумо аз он рӯй мегардонед.

69.Ҳангоме, ки бо якдигар ҷидол мекарданд, ман хабаре аз сокинони олами боло надоштам.

70.Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае равшангар ҳастам».

71.Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «ҳаройна, ман башареро аз гил меофаринам.

72.Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».

73.Ҳама фариштагон саҷда карданд,

74.ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.

75.(Худованд) Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ (яъне, қуввати Худ) офаридам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»

76.Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил».

77.Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ.

78.Ва ҳаройна, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту бод».

79.Гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ!»

80.Гуфт: «Пас, ҳаройна, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,

81.то он рӯзи муъайяни маълум».

82.Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳаройна, ҳамагонро гумроҳ кунам,

83.магар онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд».

84.Гуфт: «Ҳақ аст он чӣ мегӯям ва рост аст (ва ҷуз ҳақ намегӯям),

85.ки албатта, ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам».

86.Бигӯ(эй Муҳаммад): «Ман аз шумо музде наметалабам ва нестам аз онон, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд (ва он чи мегӯям сохтаву бофта нест)».

87.Ва ин ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон (ва василаи бедории ҳамаи онҳо) нест.

88.Ва албатта, ту баъд аз ин аз хабари он огоҳ хоҳӣ шуд (ва шумо ба зудӣ сидқи ваъда ва ваъид (таҳдид) ва ростии ахбору гуфтори қуръони маҷидро ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар он ҷаҳон хоҳед дид)!

 

Сураи ЗУМАР1

(ҷамоъатҳо)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди ҳаким аст.

2. ҳаройна, Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем. Пас, Худоро бипараст ва дини худ барои ӯ холис гардон!

3.Огоҳ бош, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ғайри ӯ дигареро ба худоӣ гирифтаанд, гуфтанд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Худои якто шаванд. Ва ҳаройна, Худо дар он чӣ ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард. ҳаройна, Худо онро, ки дурӯғгӯву носипос бошад, ҳидоят намекунад.

4. Агар Худо мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Пок аст. ӯст Худои яктои қаҳҳор!

5. Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз дохил мекунад ва рӯзро бар шаб. Ва офтобу моҳро ром гардонид ва ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки ӯст пирӯзманду омурзанда!

6. Шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид. Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала дар даруни торикиҳои сегона офариниш бахшид. Ин аст Худои якто, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они ӯст. Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна рӯйгардонатон месозанд?

7.Агар носипосӣ кунед, ҳаройна, Худо аз шумо беҳоҷат аст ва носипосиро (ношукриро) барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошанд. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст. ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ мекунад, ӯ ҳаройна, ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.

8. Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва ӯро мехонад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуъоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Худо ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунад. Бигӯ: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, ки ҳаройна, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»

9. Оё он кас, ки дар ҳамаи соати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд.

10. Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст. Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!»

11. Бигӯ: «ҳаройна, ман амр шудаам, ки Худоро бипарастам ва барои ӯ дар дин ихлос кунам.

12. Ва маро фармудаанд, ки нахустини мусалмонон бошам».

13. Бигӯ: «ҳаройна, ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби он рӯзи бузург метарсам».

14. Бигӯ: «Худоро мепарастам ва барои ӯ дар дини худ ихлос меварзам.

15. Бипарастед ҳар чизи дигареро ҷуз ӯ» Бигӯ: «ҳаройна, зиёнкунандагон касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро аз даст бидиҳанд. Баҳуш бошед, ки ин зиёне ошкор аст.

16. Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, аз Ман битарсед!

17. Ва касонеро, ки аз парастиши бутон парҳез кардаанд ва ба Худо рӯй овардаанд, башорат (хабари хуш) аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ:

18. он касоне, ки ба сухан гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, онҳоянд касоне, ки Худо ҳидояташон карда ва инҳо хирадмандонанд.

19. Оё касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шуда, ту метавонӣ ӯро, ки дар оташ аст, бираҳонӣ?

20. Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!

21. Оё надидаӣ, ки ҳаройна, Худо аз осмон борон фиристод ва онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштаҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, он гоҳ реза-резаашон месозад? Албатта, хирадмандонро дар он пандест!

22. Оё касе, ки Худо дилашро бар рӯи ислом кушуд ва ӯ дар партави нури Парвардигораш ҷой дорад, монанди касест, ки имон надорад? Пас, вой бар сахтдилоне, ки ёди Худо дар дилҳояшон роҳ надорад. Инҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд.

23. Худо беҳтарин суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто2, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз хавф танашон меларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!

24. Оё он кас, ки дар рӯзи қиёмат бо чеҳраи хеш азоби сахти қиёматро аз худ боз медорад (яъне, ҷуз чеҳрааш чизе наёбад, ки азобро аз худ дур кунад), (монанди касест, ки биҳиштист)? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба кайфари (ҷазои) корҳое, ки мекардаед, азобро бичашед!»

25. Пешиниёнашон (паёмбаронро) дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.

26. Худо дар ин ҷаҳон расвояшон сохт, вале агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст.

27.Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масале овардем, шояд панд гиранд.

28. Қуръоне ба забони арабӣ, бе ҳеҷ инҳирофу каҷӣ. Шояд парҳезгорӣ кунанд.

29. Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд3ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Сипос Худоро. Балки, бештарашон намедонанд.

30. ҳаройна, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд.

31.Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоҳед кард.

32. Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ва сухани ростеро, ки бар ӯ омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

33. Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, онон парҳезгоронанд.

34.Барояшон ҳар чӣ бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон муҳайёст. Ин аст подоши (мукофоти) некӯкорон,

35.то Худо бадтарин аъмолеро, ки кардаанд, аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чӣ ки кардаанд, подошашон диҳад.

36. Туро ба касоне, ки ғайри Худо ҳастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд.

37.Ҳар касро, ки Худо роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Худо пирӯзманду интиқомгиранда нест?

38. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худои якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Худои якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Бигӯ: «Худо барои ман басанда аст. Таваккулкунандагон ба ӯ таваккул мекунанд».

39.Бигӯ: «Эй қавми ман, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки

40. чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад гирифтор мешавад ё азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».

41.ҳаройна, Мо ин китобро барҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ҳидоят ёфт, ба суди худи ӯст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, албатта, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтода ва ту вакили онҳо нестӣ.

42. Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян аст, боз мефиристад. ҳаройна, дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.

43. Оё ғайри Худо шафеъоне ихтиёр карданд? Бигӯ: «Ҳатто агар он шафеъон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд?»

44. Бигӯ: Шафоъат саросар аз они Худост. Аз они ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Сипас ҳама ба назди ӯ бозгардонда мешавед».

45. Чун Худоро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат имон наёвардаанд, нафрат гирад ва чун номи дигароне (бутҳо), ҷуз Худо бурда шавад, шодмон шаванд.

46. Бигӯ: «Бор Худоё, Тӯӣ офаринандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ хоҳӣ кард».

47. ҳаройна, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они ситамкорон мебуд, ки дар рӯзи қиёмат худро ба он аз азоби дарднок бозмехариданд. (Натавонанд, ки бозхаранд) ва аз Худо барояшон азобе ошкор шавад, ки ҳаргиз гумон намекарданд.

48. Подоши бади аъмоле, ки мекарданд, барояшон ошкор шуд ва он чӣ масхарааш мекарданд, гирдогирдашонро бигирифт.

49.Чун одамиро ранҷе расад. Моро мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, гӯяд: «ҳаройна, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд». Ин озмоише бошад, вале бештаринашон намедонанд.

50. Ин сухане буд, ки пешиниёнашон ҳам мегуфтанд, вале ҳар чӣ гирд оварда буданд, ба ҳолашон суд накард.

51. Уқубати аъмолашон домангирашон шуд ва аз ин миён ба онҳо, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, уқубати аъмолашон хоҳад расид ва наметавонанд аз Мо бигурезанд.

52. Оё ҳанӯз надонистаанд, ки ҳаройна, Худост, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳаройна, дар ин худ ибратҳост барои мардуме, ки имон меоваранд.

53. Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон!

54. Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба ӯ таслим шавед.

55. Ва пеш аз он ки баногоҳ ва бехабар азоб бар шумо фуруд ояд, аз беҳтарин чизе, ки аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед,

56. то касе нагӯяд: «Эй дареғо, ки дар кори Худо кӯтоҳӣ кардам ва (эй дареғо) аз масхаракунандагон будам».

57. Ё бигӯяд: «Албатта, агар Худо маро ҳидоят карда буд, ман аз парҳезгорон мебудам».

58. Ё чун азобро бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегардидам, аз накӯкорон мешудам!»

59. Оре, оёти ман барои ту нозил шуд ва ту гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.

60. Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Худо дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

61. Худо парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар пеш гирифта буданд, мераҳонад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ нарасад ва аз андӯҳ ба дур бошанд.

62. Худо офаридгори ҳар чизест ва ӯст нигаҳбони ҳар чизе.

63. Калидҳои осмонҳову замин назди ӯст ва онҳо, ки ба оёти Худо кофир шудаанд, зиёндидагон ҳастанд.

64. Бигӯ: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Худоро бипарастам?».

65. ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, аъмолатон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.

66. Балки Худоро бипараст ва сипосгузори ӯ бош!

67. Худоро нашинохтанд, он чунонки шоёни шинохти ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди рости қудрати ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики ӯ мепиндоранд.

68. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳо, ки ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд.

69. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад.

70. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле, ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст.

71. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб муҳаққақ шуда буд.

72. Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

73. Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои биҳишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!

74. Мегӯянд: «Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест!

75. Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон) ба дурустӣ доварӣ гардад (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад2, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!

 

 


Дата добавления: 2015-10-02; просмотров: 38 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
Сураи СОФФОТ1| Сураи Ғофир1

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.026 сек.)