Студопедия
Случайная страница | ТОМ-1 | ТОМ-2 | ТОМ-3
АрхитектураБиологияГеографияДругоеИностранные языки
ИнформатикаИсторияКультураЛитератураМатематика
МедицинаМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогика
ПолитикаПравоПрограммированиеПсихологияРелигия
СоциологияСпортСтроительствоФизикаФилософия
ФинансыХимияЭкологияЭкономикаЭлектроника

АДИСҲО ДАР МАВЗЎЪИ ЗАКОТ

ЗАКОТ ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ ИСЛОМ АСТ

 

 

1. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

 

 

بُنِيَ الْإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ وَحَجِّ البَيتِ وَصَوْمِ رَمَضَانَ

(متفق عليه)

 

"Ислом бар панҷ чиз бино шуда аст: Шаҳодат додан ба ин ки ғайр аз Аллоҳ Таъоло дигар ҳеҷ худое вуҷуд надорад, ва ин ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи Ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва хонаи Аллоҳ Таъолоро ҳаҷ кардан ва рӯза доштани моҳи Рамазон “. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 8 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 16.)

2.Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Маъоз (р)-ро ба Яман фиристоданд ва барояш гуфтанд, ки «Онҳоро ба шаҳодати Ло илоҳа иллаллоҳ ва ин, ки ман Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳастам, даъват кун, агар онҳо аз ин чиз итоат намуданд, ба эшон бифаҳмон, ки Худованд бар онҳо дар ҳар шабонарӯзе панҷ вақт намоз фарз гардондааст.

Агар аз ин чиз ҳам пайравӣ карданд, ба эшон бифаҳмон, ки Худованд бар амволашон закоте фарз гардонида, ки аз ағниёашон гирифта ва ба фуқароашон дода мешавад.»

.3. Аз Абӯаюб (р) ривоят аст, ки шахсе ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Маро ба амале раҳнамоӣ кунед, ки сабаби дохил шудан ба биҳишт гардад. Касе аз саҳоба гуфт: Ин чӣ мегӯяд? Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳоҷате дорад (ӯро бигзоред ва дар ҷавобаш фармуданд:) Худоро ибодат кун ва ҳеҷ чизеро ба вай шарик маёвар, намозро бихон, закотро адо кун ва силаи раҳмро ба ҷо биёр.»

 

4.Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки шахси бодиянишине назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Ба ман амалеро нишон бидиҳед, ки онро анҷом дода, ба ҷаннат дохил гардам. Ффармуданд: «Худоро ибодат карда ва ба ӯ ҳеҷ чизеро шарик маёвар, намози фарзро бихон, закоти фарзро адо кун ва моҳи Рамазонро рӯза бигир.» Он шахс гуфт: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти ӯ аст, бештар аз ин коре нахоҳам кард. Чун он шахс рафт, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Агар касе мехоҳад ба тарафи шахсе аз аҳли ҷаннат назар намояд, ба тарафи ин шахс назар намояд.»

5.Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Чун Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вафот ёфтанд ва Абубакр (разияллоҳу анҳу) ба ҷояшон ба хилофат нишаст ва мардуме аз Араб кофир гардиданд, Умар (разияллоҳу анҳу) ба Абубакр (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ба чӣ далел бо мардум ба қатл ва қитол мепардозӣ, дар ҳоле, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: «То вақте ба ҷангидан бо мардум амр шудаам, ки бигӯянд: Ло илоҳа иллаллоҳ ва касе, ки ин калимаро бигӯяд, мол ва ҷонашро ҷуз ба ҳақи он, аз ман маҳфуз намуда ва ҳисоби ӯ бо Худо аст.»

Абубакр (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ба Худованд савганд, бо касе, ки байни намоз ва закот фарқ бигзорад, ҷанг ва қитол хоҳам кард, зеро закот ҳақи мол аст, ба Худованд савганд, агар бузғолаеро, ки барои Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) медоданд ва ба ман надиҳанд, барои гирифтани он бо онҳо бо ҷанг хоҳам пардохт.

Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ба Худованд савганд, ҳақ ҳамон чизе аст, ки Худованди муттаол қалби Абубакрро ба он роҳнамоӣ намудааст ва яқинам ҳосил шуд, ки назари Абубакр (разияллоҳу анҳу) ҳақ ва савоб аст.

6.Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Агар касе ҳақеро, ки Худованд бар соҳиби шутур фарз гардонидааст, адо накунад, шутураш дар рӯзи қиёмат ба қавитарин ҳолате, ки дар дунё будааст, назди соҳибаш меояд ва ӯро зери пои худ лагадмол мекунад ва агар касе ҳақеро, ки Худованд бар соҳиби гӯсфанд фарз гардонидааст, адо накунад, он гӯсфанд ба қавитарин ҳолате, ки дар дунё будааст, назди соҳибаш меояд ва ӯро ба пойҳои худ лагадмол намуда ва ба шохҳои худ ба баданаш мекӯбад.»

Ва фармуданд: «Аз ҷумлаи ҳақи шутур ва гӯсфанд он аст, ки агар шахси фақир ва мӯҳтоҷеро дар ҷое, ки он ҳайвонро об медиҳад, дид, он ҳайвонро дӯшида ва шири онро ба он шахси мӯҳтоҷ бидиҳад. Ва фармуданд: «Нашавад, ки кадом касе аз шумо дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле, ки гӯсфандаш бар гарданаш савор аст ва баъ-баъ мекашад, наздам биёяд ва ё Муҳаммад бигӯяд ва ман бигӯям, ки барои ту ҳеҷ кореро карда наметавонам ва дар дори дунё (амри Худоро ба ту) таблиғ карда будам ва нашавад, ки кадом касе аз шумо дар рӯзи қиёмат дар ҳоле, ки шутураш бар гарданаш савор буда ва ғар-ғар мекашад, наздам омада ё Муҳаммад бигӯяд ва ман бигӯям, ки барои ту ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонам (ва дар дори дунё амри Худоро) ба ту таблиғ карда будам.»

7.Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Агар Худованди муттаол ба касе моле дода бошад ва он шахс закоти моли худро адо накунад, молаш дар рӯзи қиёмат ба шакли аждаҳои пире, ки аз даҳонаш каф мерезад, дармеояд ва ба атрофаш мепечад.

Сипас он аждаҳо ҳарду рухсораашро гирифта ва мегӯяд: Ман ҳамон моли ту ва ман ҳамон ганҷи туам. Ва Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин ояи муборакаро тиловат намуданд: «Касоне, ки (дар додани закот) бахилӣ меварзанд, фикр накунанд, ки бухл варзидан дар он чӣ, ки Худованд аз фазли худ ба онҳо додааст, барояшон хайр аст, балки шар аст ва ба зудӣ дар рӯзи қиёмат он чӣ, ки дар доданаш бухл меварзиданд, ҳамчун тавқе ба гарданашон ҳалқа хоҳад зад ва ҳамаи он чӣ, ки дар осмонҳо ва замин аст, танҳо барои Худованд хоҳад монд ва Худованд ба он чӣ, ки мекунед, огоҳ аст.»

(Оли Имрон: 180)

8.Аз Абусаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Дар камтар аз панҷ (авқия) (панҷ авқия ба вазни феълӣ мусовии 700 грамм аст) закоте нест ва дар камтар аз панҷ шутур закоте нест ва дар камтар аз панҷ васқ (яъне ҳудуди як ҳазору шашсад ратл дар назди аҳли Ҳиҷоз ва ҳудуди ду ҳазору чорсад ратл дар назди аҳли Ироқ) закоте нест.»

9. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Касе, ки ба миқдори як хурмое аз моли ҳалол садақа бидиҳад ва албатта Худованд ҷуз чизи пок ва ҳалолро қабул намекунад, Худованди муттаол он садақаеро, ки ба андозаи хурмое аст, ба дасти рости худ (било кайф) қабул менамояд. Сипас онро барои соҳибаш ба мисли касе, ки кураи аспашро парвариш медиҳад, мепарвараронад, то он, ки (ҳамон садақа) ба андозаи кӯҳ бузург мешавад.»

10.Аз Ҳориса ибни Ваҳб (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки фармуданд: «Закоти (моли худро ҳамакнун) адо намоед, зеро рӯзе бар шумо хоҳад омад, ки шахсе бо закоти молаш ин тараф ва он тараф биравад ва касеро наёбад, ки закоташро қабул намояд ва (касе, ки мехоҳад закоташро барои ӯ бидиҳад) ба шахси закот диҳанда мегӯяд, ки: Агар дирӯз закотатро меовардӣ, қабул мекардам, вале имрӯз ба он эҳтиёҷе надорам» (Ин ҳолат дар охири замон рух медиҳад, ки ҳадиси оянда бар он далолат мекунад).

11.. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «То вақте, ки сарвати шумо зиёд нагардад, қиёмат барпо намешавад ва мол ва дороӣ то ҷое зиёд мегардад, ки соҳиби мол барои пайдо кардани шахсе, ки закоти молашро қабул намояд, ба ҳар тараф мегардад ва чун закоти молашро ба касе тақдим намояд, он шахс мегӯяд: Маро ба моли ту ҳоҷате нест.»

12.Аз Адий ибни Ҳотам (р) ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будам, ки ду нафар омаданд, яке аз фақр ва бечорагӣ ва дигаре аз раҳзанӣ ва ноамнӣ шикоят намуд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Дар мавриди роҳзанӣ ва ноамнӣ бояд бигӯям.

Муддати зиёде нахоҳад гузашт, ки қофила (корвон) аз Макка бидуни нигаҳбон равон гардад ва ҳар чӣ, ки фақр аст, то он вақт қиёмат барпо нахоҳад шуд, ки шахсе аз шумо бо закоти молаш ба ин тараф ва он тараф равон гардад ва касеро наёбад, ки закоти молашро қабул намояд.

Ва ҳар кас (дар рӯзи қиёмат) дар муқобили Худованди муттаол дар ҳоле, ки байни ӯ ва байни Худованди муттаол ҳиҷоб ва тарҷумоне нест, меистад.

Ва Худованд барояш мегӯяд: Магар барои ту моле надода будам? Он шахс мегӯяд: Дода будӣ. Боз аз вай мепурсад: Оё пайғамбареро бароят нафиристода будам? Он шахс мегӯяд: Фиристода будӣ.

Дар ин вақт ин шахс ба тарафи рости худ нигоҳ мекунад ва ҷуз оташ чизеро намебинад ва ба тарафи чапи худ назар мекунад ва ҷуз оташ чизе намебинад.

Пас, эй мардум, ҳар касе аз ин оташ ва агарчӣ ба садақа додани нисфи хурмое бошад, худро наҷот диҳад ва агар ҳаминро ҳам наёфт, ақаллан забони хуше дошта бошад.»

13.Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Шахсе бо худ гуфт, ки ҳатман чизеро садақа хоҳам дод. Садақаашро бардошт ва (надониста) ба дасти дузде дод, фардо, ки шуд, мардум мегуфтанд: Садақаатро ба дузде додӣ.

Он шахс гуфт: Алҳамдулиллоҳ, садақаи дигаре хоҳам дод. Садақаашро гирифт ва (надониста) ба дасти зани зинокоре дод. Фардо, ки шуд, мардум мегуфтанд: Садақаатро дишаб ба дасти зани зинокоре додӣ. Он шахс гуфт: Худоё, сано ва ситоиш хос барои туст!

Боз садақаам ба дасти зиногаре афтод? Боз садақаи дигаре хоҳам дод. Садақаашро берун кард ва онро ба дасти шахси сарватманде дод, фардо, ки шуд, мардум мегуфтанд: Садақаатро ба дасти шахси сарватманде додӣ. Гуфт: Худоё, сано ва ситоиш хос барои туст! (Садақаам бояд ба дасти) дузд, зиногор ва ё сарватманде бияфтад?

Дар хоб дид, ки касе барояш гуфт: Садақа доданат бар шахси дузд шояд сабаби худдории ӯ аз дуздӣ гардад ва садақаат бар зани зинокор шояд сабаби худдории вай аз зино гардад ва садақа доданат бар шахси сарватманд шояд сабаби панд гирифтанаш гардида ва аз ин ба баъд аз он моле, ки Худованд барояш додааст, садақа бидиҳад.»

13.Аз Умми Атия (р) ривоят аст, ки гуфт: Касе барои Нусайба, ки зане аз Ансор буд, гӯсфанде фиристод. Нусайба чизе аз он гӯсфандро барои Оиша (разияллоҳу анҳо) фиристод. Оиша (разияллоҳу анҳо) мегӯяд: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд: Ба хона чизе ҳаст? Гуфтам: На, магар ҳамон чизеро, ки Нусайба аз он гӯсфанд фиристодааст. Фармуданд: «Биёвар, ки дар вақти муносибе расидааст.»

 

14.Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Абубакри Сиддиқ (р) фармони закотеро, ки аз тарафи Худо ва расулаш буд, бароям навишт (ва дар он фармон чунин омада буд): «Касе, ки (аз закоти шутуронаш) бар вай бинти махозе (шутури яксола) фарз гардид ва дар наздаш мавҷуд набошад ва бинти лабуне (шутури дусола) дошта бошад, аз вай қабул мегардад ва садақагиранда бояд барояш бист дирҳам ё ду гӯсфанд пас бидиҳад, вале агар наздаш бинти махозе набуд ва ибни лабуне дошта бошад, аз вай пазируфта мешавад ва барояш чизи дигаре нест.»

15.Ва дар ривояти дигаре аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Абубакр (разияллоҳу анҳу) он чиро, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (дар мавриди закот) фарз гардонида буданд, барояш навишт (ва аз он ҷумла ин ки): «Ва он чӣ, ки аз амволи закоти ду нафар бо ҳам омехта бошад, бояд (он чиро, ки аз закот бар онҳо воҷиб шудааст) байни худ ба таври мутасовиёна тақсим намоянд.»

16.Аз Абусаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки шахси бодиянишине аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар мавриди ҳукми ҳиҷрат пурсид. Фармуданд: «Вой бар ту! Кори ҳиҷрат мушкил аст ва оё шутуреро, ки закоти онро адо карда бошӣ, дар ихтиёр дорӣ?» Гуфт: Бале! Фармуданд: «Бирав ва дар он тарафи дарёҳо амалеро анҷом бидеҳ, Худованд аз амалат чизеро зоеъ нахоҳад сохт.»

 

17.Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Абубакри Сиддиқ (р) фароизи закотеро, ки Худованд бар пайғамбараш фарз гардонида буд, барояш навишт: «Касе, ки аз шутуронаш бар вай ҷазаъа (шутури чорсола) фарз гардидааст ва ҷазаъа надорад, агар ҳиққа (шутури сесола) дошта бошад, аз вай қабул мегардад.

Ва бояд ду гӯсфандро низ замима созад, варна бояд бист дирҳам бидиҳад ва касе, ки бар вай ҳиққа лозим гардандааст ва ҳиққа надошта бошад ва ҷазаъа (шутури панҷсола) дорад, ҷазаъа аз вай қабул мегардад ва маъмури амволи закот бояд барояш бист дирҳам ё ду гӯсфанд пас бидиҳад.

Касе, ки бар вай ҳиққа фарз гардида, вале ҷуз бинти лабуне чизи дигаре надорад бинти лабуне аз вай қабул мегардад ва бояд ба он ду гӯсфанд ё бист дирҳамро изофа намояд ва касе, ки бар вай бинти лабун фарз гардида ва ӯ ҳиққа дорад, ҳиққа аз вай қабул мегардад ва маъмури закот бояд барояш бист дирҳам ё ду гӯсфанд пас бидиҳад ва касе, ки бар вай бинти лабуне фарз гардидааст ва ӯ бинти махозе дорад, бинти махозе аз вай пазируфта мешавад, вале бояд бист дирҳам ва ё ду гӯсфандро ба он изофа намояд.»

18.Ва аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Абубакр (разияллоҳу анҳу) ҳангоме, ки ӯро ба тарафи Баҳрайн фиристод, ин дастурро барояш навишт:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим.

Ин дастури закотест, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар мусулмонон фарз гардонида ва Худованди муттаол расули худро ба он амр фармудааст. Ҳар мусулмоне, ки ба миқдори муайяни он аз вай матолиба гардад, бояд онро бипардозад ва агар аз вай бештар аз андозаи муайяни он матолиба мегардад, набояд бипардозад.

Дар ҳар бист учор шутуре ва дар камтар аз он дар ҳар панҷ шутуре як гӯсфанд лозим аст ва чун ба 25 расид, то 35 шутур як бинти махозе мода лозим мегардад, чун ба 36 расид, то 45 шутур як бинти лабуне мода лозим мегардад ва чун ба 46 расид, то 60 шутур як ҳиққа, ки омодаи бордорӣ аст, лозим мегардад, чун ба 61 расид, то 75 шутур як ҷазаъа лозим аст, чун ба 76 расид, то 90 шутур ду бинти лабуен лозим мегардад.

Чун ба 91 расид, то ба 120 шутур ду ҳиққа, ки омодаи бордорӣ аст, лозим мегардад ва чун аз 120 шутур зиёдтар шуд, дар ҳар 40 шутуре як бинти лабуне ва дар ҳар 50 шутуре як ҳиққа лозим мегардад, агар касе бештар аз чор шутур надошт, дар он закоте нест, магар он, ки соҳибаш ба ихтиёри худ чизе садақа бидиҳад ва чун ба 5 шутур расид, дар он як гӯсфанд лозим мегардад.

Ва дар закоти гӯсфанд дар сурате, ки дар саҳро бичарад, дар ҳар 40 гӯсфанд то 120 гӯсфанд як гӯсфанд лозим мегардад, чун аз 120 гӯсфанд зиёд гардид, то 200 гӯсфанд 2 гӯсфанд лозим мегардад, чун аз 200 гӯсфанд зиёд гардид, то 300 гӯсфанд се гӯсфанд лозим мегардад, чун аз 300 гӯсфанд зиёд гардид, дар ҳар як 100 гӯсфанд як гӯсфанд лозим мегардад, агар теъдоди гӯсфандоне, ки дар саҳро мечаранд, аз 40 гӯсфанд ҳатто як гӯсфанд кам бошад, бар соҳиби онҳо закоте нест, магар он, ки худаш ба ризояти худ чизе садақа бидиҳад.

Ва дар нуқра рубъи ушр аст (яъне дар ҳар 40 дирҳам як дирҳам) ва агар шахсе фақат 190 (дирҳам) дошт, дар он закоте нест, магар он, ки соҳиби мол ба ихтиёри худ чизе садақа бидиҳад.

19.Ва аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Абубакр (разияллоҳу анҳу) дастуреро, ки Худованд бар расулаш амр карда буд, барояш навишт: «Закоти мол набояд пир, маъюб ва ё он, ки қуч бошад, магар он, ки маъмури закот маслиҳатро дар қабул кардани он бубинад.»

 

20.. Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) дар ҳадисе, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Маъозро ба Яман фиристоданд ва зикри он қаблан гузашт, чунин ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ту ба назди аҳли китоб меравӣ...» ва баъд аз зикри бақияи ҳадис фармуданд: «ва (дар закот) моли сара ва баргузидаи мардумонро интихоб макун.»

21.Ва аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Абӯталҳа (р) аз ҳамаи мардуми Ансор дарахти хурмо бештар дошт ва маҳбубтарин моли ӯ дар наздаш Байруҳо буд ва он нахлистонест муқобили масҷиди набавӣ қарор дошт ва Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он нахлистон рафта ва аз оби гуворои он менӯшиданд.

Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Чун ин ояи муборака нозил гардид, ки: То вақте, ки аз моли дӯстдоштаи худ нафақа накунед, савобе нахоҳад бурд, Абӯталҳа (р) назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт:

Ё Расулаллоҳ! Худованди муттаол мефармояд: То вақте, ки аз моли дӯстдоштаи худ нафақа накунед, савобе нахоҳед бурд ва чун аз ҳамаи амволам Байруҳоро бештар дӯст дорам, онро дар роҳи Худо садақа медиҳам ва умедворам, ки Худованди муттаол музд ва савоби онро дар назди худ бароям захира намояд ва шумо, ё Расулаллоҳ, ҳар тавре, ки муносиб медонед, дар он тасарруф намоед.

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Баҳ-баҳ! Ин аҷаб тиҷорати фоидаманде аст, он чиро, ки гуфтӣ, шунидам ва назари ман он аст, ки онҳоро барои ақвоми худ садақа намоӣ.»

22.Ҳадиси Абусаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) дар мавзӯъи берун шудани Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи идгоҳ қаблан гузашт ва дар ин ривоят омадааст, ки вай гуфт: Чун Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба тарафи манзили худ рафтанд, Зайнаб ҳамсари Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) омад ва иҷозаи дохил шудан хост. Касе барои Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Эй Расули Худо! Имрӯз шумо ба садақа додан амр фармудед ва ман зеваре доштам ва мехостам онро садақа бидиҳам, вале Ибни Масъуд мегуяд, ки: ӯ фарзандаш аз ҳар каси дигаре, ки барояш садақа бидиҳам, мустаҳиқтаранд.

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ибни Масъуд рост мегӯяд, шавҳари ту ва фарзанди ту аз ҳар каси дигаре, ки барояш садақа бидиҳӣ, мустаҳиқтар ҳастанд.»

23.Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Бар шахси мусулмон дар асп ва дар ғуломи вай закоте нест.»

 

24.Аз Абусаиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе болои минбар нишастанд ва дар ҳоле, ки моён дар атрофи минбар нишаста будем, фармуданд: «Чизе, ки баъд аз худ дар мавриди шумо хавф дорам, ин аст, ки васоил ва зебоиҳои зиндагӣ барои шумо омода гардад.»

Шахсе гуфт: Ё Расулаллоҳ! Оё мешавад, ки хайр сабаби шар гардад? Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сукут намуда ва чизе нагуфтанд, мардум ба он шахс гуфтанд: Ин чӣ коре аст, ки мекунӣ? Ту бо Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухан мезанӣ ва эшон бо ту сухан намезананд. Дар ин вақт мутаваҷеҳ шудем, ки ваҳй бар эшон нозил мегардад, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) арақи зиёдеро, ки бар чеҳраашон нишаста буд, пок карда ва фармуданд: «Шахси суолкунанда куҷо шуд?»

Ва тавре маълум мешуд, ки он шахсро тамҷид мекунанд ва фармуданд: «Хайр сабаби шар намешавад, вале аз чизҳое, ки дар баҳор мерӯяд, гиёҳоне аст, ки мекушад ва ё мариз месозад, магар ҳайвоне, ки ба андозаи маъқул аз он сабза истифода намояд ва ин ҳайвон он қадар мехӯрад, ки хуб сер мешавад. Сипас рӯяшро ба тарафи қурси офтоб намуда, саргин ва бавл мекунад ва мечарад. Ва моли дунё ҳам дилфиреб ва ширин аст ва хушо ба ҳоли мусулмоне, ки аз он мол ба мискинҳо ва ятимон ва дурафтодагони аз ватан медиҳад ва касе, ки молро ба ғайри ҳақи он мегирад, монанди касе аст, ки ҳар қадар мехӯрад, сер намешавад ва он мол дар рӯзи қиёмат бар зиёни ӯ шаҳодат хоҳад дод.»

25.Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба додани закот амр фармуданд. Барояшон хабар расид, ки Ибни Ҷамил ва Холид ибни Валид ва Аббос ибни Абдулмуталлиб закот намедиҳанд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ибни Ҷамил дигар интиқоме намегирад, ба ҷуз ин, ки фақир ва бечора буд ва Худованд ӯро ғанӣ ва сарватманд гардонидааст ва ҳарчи (Холид ибни Валид) аст, шумоён ба ӯ зулм мекунед, ӯ васоили ҷангӣ ва дигар дор ва мадори худро дар роҳи Худо вақф намудааст ва Аббос ибни Абдулмуталлиб амаки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ӯ бар илова аз закоте, ки бар вай лозим аст, ҳамон андозаи дигар ҳам садақа медиҳад ё бояд садақа бидиҳад.»

 


Дата добавления: 2015-09-01; просмотров: 59 | Нарушение авторских прав


<== предыдущая страница | следующая страница ==>
не менее чем в 10 боях одержали победу.| Hey Diddle, Diddle. 2

mybiblioteka.su - 2015-2024 год. (0.013 сек.)